Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2024
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

АҲАМИЯТИ МАЪРИФАТИЮ ТАРБИЯВИИ

ҶАШНИ МИЛЛИИ НАВРЎЗ

Аз аҳди бостон ва аз қаъри таърих то рўзҳои мо ҷашнҳои Наврўз, Меҳргон, Сада ва Тиргон мерос мондаанд. Меҳргон ба фасли тирамоҳ, Сада ба ибтидои фасли зимистон, Наврўз ба арўси сол – баҳор ва Тиргон ба ибтидои тобистон рост меояд. Ин ҷашнҳо хоси тоҷикон буда, ҳар кадоме шукўҳ ва шаҳомати худро доранд.

Аммо Наврўз шўҳрати хосае дорад, ки ба муаррифӣ, шарҳу тавзеҳ зарурат надорад. Наврўз ҷашни миллист ҳамин кифоя аст, ки онро ҳама бишносанд, бифаҳманд, арҷ гузоранд. Наврўзро ҳамасола ҳама бесаброна интизоранд: чи инсон, чи табиат, чи парандаю чаранда ва замину осмон.

Ҷашни Наврўз бо номи Ҷамшед сахт алоқаманд аст. Дар ҳама гуна асарҳои илмию, таърихӣ, адабию асотирӣ омадааст, ки бунёдгузори ин ҷашни фархунда Ҷамшед аст.

Ҳаким Умари Хайём дар «Наврўзнома» ба ин маънӣ ишора кардааст: «чун Ҷамшед он рўз дарёфт, Наврўз ном ниҳод ва ҷашни оин овард ва пас аз он подшоҳони дигар мардумон бад-ў иқтидо карданд».

Ҳамин тавр, Наврўз доман паҳн мекунад ва ба ҷашни миллии мо тоҷикон мубаддал мегардад. Имрўз Наврўзро мардуми Эрон, Афғонистон, Покистон, қисми Ҳиндустону Чин, кишварҳои Осиёи Марказӣ ба тарзи шукўҳмандона ҷашн мегиранд ва онро азизу арҷманд медонанд.

Дигарон Наврўзро бо лаҳни худ талаффуз кунанд ҳам, боз ҳамон Наврўз, яъне рўзи нав аст ва ҷашни миллии мост ва ҳамаи моро вазифадор мекунад, ки ҳамасола Наврўзро шукуҳи тоза бахшем, нисбат ба дигарон авлотару пурнуфузтар истиқбол бигирем. Бикушем, ки Наврўз суннатҳои миллиашро эҳё намуда, ба ҷашни ягонагӣ ва ваҳдати мардуми мо мубаддал гардад. Ифтихори бузурги мардуми мост, ки ниёгони мо Нўшервони одил, Рустами дастон, Исмоили Сомонӣ, устод Рўдакӣ, Фирдавсӣ, Ибни Сино, Носири Хусрав,  Манучеҳрӣ, Умари Хайём, Шайх Саъдӣ, Ҷалолидини Румӣ (Балхӣ), Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ, Восифӣ, Бедил, Зебуннисо, Садриддин Айнӣ, Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода, Бобоҷон Ғафуров ва ҳазорҳои дигар аз дастархони наврўзӣ нон хурдаанд, дар базми наврўзӣ хурсандӣ кардаанд ва бо забони тоҷикӣ (форсӣ, дарӣ) шеър хондаанд. Фалсафаи Наврўз на дар он аст, ки табиат, тамоми ҳаёт ва ҳар чизе ки ба хок меафтад, месабзад, мерўяд, мешукуфад, ҳосил, тухм медиҳад ва он тухм (дон) боз ба замин меафтад, мерўяд. Ин фалсафа ба одамӣ ҳам тааллуқ дорад: худаш, фарзандаш, наберааш, аберааш, чаверааш ҳама мерўянд ва бо ҳамин тухми одамӣ дар рўи замин меафзояд.

Ба қавли донишманди маъруфи Эрон доктор Шариатӣ, «...Наврўз достони зебоест, ки дар он табиат, инсон ва ҷомеа ҳар се дастандаркоранд. Ва дар он дастандаркориҳо дасти инсон болост ва аз он дастони зебо ҳам меомўзаду ҳам меомўзонад, ҳам тарбия мегираду ҳам тарбия медиҳад. Зеро Наврўз худ мактабест бузург, таҷрибаест бебаҳо. Пас инсон ва фарзанди он аз ин мактаби бузурги ҳаёт, аз ин таҷрибаи зиндагӣ чӣ меомўзад? Одаму одамгариро, ифтихори миллиро, муомилаю муносибатро, некиву накўкориро, меҳнату меҳнатдўстиро, хештаншиносию ватандориро, мушоҳидаю табиатдўстиро, ҷасурию далериро, зебоию зебоипарастиро...

Хусусияте хосе дорад Наврўз! Агар ҷашнҳои дигар «ғолибан инсонҳоро... дар миёни утоқҳову хонаҳо пушти дарҳои баста ҷамъ кунанд: аммо Наврўз дасти мардумро мегирад ва аз, дарҳои баста, фазоҳои хафа, лойдеворҳои наздики шаҳру хонаҳо ба домони озоду бекаронаи табиат мекашонад.

Бузургӣ ва мўҳташамии ҷашни Наврўз ҳам дар ҳамин аст, ки он дар домани табиат, дар ҳавои кушод, лаби ҷў, рўи сабзаву себарга, зери чатри гардун доир мешавад. Саҳарии барвақт одамон ба гўшаи деҳа (шаҳр, ноҳия) ба майдон мераванд, дег мемонанд ва ғизoe мепазанд, Мардум гирди хони Наврўзӣ ҷамъ меоянд. Баъди хурдани хўрокҳои болаззат, давра меороянд, гуштин ва бозиҳои дигар cap мешаванд. паҳлавонон, ки аз дуру наздик омадаанд, ба майдон мебароянд. Гўштин ҳам мисли Наврўз умри ҳазорсолаҳо дорад. Бисёр паҳлавонон чӣ дар гузашта (Наримони гурд, Сом, Зол, Рустами Достон, Сўҳроб, Исфандиёр, Гударз, Тўс, Баҳром, Гев, Сиёвуш,) ва чӣ имрўз Азалшоҳ, Саидмўъмин, Саидаҳтам, Тағоймуроди Ислом, Абдураҳмон Зокиров ва дигарон маҳз аз ҳамин майдонҳо ба камол расидаанд.

Аз ин сатрҳо маълум мешавад, ки дар гузашта рўзҳои ҷашнҳо, аз ҷумла ҷашни Наврўз Мардуми мо дасти якдигар гирифта ба табрику шодбошии якдигар мерафтанд. Мо низ дар ин рўзи хуҷиста кулли халқи дорои суннатҳои фархундаи миллиамонро аз сидқи дил табрик гуфта мегуем, ки Наврўзатон пируз бод, Ҳар рўзатон Наврўз бод.

 

 

 

         Сармутахассиси

    шуъбаи ҳифзи давлатии

 ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ

            ва фарҳангӣ                                                                  Ш. Раҳматова

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор