Ваҳдати миллӣ, рамзи фазои сулҳу суббот, озодӣ, оромӣ ва зиндагии шоистаи мардуми Тоҷикистон.
Пушида нест, ки ин Ваҳдату сулҳ, оромиву осудагӣ ва якдилию якпорчагӣ дар кишварамон ба осонӣ ба даст наомадааст, танҳо абармардони некхоҳу хайрандеш, ҷонфидо ва ҷонисоре лозим буданд, ки барои ба даст овадани сулҳу Ваҳдат, бунёди як давлати орому осуда, сарҷамъ намудани миллат, ҷасурона хизмат намоянд.
Ин марди одилу оқил Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданд, ки бо адолату садоқат, ғайрату шуҷоат идроку ватандӯстӣ, инсонпарвариву хайрхоҳӣ ва назари неку заковати олии хеш, тавонистанд, ки Ваҳдати миллӣ, якпорчагӣ, оромию осудагиро ба миллати тоҷик тақдим намояд.
Хизмати Пешвои миллатро дар он мебинем, ки тавонистанд тоҷикони бар асари ҷанги шаҳрвандӣ, паҳну парешонро дубора сарҷамъ намоянд ва ҳамаи онҳоро ба ватан баргардонанд.
Қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гурезагон» 25 ноябри соли 1992 аз ҷониби Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси он гардид, ки вазъи ҳуқуқии гурезаҳо, бахусус шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бар асари даргириҳои дохилӣ берун аз кишвар карор доштанд, беҳтар гардад.
Зеро ҳадафи асосии ин қонун баргардонидани гурезаҳо ба ватан буд, ки дар натиҷаи ҷанги шаҳрвандӣ макони зисти худро маҷбуран тарк карда буданд.
Бояд тазаккур дод, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ ва озодиҳои инсонва шаҳрванд аз ҷониби давлат эътироф, эҳтиром ва ҳимоя карда мешавад.
Музокироти тоҷикон аз 5 апрели соли 1994 оғоз гардида, то 27 июни соли 1997, яъне то ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар шаҳри Москва идома ёфтанд. Дар ин миён 8 давраи музокирот, 21 мулоқоти расмӣ ва даҳҳо вохӯрию гуфтушинидҳои ғайрирасмӣ сурат гирифтанд, ки дар натиҷа зиёда аз як миллион шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз хориҷиҷи кишвар ба ватан баргаштанд.
Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки 27 июни соли 1997 ба имзо расид, яке аз санадҳои муҳиму сарнавиштсоз дар таърихи навини Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин ҳуҷҷати тақдирсозро дастоварди бузург ва муқаддаси миллат баҳо дода, ҳамеша таъкид менамоянд, ки «Моро зарур аст ба қадри сулҳу суббот бирасем ва онро чун гавҳараки чашм нигоҳбонӣ кунем».
Сарвари кишвар қайд карданд, ки «Таҷриба нишон дод, ки дар роҳи расидан ба сулҳу суббот ва ризоияти миллӣ монеаҳои бартарафшаванда қариб, ки вуҷуд надоранд, ба шарте, ки дар мадди аввал манфиатҳои миллат, манфиати давлат ва манфиати кулли сокинони Ҷумҳурӣ қарор дошта бошад». Дар ин санади таърихию тақдирсози миллату Ватан орзую омол, саъю талошҳо ва муҳаббати бепоёни фарзандони содиқ ва ҷонисори тоҷик баҳри пойдорӣ ва шукуфоии Тоҷикистони азиз ифода ёфтаанд. Ин санад бояд барои ворисони имрӯзу ояндаи Тоҷикистон на танҳо сабақомӯз, балки оинаи зиндагӣ ва фаъолияти ҳамешагиашон пойдор бошад.
Таҷрибаи сулҳовари тоҷикон имрӯзҳо мавриди таваҷҷӯҳи оламиён қарор гирифтааст. Ҷомеаи ҷаҳонӣ итминон ҳосил кард, ки миллати тоҷик воқеан ҳам миллати бофарҳанг ва сулҳпарвар аст. Имрӯз мо шукронаи онро менамоем, ки сулҳу Ваҳдат дар кишвар пойдор аст. Маҳз ин сулҳу Ваҳдат ба кишвари мо созандагию бунёдкориро фароҳам овард. Тоҷикистон ва мардуми сарбаланди он ба амалисозии нақшаҳои азим даст мезананд.
Дар ҷомеаи муосир терроризму ифротгароӣ дар минтақаву кишварҳои гуногуни олам торафт доман густурда, боиси ҳар рӯз ба ҳалокат расидани садҳо нафар аҳолии осоишта ва сарсону овора шудани ҳазорҳо одамони бегуноҳ гардида ба таҳдиди бузурги ҷаҳонӣ табдил ёфтааст.
Дар суханронии худ Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷомеаи кишвар иброз доштанд, ки «Мардуми мо он рӯзҳои даҳшатборро ҳаргиз фаромӯш накардаанд ва фикр мекунам, ки ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунанд.
. Маҳз барои ҳамин мо бояд ҳеҷ гоҳ зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва ҳамеша ҳушёр бошем».
Бояд гуфт, ки хурофот, ифротгароӣ ва радикализми динӣ яке аз хатарҳои ба ояндаи босуботи ҷавонон, таҳдидкунанда ба ҳисоб меравад.
Ҷавонон, ки ояндаи мамлакат мебошанд, бояд аз ақидаҳои хурофотӣ дур бошанд, донишҳои муосирро ҷиддӣ омӯхта, ҳар як рӯйдоди ҷомеаро аз нуқтаи назари илму мантиқ таҳлил кунанд ва дар зиндагӣ роҳи дурустро интихоб намоянд.
Аз ин рӯ, ҷавононро зарур аст, ки ҳамеша зираку ҳушёр бошанд, асолати давлатдории миллиро ҳифз намоянд, амнияти давлат ва ҷомеа, сулҳу субот ва ваҳдати миллиро ҳамчун пояи устувории давлати озоду соҳибихтиёрамон эҳтиёт ва ҳифз намоянд.
Имруз моро зарур аст, ки бо мақсади дар ботини ҳар як наврасу ҷавон тарбия кардани ҳисси инсондустиву накукори, ба камол расонидани насли бо нангу номус ва соҳибмаърифату соҳибкасб, дар зеҳну шуури кудакону наврасон густариш додани ҳисси худогоҳиву хештаншиносӣ ва ифтихор аз давлату давлатдории миллӣ, инчунин ташаккули ҷаҳонбинии васеъ ва расидан ба қадри арзишҳои неки маънавию ахлоқии миллӣ, ҳамчунин тарбияи фарҳангиву маърифатии ҷавонону наврасон барои бозҳам баланд гардидани эҳсоси инсондустиву худшиносии миллӣ ва арҷгузоштан ба тамадуну фарҳанги миллат, баргузории корҳои фаҳмондадиҳиву тарбиявӣ, чорабиниҳои иттилоотиро тавассути мулоқоту вохуриҳо дар байни ҷавонон пурзур намоем.
Муҳим ин аст, ки мо бояд, сулҳ ва оштии миллиро одилона ва моҳирона ҳифз намоем, бо азми бунёдкорию созандагӣ пойдевори зиндагии фардоро гузорем ва ба наслҳои оянда кишвари обод тараққикарда ва хурамро мерос монем.
Ваҳдати Миллӣ на танҳо оромиву осудагии халқ, балки кафолати инкишофи давлат ва рушди ҳамаҷонибаи ҷомеа мебошад.
Барои ин бояд ҳар як шахси ватанпарвару сулҳхоҳ дар замири худ эҳсоси наҷиби Ваҳдатро парвариш ва барои таҳкими он ҳамчун арзиши нодир ва азизи миллӣ кӯшишу талош намояд.
Бигзор хуршеди сулҳу ваҳдат ва дӯстиву бародарӣ дар фазои Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол ҳамеша нурафшонӣ намояд.
Сармутахассиси Шуъбаи ҳифзи давлатии
ҳуқуқ ба баробарӣ ва озодӣ аз табъиз
Б.Нозимзода









