Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2024
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

Солҳои охир сарнавишти гурезаҳо ба яке аз бузургтарин фоҷеаҳои замони муосир табдил ёфта, ин гуруҳи осебпазир маҷбуранд, ки аз тарси ҷон ва озодии худ хона, молу мулк, оила ва кишвари худро ба хотири ояндаи номуайян дар кишварҳои бегона тарк кунанд ва тақдири онҳо ба мушкилоти ҳуқуқи инсон вобастагӣ дошта, ҳар касро ба ташвиш меорад.

Мушкилоти гурезагон ба таври возеҳ нишон медиҳад, ки чӣ гуна мушкилоти як кишвар метавонад мустақиман ба кишварҳои дигар таъсир расонад.

Эҳтироми ҳуқуқи инсон шарти ҳатмии ҳам пешгирии раванди гурезагӣ ва ҳам ҳалли мушкилоти марбут ба гурезаҳо мебошад.

Бо қарори Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид 428 (V) аз 14 декабри соли 1950 дар заминаи Созмони байналмилалии гурезаҳо Раёсати Комиссари Олии СММ оид ба гурезаҳо таъсис дода шуд, ки тибқи моддаи 1 Оинномаи он, вазифаи асосии Комиссари Олӣ таъмини ҳимояи байналмилалии гурезаҳо ва пайдо кардани роҳҳои ҳалли ниҳоии мушкилоти гурезаҳо тавассути кӯмак ба ҳукуматҳои кишварҳо ва мусоидат барои ихтиёран ба ватани аслӣ баргардонидани гурезаҳо ва ё мутобиқшавии онҳо дар кишварҳои нав мебошад.

Дар санадҳои зерини ҳуқуқи байналмилалӣ стандартҳои асосии муносибат бо гурезаҳо муқаррар шудаанд.

1. Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон дар моддаи 14 пешбинӣ менамояд, ки «Ҳap инсон ҳуқуқ дорад, ки аз таъқибот дар дигар кишварҳо паноҳгоҳ ҷӯяд ва аз ин паноҳгоҳ истифода намояд».

2. Конвенсияи соли 1951 дар бораи мақоми гурезаҳо, ки бо тавсияи Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон таҳия шудааст, марҳилаи муҳим дар таҳияи стандартҳои муносибат бо гурезаҳо ба шумор меравад. Конвенсияи мазкур шартномаи ҳатмии дорои қувваи ҳуқуқӣ ва санади асосии ҳуқуқи байналмилалии гурезаҳо мебошад.

Конвенсия меъёрҳои ҳадди ақали зарурӣ барои муносибат бо гурезаҳо, аз ҷумла ҳуқуқҳои асосии онҳоро муқаррар карда, берун кардан ё баргардонидани маҷбурии ашхоси дорои мақоми гурезаро манъ менамояд.

3. Паймони байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ дар моддаи 2 муқаррар менамояд, ки «Ҳар як давлати иштирокчии ҳамин Паймон ӯҳдадор мешавад ба ҳамаи шахсони дар ҳудуди қаламрави он ва қаламрави таҳти тобеияти ҳуқуқии он қарордошта ҳуқуқҳоеро, ки дар ҳамин Паймон эътироф гаштааст, бидуни ягон фарқият вобаста ба нажод, ранги пӯст, ҷинс, забон, дин, ақидаи сиёсӣ ё ақидаи дигар, баромади миллӣ ё иҷтимоӣ, вазъи молу мулкӣ, таваллуд ё ҳолати дигар эҳтиром ва таъмин кунад».

Паймони мазкур ҳамзамон рафтуомади озод ва интихоби озоди маҳалли зистро кафолат дода (моддаи 12), маҷбуран берун карда шудани шахсро манъ менамояд (моддаи 13).

4. Протоколи соли 1967 марбут ба мақоми гурезаҳо амали Конвенсияро нисбати "гурезаҳои нав", яъне шахсоне, ки таҳти мафҳуми пешбининамудаи Конвенсия дохил шуда, дар натиҷаи ҳодисаҳо пас аз 1 январи соли 1951 гуреза шудаанд, паҳн намуд.

Ҳамчунин тибқи Протоколи мазкур, маҳдудияти ҷуғрофӣ, ки дар қисми B моддаи 1 Конвенсияи 1951 пешбинӣ шуда буд, тағйир дода шуд.

5. Дар қисми 1 моддаи 3 Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф омадааст, ки «Ҳеҷ як давлати иштирокчӣ набояд ягон шахсро ба давлати дигар бадарға намояд, баргардонад ё супорад, агар далелҳои ҷиддие вуҷуд дошта бошанд, ки дар он ҷо ба ӯ татбиқи шиканҷа таҳдид мекунад».

6. Моддаи 22 Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак пешбинӣ менамояд, ки «Давлатҳои иштирокчӣ тамоми тадбирҳои заруриро барои он меандешанд, ки ба кӯдаке, ки хоҳиши гирифтани мақоми гуреза дорад ё мутобиқи ҳуқуқ ва расмиёти татбиқшавандаи байналмилалӣ ё дохилӣ гуреза дониста шудааст, хоҳ аз ҷониби падару модар ё дигар шахс ҳамроҳӣ шуда бошад, хоҳ ҳамроҳӣ нашуда бошад, ҳимояи зарурӣ ва кӯмаки инсондӯстонаро дар истифодаи ҳуқуқҳое, ки дар ин Конвенсия ва дигар ҳуҷҷатҳои байналмилалии ҳуқуқи инсон ё ҳуҷҷатҳои инсондӯстие, ки давлатҳои зикршуда аъзои онҳо мебошанд, зикр гардидаанд, таъмин намоянд».

 7. Эъломияи соли 1967 СММ дар бораи паноҳгоҳи ҳудудӣ як қатор принсипҳои бунёдии паноҳандагии ҳудудиро муқаррар кардааст.

Дар он омадааст, ки додани паноҳгоҳи ҳудудӣ "амали сулҳҷӯёна ва инсондӯстона буда, аз ин рӯ ҳеҷ давлати дигар наметавонад онро амали ғайридӯстона шуморад."

Эъломия принсипи асосии башардӯстонаи манъи баргардонидани маҷбурии гурезаҳоро муқаррар намуда, ҳамзамон ба моддаҳои 13 ва 14-и Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон ишора мекунад, ки дар онҳо мутаносибан ҳуқуқи дар ҳудуди ҳар як давлат озодона рафтуомад намудан, интихоб намудани маҳалли зист, тарки ҳар кишвар ва бозгашт ба кишвари аслии худ, ҷустани паноҳгоҳ ва истифода намудани он пешбинӣ шудаанд.

8. Мақсади моддаи 44 Конвенсияи Чоруми Женева аз соли 1949 дар бораи ҳимояи аҳолии осоишта дар замони ҷанг ҳимояи қурбониён дар байни аҳолии осоишта мебошад, ки ба гурезаҳо ва муҳоҷирон низ татбиқ карда мешавад.

Дар моддаи 73 Протоколи иловаи I соли 1977 пешбинӣ мешавад, ки гурезаҳо ва апатридҳо (шахсони бешаҳрванд) аз ҳимояи пешниҳодшаванда тибқи қисмҳои I ва III Конвенсияи Чоруми Женева истифода менамоянд.

Бояд қайд кард, ки ҳуқуқи байналмилалӣ ҳуқуқи паноҳандагиро эътироф менамояд, аммо давлатҳоро барои пешниҳоди он вазифадор намекунад.

Мутобиқи ҳуқуқи байналмилалӣ, давлатҳо метавонанд ҳаққи паноҳандагӣ диҳанд. Ҳар як давлат мустақилона худаш муайян мекунад, ки ба кадом шахсон ва бо кадом шарту шароит паноҳандагӣ диҳад. Доираи шахсоне, ки ба онҳо паноҳандагӣ дода мешавад, дар қонунгузории дохилии давлат муайян карда мешавад.

Яъне, ҳуқуқи паноҳандагӣ ба соҳибихтиёрии давлатӣ асос ёфта, ҳеҷ кас ба ғайр аз мақомоти давлати паноҳҷӯянда наметавонад гурӯҳи ашхосеро, ки аз ин ҳуқуқ истифода мебаранд, муайян кунад.

Мавриди қайд аст, ки давлатҳои қабулкунандаи гурезаҳо бояд иҷрои ӯҳдадориҳои худро оид ба таъмини ҳимояи онҳо ва фароҳам овардани муҳити таҳаммулпазирӣ нисбати халқҳои дигар идома диҳанд, ва давлатҳои пайдоиши гурезаҳо бояд хуруҷи оммавии аҳолии худро пешгирӣ намоянд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи соли 1951 дар бораи мақоми гурезаҳо ва  Протоколи соли 1967 марбут ба мақоми гурезаҳо, Паймони байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ, Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф, Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак,  Конвенсияи Чоруми Женева аз соли 1949 дар бораи ҳимояи аҳолии осоишта дар замони ҷанг ва Протоколи иловаи I соли 1977 ҳамроҳ шуда, аз натиҷаи иҷрои муқаррароти онҳо мунтазам Гузоришҳои миллии худро ба сохторҳои дахлдори СММ пешниҳод менамояд ва ҷиҳати иҷрои самараноки тавсияҳои сохторҳои мазкур вобаста ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои гурезаҳо чораандешӣ мекунад.

 

Ашуров М., сардори Шуъбаи ҳифзи давлатии

ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсии

Дастгоҳи ВҲИ ҶТ

  

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор