Ҳуқуқ ба озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин ба ҳуқуқҳои бунёдии инсон тааллуқ дошта, бо санадҳои универсалии зерин, ба мисли Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон, Паймони байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ, Эъломия дар бораи барҳам додани ҳамаи шаклҳои тоқатнопазирӣ ва табъиз вобаста ба дин ё эътиқод, Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кўдак ва дигарҳо ба танзим дароварда шудааст.
Масалан, дар моддаи 18 Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон омадааст, ки ҳар инсон ба озодии фикр, виҷдон ва дин ҳуқуқ дорад; ин ҳуқуқ тағйири озодонаи дини худ ё эътиқод, пайравии озодонаи дин ё эътиқоди худ чӣ бо тариқи инфиродӣ ва чӣ якҷоя бо дигарон, ба таври оммавӣ ё хусусӣ таълим гирифтан, ибодат намудан ва иҷро кардани расму оинҳои динӣ ва маросимиро дарбар мегирад.
Моддаи 18 Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ низ муқаррар намудааст, ки ҳар як инсон ба озодии фикр, виҷдон ва дин ҳуқуқ дорад. Ин ҳуқуқи озоди бо хоҳиши худ доштан ё қабул кардани дин ё эътиқод, озодии шахсан ё якҷоя бо дигарон, ба таври оммавӣ ё хусусӣ ибодат намудан, иҷро кардани расму оинҳои диниву маросимӣ ва таълими динӣ гирифтанро дарбар мегирад.
Озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин дар якҷоягӣ озодии асосии ягонаро ташкил дода, бо ҳам алоқаманд, аз якдигар ҷудонашаванда ва яке аз асосҳои ҷомеаи демократиро ташкил мекунанд.
Ҳамзамон бояд қайд кард, ки озодии виҷдон назар ба озодии пайравӣ ба дин васеътар буда, зери мафҳуми озодии виҷдон ҳуқуқи ҳар як инсон ва шаҳрванд барои ихтиёрӣ ва мустақилона муайян намудани муносибати худ ба дин фаҳмида шуда, зери мафҳуми озодии пайравӣ ба дин ҳуқуқи ҳар як инсон ва шаҳрванд барои озодона ва мустақилона пайравӣ намудан ба дине, ки онро интихоб намудааст, фаҳмида мешавад.
Бояд қайд кард, ки озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин ин озодӣ аз назорати маънавӣ ва мафкуравӣ буда, ҳуқуқи мутлақ ба шумор меравад.
Озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин танҳо ба андозае маҳдуд карда мешавад, ки тибқи қонун муқаррар гардидааст ва барои ҳимояи амнияти ҷамъиятӣ, тартибот, саломатӣ ва ахлоқ, ҳамчунин ҳуқуқ ва озодиҳои асосии дигар шахсон зарур аст.
Яке аз ҷузъҳои муҳимтарини озодиҳои мазкур аз ин иборат аст, ки ҳар кас метавонад дар алоҳидагӣ ва ё якҷоя бо дигарон динеро пайравӣ намояд ва ё пайравӣ нанамояд, бе фишор эътиқоди худро интихоб, дигар намояд, дошта бошад ва паҳн намояд.
Аммо ҳангоми паҳн намудани ақидаҳои динӣ ё атеистии худ набояд ҳиссиёти дигарон паст зада шавад.
Тибқи санадҳои асосии байналмилалии ҳуқуқи инсон давлатҳо вазифадоранд, ки барои амалишавии озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин шароит фароҳам оваранд ва онҳоро ҳифз намоянд.
Пешбурд ва ҳифзи ҳуқуқ ба озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин яке аз самтҳои афзалиятноки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Кафолатҳои ҳуқуқ ба озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин дар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, ки дастоварди муҳими ҷумҳурӣ дар роҳи бунёди давлати ҳуқуқбунёд ва демократӣ мебошад.
Озодона муайян намудани муносибати инсон нисбат ба дин бевосита аз моддаи 1 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, ки Тоҷикистонро давлати дунявӣ эълон намудааст.
Тибқи Конститутсия Тоҷикистон давлати дунявӣ буда, дар он мафкураи ягон дин ба ҳайси мафкураи давлатӣ эътироф намешавад (моддаи 8).
Моҳияти дунявии давлат ин маънои таъмини ҳамзистии осоштаи динҳо ва давлатро дар назар дорад.
Баробарии иттиҳодияҳои динӣ маънои онро дорад, ки давлат набояд ба ҳеҷ дину мазҳаб авлавият диҳад.
Тибқи моддаи 26 Конститутсияи Тоҷикистон «Ҳар кас ҳуқуқ дорад муносибати худро нисбат ба дин мустақилона муайян намояд, алоҳида ва ё якҷоя бо дигарон динеро пайравӣ намояд ва ё пайравӣ накунад, дар маросим ва расму оинҳои динӣ иштирок намояд».
Мавриди қайд аст, ки ҳифзи давлатии озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин шарти муҳимтарини таҳкими ягонагии ваҳдат ва тамомияти миллат ба шумор меравад.
Ҳуқуқ ба озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин ҳамчунин дар санадҳои меъёрии ҳуқуқии зерин, аз қабили қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи тартиби гирифтани таълими динии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар», Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин ва дигарҳо ба танзим дароварда шудаанд.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» тамоми ҷанбаҳои озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба динро ба танзим даровардааст.
Дар ҷумҳурӣ баробарии ҳамаи дину мазҳабҳо эътироф шуда, барои фаъолияти осоиштаи дин ҳеҷ гуна маҳдудиятҳо вуҷуд надорад ва ибодат, расму оин ва маросимҳои динӣ фақат дар ҷойҳои муқарраршуда анҷом дода мешаванд.
Қайд кардан бамаврид аст, ки дар давраи Истиқлолият ҷумҳурӣ ба як қатор комёбиҳои мусбӣ оид ба масъалаи озодини виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин ноил гардидааст.
Аз рўи маълумоти Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон айни ҳол дар ҷумҳурӣ беш аз 4000 адад иттиҳодияи динӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки 66-тои онро иттиҳодияи динии ғайриисломӣ ташкил медиҳад. Аз ҷумла, дар ҷумҳурӣ 1 Маркази исломӣ, 49 масҷиди ҷомеъи марказӣ, 327 масҷиди ҷомеъ, 3612 масҷидҳои панҷвақта, 66 ташкилоти динии ғайриисломӣ, 3 ҷамоахонаи исмоилӣ фаъолият доранд.
Инчунин дар шаҳри Душанбе калонтарин дар Осиёи Марказӣ масҷид сохта шудааст.
Бояд қайд кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори кишварҳое маҳсуб дониста мешавад, ки нисбат ба ақаллиятҳои дигар мазҳабҳо ягон маҳдудият вуҷуд надорад.
Сиёсати давлат дар самти ҳуқуқи озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин тавассути эътироф, риоя ва ҳифз намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба амал бароварда мешавад.
Ҳамин тариқ, ба шаҳрвандон дар даврони Истиқлолият назар ба давраҳои пешин имконияти бештари ҳуқуқ ба озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин муҳайё шуда, боварӣ ҳаст, ки амалишавии он дар доираи талаботи санадҳои асосии байналмилалии ҳуқуқи инсон ва қонунгузории миллӣ ба роҳ монда мешавад.
Ашуров М.,
сардори Шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсии
Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон