Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз” ҳамкории васеъро тақозо мекунад
Ба ҳамагон маълум аст, ки санаи 19 июли соли 2022 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз” қабул гардида, дар низоми меъёрии ҳуқуқии Тоҷикистон аввалин маротиба қонуни том оид ба манъи табъиз шакл гирифт ва мафҳумҳои манъкунандаи табъиз шарҳ дода шуданд. Мувофиқи қонуни мазкур субъекти ваколатдори амалисозии қонуни мазкур мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардид.
Чун Қонун “Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз” феълан нав аст, мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақсад мувофиқ донист, ки сараввал корҳои ташвиқотию тарғиботӣ вобаста ба шарҳу эзоҳи моддаҳои ҷудогонаи табъиз ва фаҳмонидани он дар байни қишрҳои гуногуни аҳолӣ ва мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ба роҳ монда шавад.
Бо ҳамин мақсад, солҳои 2023-2024 барои шарҳу эзоҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз” аз ҷониби Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҷадвали гузаронидани чорабиниҳои иттилоотӣ тасдиқ гардида, дар як қатор шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурӣ чорабиниҳои иттилоотӣ гузаронида шуданд.
Мувофиқи моддаи 14 Қонуни мазкур мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон уҳдадор гардидааст, ки вобаста ба вазъи ҳолатҳои табъиз дар ҳудуди Тоҷикистон ҳамасола маърузаи махсус нашр намояд. Моддаи 16-и Қонун ба масъалаи ҳамкории мақомоти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар самти барҳам додани табъиз бахшида шудааст, ки вобаста ба пешгирӣ ва баррасии ҳолатҳои табъизӣ дар маҳалҳо бошад, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот уҳдадор гардидааст, ки дар сурати тасдиқ шудани ҳолати табъиз онро ба қайд гирад ва баррасӣ кунад, шахсро мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашад, ҳисоботи махсусро пеш барад ва онро ба мақоми ваколатдор пешниҳод намояд.
Бо мақсади таҳияи маърӯзаи махсуси Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар масъалаҳои табъиз ба мақомотҳои худидоракунии шаҳрак ва деҳот дархост оид ба пешниҳоди маълумоти бақайдгирии ҳолатҳои табъиз мактуб ирсол гардид.
Зимни таҳлили ҷавобҳои воридгардида аз ҷониби мақоми Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон маълум гардид, ки Қонун “Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз” дар мақомотҳои худидоракунии шаҳрак ва деҳот омӯхта нашуда, мафҳумҳои алоҳидаи он дуруст дарк нагардидаанд.
Мутаасифона аксари мақомотҳои худидоракунии шаҳрак ва деҳот масъалаҳои марбут ба табъизро бо зӯроварӣ нисбати занон, мақоми зан дар ҷомеа, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, пешгирии терроризм ва экстремизм, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо шабеҳ дода, аксаран дар бораи чорабиниҳои гузаронидашуда ҳисобот додаанд.
Бояд гуфт, ки зӯроварӣ нисбати зан танҳо яке аз намудҳои табъиз аз рӯи аломати ҷинс ба ҳисоб рафта, мафҳум ва шаклҳои инъикоси табъиз нисбат ба зӯроварӣ фароҳтар аст.
Табъиз рафтори ё ҳаракати номуносиб нисбати шахс ё гуруҳи одамон дар асоси мансубияти онҳо ба нажод, ранги пуст, пайдоиш, ҷинс, забон, дин ва эътиқод, мансубияти миллӣ ва ё этникӣ, маъюбият, вазъи саломатӣ, синну сол, шаҳрвандӣ, ақида, вазъи молумулкӣ ё ҳолати дигар асос меёбад, ки дар натиҷа инсон наметавонад ҳуқуқу озодиҳои худро дар баробари дигарон амалӣ созад.
Бояд тазаккур дод, ки таҳкурсии қонуни мазкур ба меъёри муҳими ҳуқуқи байналмиллалӣ – “принсипи баробарӣ ва табъиз накардан” асос ёфтааст. Принсипи баробарҳуқуқӣ барои ҳар як кас фароҳам овардани шароити баробарро тақозо менамояд, зеро ҳар як нафар худро аъзои комилҳуқуқи ҷомеа шуморад ва аз он берун набошад.
Зӯроварӣ бошад, кирдори зиддиҳуқуқии қасдонаи дорои хусусияти ҷисмонӣ, руҳӣ, шаҳвонӣ ё иқтисодӣ нисбати шахс ё гуруҳи одамон мебошад, ки боиси поймол шудани ҳуқуқ ва озодиҳои шахс, расонидани дарди ҷисмонӣ ё зарар ба саломатии ӯ мегардад ё таҳдиди расонидани чунин зарарро ба вуҷуд меорад.
Бояд дуруст дарк карда шавад, ки табъиз натанҳо нисбати занон рух медиҳад, балки гуруҳи дигари ҷомеа – маъюбон, пиронсолон, ҷавонон, духтарон, муҳоҷирон, ақалиятҳои миллӣ ва ё этникӣ, гурезаҳо, шахсони бешаҳрванд низ ба он нисбатан осебпазиранд.
Ҳамин тариқ, фарқи асосии байни табъиз ва зӯроварӣ дар он аст, ки табъиз маънои муносибати нобаробар ё рад кардани ҳуқуқ ва имкониятҳоро дорад, дар ҳоле ки зӯроварӣ расонидани зарари ҷисмонӣ ё руҳӣ ба одамони дигар аст.
Дарки нодурусти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз” дар маҳалҳо метавонад дастрасии қишрҳои табъизшавандаро аз механизми дастгирӣ ва пешгирии оқибатҳои табъиз дур намояд. Мувофиқи қонун ҳолати табъиз сараввал бояд дар маҳалҳо ба қайд гирифта шуда, шахси ба табъиз дучор шуда, имконияти дар ҷояш ҳал гардидани масъаларо дошта бошад.
Мутаасифона, аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз” ду сол гузашта бошад ҳам, лекин то ҳол санадҳои дахлдори зерқонунӣ ҷиҳати муайян кардани тартиби гузаронидани экспертизаи зиддитабъизии лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул нагардидаанд. Ғайр аз ин тибқи Қонуни зикргардида мақоми ваколатдори соҳа инчунин бояд баҳсҳои табъизро бо роҳи медиатсия (миёнҷигарӣ) ҳал намояд. Лекин то ҳол Тартиби гузаронидани медиатсия низ қабул нагардидааст.
Ин ҳолатҳо метавонад ба раванди фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамчун мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи табъиз таъсири манфии худро гузорад.
Бо назардошти гуфтаҳои боло, ба мақсад мувофиқ медонам, ки омӯзиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз” дар мақомоти ҳудидоракунии шаҳрак ва деҳот ҳубтар ба роҳ монда шуда, барои мутобиқсозии фаъолият ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқии дохилии зиддитабъизӣ тадбирҳо андешида, корҳои фаҳмондадиҳӣ дар маҳалҳо идома ёбанд.
Чунки таҷриба нишон медиҳад, ки маҳз бо роҳи ба роҳ мондани ҳамкориҳо бо мақомоти давлатӣ, сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дигар сохторҳо Қонуни зикргардида (зидитабъизӣ) амалӣ гардида, қишрҳои гуногуни ҷомеа онро хуб дарк менамоянд.
Сардори шуъбаи ҳифзи
давлатии ҳуқуқ ба баробарӣ
ва озодӣ аз табъиз - Маҷидзода П.Б.








