Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2024
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

       Қабули Конститутсия ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсоз дар инкишофи давлатдории навини Тоҷикистон марҳалаи нави таърихиро оғоз бахшида, боиси дигаргуниҳои куллӣ дар ҳаёти сиёсии ҷомеаи мо гардид. Дар Конститутсия манфиатҳои миллӣ, арзишу анъанаҳои таърихан ташаккулёфтаи фарҳангии халқи тамаддунсози тоҷик, марому мақсади наслҳои гузашта, имрӯза ва ояндаи халқ ифодаи озоди худро пайдо намуданд.                                                      

                                                                                           Эмомалӣ Раҳмон.

     Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз ҷашнҳои асосии миллии халқи тоҷик мебошад ва он ҳамасола 6 ноябр таҷлил мегардад. Аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул шуда, мурури замон нишон дод, ки роҳи интихобнамудаи халқи Тоҷикистон дуруст аст. Баъдтар, вобаста ба тағйир ёфтани вазъи сиёсиву ҷамъиятии мамлакат дар натиҷаи райпурсии умумихалқӣ 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 ба Конститутсияи Ҷумҳури Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда шуд.

     Конститутсияи Ҷумҳури Тоҷикистон, ки Конститутсияи насли нав ба ҳисоб меравад, муносибати либералӣ – иҷтимоиро ба таҳкими ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, ки дар таҳкими ҳуқуқҳои шахсӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ дар сатҳи баробар ифода ёфтааст, инъикос менамояд.

     Бартарӣ ва хусусияти хоси ин Конститутсия аз он иборат аст, ки ин Конститутсияи давлати соҳибистиқлол арзёбӣ гардида, он шакли идораи ҷумҳуриявии президентиро муқаррар намуд, ки ин шакл имконият дод низоми ягонаи мақомоти давлатӣ, сулҳу салоҳ, ваҳдату оромӣ ва қонунияту тартибот таъмин гардида, ба инкишофи ҷомеа ва рушди ҳуқуқи инсон мусоидат карда шавад.

      Бартарии дигари Конститутсияи Ҷумҳури Тоҷикистон (соли 1994) назар ба конститутсияҳои ҶШС Тоҷикистон ин аст, ки он аввалин бор дар таърихи сиёсии кишвар, таҷзияи ҳокимиятро дар сатҳи Конститутсияи мамлакат эътироф намуда, Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи он худро давлати иҷтимоӣ эълон намуд ва барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад. Дар он инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ ҷавҳари асосии сиёсати давлатро ташкил дода, забони тоҷикӣ чун забони давлатӣ, муқаддасоти миллӣ – Парчам, Нишон, Суруди миллӣ ифодаи қонунии худро ёфтаанд. Муҳимтарин талаботи Конститутсия ин буд, ки тибқи он дар Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ, ки онро бевосита ва ё ба воситаи вакилони худ амалӣ мегардонад, эътироф карда мешавад. Конститутсия пешбинӣ менамояд, ки риоя ва таъмину кафолати мақомоти қонунгузор, иҷроия ва худидоракунии маҳаллӣ буда, ҳифзи онҳо ба воситаи ҳокимияти судӣ ба амал бароварда мешавад. Хусусияти хоси ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандие, ки дар Конститутсия пешбинӣ шудаанд, ба ҳар кас аз рӯзи таваллуд тааллуқ дошта, дахлонапизарнд. Маҳдуд кардани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд танҳо ба мақсади таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои дигарон, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳимояи асосҳои сохтори конститутсионӣ, амнияти давлат, мудофиаи мамлакат, ахлоқи ҷомеа, сиҳатии аҳолӣ ва тамомияти арзии ҷумҳурӣ раво дониста мешавад. Дар партави ин санади тақдирсоз ба таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон, истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллӣ таҳким бахшида шуда, барои меҳнати озодонаи ҳар сокини кишвар, таълиму тарбия дар мактаб ва оила шароити кофӣ  муҳайё карда шуд. Ҳамзамон, ба озодии муоширати намояндагони халқу миллатҳои гуногуни кишвар, истифодаи забони модарӣ, рафту омади бемамониат, озодии виҷдон, матбуот, афкору андешаи ҳар сокини мамлакат шароити васеъ фароҳам оварда шуд. Ба шарофати амали он бисёрандешиву бисёрҳизбӣ, ҳифзи ҳуқуқи инсон ва шаҳрвандон ба таври возеҳ арзи вуҷуд намуд.

     Конститутсияи Ҷумҳури Тоҷикистон аз ҷониби коршиносони намоён ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷумла мутахассисони Россия, Иёлоти Муттаҳидаи Америка ва кишварҳои Аврупо баҳои сазовор гирифт. Маҳз таҷассуми меъёрҳои ҳуқуқи инсон дар Конститутсия буд, ки Конститутсияи Ҷумҳури Тоҷикистон аз шумули панҷ конститутсияи беҳтарини давлатҳои узви Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо эътироф гардид. Бояд қайд кард, ки зимни таҳияи Конститутсия масъалаҳои мутобиқгардонии санадҳои миллӣ бо санадҳои байналмилалӣ низ ба инобат гирифта шудааст.

      Қайд кардан ба маврид аст, ки бо мақсади таъмини ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот, бахусус дар бораи вазъи ҳуқуқи инсон дар сатҳи қонунгузорӣ ва амалия чораҳои дахлдор андешида мешаванд. Таҳкурсии ҳуқуқии қонунгузорӣ дар бораи дастрасӣ ба иттилоот Конститутсия ба шумор рафта, тибқи моддаи 25  мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва шахсони мансабдор вазифадоранд ба ҳар кас имконияти пайдо намудан ва шинос шуданро ба ҳуҷҷатҳое, ки ба ҳуқуқ ва манфиати ӯ дахл доранд, таъмин намоянд, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонун муайян кардааст. Қисми 1 моддаи 30 Конститутсия муқаррар намудааст, ки “Ба ҳар кас озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор кафолат дода мешавад”. Ин меъёрҳои асосии конститутсионӣ инъикоси худро дар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот”, “Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма” ва дигар санадҳо ёфтаанд. Санадҳои мазкур масъалаҳои вобаста ба дастрасӣ ба иттилоот, ба озодии ВАО, манъи сензураи давлатӣ ва таъқиб барои танқид, таъмини бехатарии иттилоотӣ, шароит барои рушди технологияҳои нави иттилоотӣ, шаффофияти фаъолияти мақомоти давлатӣ, таъмини махфияти мукотиба ва ғайраҳоро ба танзим медароранд. Яке аз муқаррароти муҳими қонунҳо дар бораи дастрасӣ ба иттилоот ин ҳатмӣ будани расонидани иттилоот ба маълумоти умум тавассути нашр кардани ҳуҷҷатҳои расмӣ дар нашрияҳои махсус, ҷойгир намудани онҳо дар маъхазу манбаъҳои маълумоти дастраси доираи номаҳдуди ашхоси манфиатдор ба шумор меравад. Муқаррароти мазкур дар роҳи барпо намудани ҳукумати электронӣ қадами муҳим мебошад. Ҳамин тариқ бо қабули қонунҳо дар бораи дастрасӣ ба иттилоот барои барпо намудани фазои ягонаи иттилоотӣ ва амалишавии ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот шароити ҳуқуқӣ муҳайё карда шудааст.

      Тибқи моддаи 31 Конститутсияи Ҷумҳури Тоҷикистон ҳар як шаҳрванд ҳуқуқ дорад шахсан ва ё якҷоя бо дигарон ба мақомоти давлатӣ муроҷиат намояд. Ин он маъноро дорад, ки ҳар як шахс ҳуқуқи худро ба муроҷиат озод ва ихтиёрӣ амалӣ менамояд. Маҷбур намудани шахс барои муроҷиат кардан ё ширкат намудан дар пешниҳоди он тибқи қонунгузорӣ манъ карда шудааст. Инчунин ба маҳдудкунӣ ба муроҷиат вобаста ба миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсилот ва молу мулк, инчунин шакли моликият, маҳалли ҷойгиршавӣ, шакли ташкилию ҳуқуқии шахсони ҳуқуқӣ роҳ дода намешавад.

      Мувофиқи Конститутсия ҳамаи миллатҳо ва халқиятҳое, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ зиндагӣ мекунанд, ҳақ доранд аз забони модариашон озодона истифода баранд.

      Тибқи моддаи 39 - и Конститутсияи Ҷумҳури Тоҷикистон ба ҳар шахс дар пиронсолӣ, ҳангоми беморӣ, маъюбӣ, гум кардани қобилияти меҳнатӣ, маҳрум шудан аз саробон ва дигар ҳолатҳое, ки қонун муқаррар кардааст, ҳуқуқи таъминоти иҷтимоӣ кафолат дода мешавад.

      Маҳз Конститутсия танзимкунандаи тамоми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад. Аз ин рӯ эътироф гузоштан ба ин санади меъёрии ҳуқуқи вазифаи ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ мебошад. Ин меъёр ҳатто дар матни худи Конститутсия дарҷ шудааст.   

  

   Сафаргули Шамсулло –

   сармутахассиси шуъбаи

   байналмилалӣ, иттилоотӣ,

   таҳлилӣ ва ташкилии

   Дастгоҳи ВҲИ

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор