Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2024
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

Баъд аз пош хурдани Иттиҳоди шӯравӣ, низоми ягонаи иқтисодии он кишвар аз байн рафт, ки мушкилиҳои зиёди иқтисодиву иқтимоиро барои Тоҷикистони тозаистиқлол ба бор овард. Чунин мушкилиҳо тамоми соҳаҳои иқтисодии кишварро фаро гирифт. Баъд аз он, ки дар кишвар сулҳу субот пойдор гардид, дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маъалаи таъмини рушди устувори иқтисодии кишвар ба миён омад.

Дар баробари ба даст овардани истиқлолият низоми иқтисодии кишвар қулан тағйир ёфта, ҳуқуқ ба моликият ва фаъолияти озоди иқтисоди кафолат дода шуд. Ин кафолатҳои конститутсиони буда дар моддаи 12 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тариқи зайл дарҷ гардидааст:

“Асоси иқтисодиёти Тоҷикистонро шаклҳои гуногуни моликият ташкил медиҳанд.

Давлат фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусиро кафолат медиҳад”.

Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон мисли конститутсияҳои замони Шӯравӣ ба асосҳои иқтисодии давлат ва ҷамъият боби махсус бахшида нашудааст. Аммо мафҳуми асосҳои иқтисодӣ, ки дар моддаи 12 Конститутсияи замони истиқлол дода шудааст, хеле васеъ ва дорои мазмуни ғанӣ мебошад. Зеро он ҳамагуна шаклҳои моликиятро эътироф намуда, ягон шакли мушаххаси моликиятро ба сифати шакли асосӣ ҷудо накардааст,  ҳама шаклҳои моликиятро баробарҳуқуқ эълон намуда, барои инкишофи онҳо озодии васеъ додааст. Конститутсия амалкунанда давлатро уҳдадор кардааст, ки фаъолияти озоди иқтисодиро таъмин ва рақобати солимро дастгирӣ намояд. Давлат зидди ҳар гуна маҳдудгардонии фаъолият ва рақобати носолим мебошад, баробарии ҳимояи ҳамаи шаклҳои моликиятро эълон менамояд.

Дар замони нав асоси иқтисодиётро  маҳз иқтисодиёти бозаргонӣ  ташкил медиҳад ва барои фаъолияти муътадил ва самараноки он, пеш аз ҳама, фаъолияти иқтисодӣ бояд озод бошад ва ягонагии фазои иқтисодӣ дар тамоми қаламрави кишвар таъмин карда шавад. Яъне моддаи мазкур кафолати ҳуқуқии амали принсипҳои номбурдашударо  ба танзим дароварда, принсипи асосии иқтисодиёти бозаргонии “рақобати солим”- ро эътироф намудааст.

Дар ташаккули иқтисоди бозаргонӣ давлат нақши асосиро иҷро намуда, пеш аз ҳама, қоидаҳои рафтори озоди иқтисодиро бо роҳи қабули қонунҳо, меъёри фаъолияти иштирокчиёни иқтисодӣ ва хоҷагиро муайян менамояд. Ин меъёрҳо ба ҳамаи иштирокчиёни муносибатҳои ҳуқуқии фаъолияти иқтисоди озод баробар паҳн гашта, ягонгагии фазои иқтисодӣ дар тамоми қаламрави кишвар таъмин карда мешавад. Дар ҳамин маврид истилоҳи танзими давлатии фаъолияти соҳибкорӣ  ба вуҷуд меояд, ки баҳри рушди фаъолияти соҳибкорӣ нагиронида шудааст. Танзими давлати фаъолияти соҳибкорӣ ба маънои оддитарин гуем ин итоат намудан ба тартиботи муайян, дар танзимнамоии намудҳои алоҳидаи фаъолияти соҳибкорӣ таҷассум меёбад. Яъне, танзими давлатии фаъолияти  соҳибкорӣ ягон хел дахолат ба фаъолияти озоди иқтисодии соҳибкорон набуда, балки барои рушд ёфтани фаъолияти соҳибкорӣ нигаронида шудааст. Давлат танҳо он қоидаҳои рафторе, ки дар меъёрҳои қонун муқаррар шудааст, субъектони фаъолияти соҳибкориро уҳдадор менамояд, дар асоси онҳо кору фаъолият намоянд. Ин ҳама меъёрҳои муқаррар гардида на танҳо ба фоидаи давлат ҳамчунин ба фоидаи ҷамъият ва субъектони соҳибкорӣ низ нигаронида шудааст. Аз ҷониби дигар субъектони фаъолияти соҳибкорӣ уҳдадор мегарданд, дар чаҳорчубаи муайяннамудаи қонунгузори фаъолият намуда, яке ба дигаре таъсир нарасонанд, ҳуқуқҳои якдигарро поймол накунанд ва дар фаъолияти худ принсипи асосии иқтисодиёти бозаргонӣ – рақобати солимро ба роҳ монанд.

Мутобиқи қисми 2 моддаи 12 Конститутсия “давлат ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусиро кафолат медиҳад”. Меъёри мазкури Конститутсия давлатро вазифадор сохтааст, ки ҳуқуқи субъектони моликиятро якхела ҳимоя намояд, барои инкишофи онҳо шароити якхела фароҳам оварад ва фаъолияти онҳоро ба қоидаҳои рафтори ягона ба танзим дарорад. Инчунин давлат кафолати ҳимояи ҳама гуна муносибатҳои бозаргонӣ ва иштирокчиёни онҳоро ба зиммаи худ мегирад.  Инкишофи соҳибкорӣ  самти афзалиятнокӣ сиёсати иқтисодии давлат мебошад. Бинобар ин вазифаи асосии давлат дар ин самт ҳавасмангардонӣ ва таъмин намудани кафолатҳои инкишофи соҳибкорӣ, ҳимоя ва ҳифзи ҳуқуқҳои соҳибкорон мебошад.

Ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии соҳибкорон ба як қатор кафолатҳои конститутсоинӣ асос ёфтаанд. Аз ҷумла, ҳуқуқи ҳар кас барои ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунӣ бо ҳама воситаҳои ҳуқуқии бо қонун манъкарданашуда, ҳуқуқ ба ҳимояи судӣ, баргардонидани товони зарар ва ғайра.

Қонунгузории ҷорӣ тартиби ниҳоят танзимкардашудаи шакл, воситаҳо ва тарзҳои ҳимояи ҳуқуқии соҳибкориро дар бар мегирад ва ҳар кас аз ин шаклу воситаҳо метавонанд барои ҳимояи ҳуқуқҳои худ озодона истифода баранд.

   

 

Мутахассиси пешбари Шуъбаи ҳифзи давлатии

ҳуқуқҳои истифодабарандагони хизматрасониҳои

 молиявӣ ва ҳуқуқи соҳибкорон    Сафаров Б

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор