СУЛҲИ ТОҶИКОН - МУВАФФАҚТАРИН ТАҶРИБАИ СУЛҲОФАРӢ
Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ бо дар амал татбиқ намудани сиёсати сулҳҷӯёна, эҳтироми соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти дигар давлатҳо ва болотар аз ҳама манъи ташвиқоти ҷанг аз нуфузу обруи хос бархурдор аст. Зеро, кишвари мо ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро аз сар гузаронида, оқибатҳои фоҷиабори онро бартараф намуда, таҷрибаи сулҳофарии эътирофшударо дорад. Аз ин лиҳоз, ҳамон кишваре ба қадру қимати сулҳу ваҳдати миллӣ мерасад ва бештар аз ин ҳуқуқи маънавии даъват ба сулҳу суботро дорад, ки худ ин таҷрибаи талхро паси сар намуда бошад.
Мо дар остонаи таҷлили 28-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ки саҳифаи нави таърихи халқи тоҷик ба шумор рафта, барои бунёдкорӣ ва созандагӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа замина гузоштааст, қарор дорем ва тули ин солҳо ба туфайли сулҳу субот ба дастовардҳои назаррас дар сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ ноил гардидем.
Ҷойгоҳ ва аҳаммияти сулҳу ваҳдати миллӣ барои халқи мо хеле арзишманд аст. Зеро барои расидан ба сулҳ ва Ваҳдати миллӣ дар маҷрои воқеаҳои хунини солҳои 90-уми асри гузашта ҷоннисориҳо ва гузаштҳои зиёде сурат гирифтааст, то ки ин саҳифаи нангини таърихи миллат варақ зада шавад ва суботу амният таъмин гардад. Чаро маҳз ҷоннисориву гузаштҳои зиёд таъкид карда мешавад, зеро таҷрибаи сулҳофарӣ нишон медиҳад, ки бидуни он ба даст овардани сулҳ ва ризоият имконнопазир аст.
Пас аз Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон, аввалин иқдоми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар он марҳила раисии Шӯрои Олии Тоҷикистонро ба уҳда доштанд, баргаштан ба Душанбе ва даъват намудани вакилони Шӯрои Олӣ ва масъулини Ҳукумати Тоҷикистон ба пойтахт буд.
Сарвари давлат ба шароити ногувори кор дар қароргоҳи Ҳукумат, ки гурӯҳҳои ҷиноятпеша ғасбу тороҷ намуда буданд, аҳамият надода, шабу рӯз дар фикри амалӣ намудани ваъдаи худ ба халқи Тоҷикистон буданд. Зеро, дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ қайд карда буданд, ки: «Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам».
Дар он марҳила, мухолифин ин суханон ва кӯшишҳои давлатсозии Сарвари давлатро нодида гирифта, ба амалҳои ғаразноки худ идома медоданд. Нерӯҳои мухолифин дар қисматҳои ҷанубӣ ва шарқу ғарбии Тоҷикистон амалиётҳои ҷангӣ бурда, зери фишору тарс теъдоде аз сокинони маҳалҳои зери идораашонро ба хоки Афғонистон гуреза намуданд. Онҳо, бо ин амалашон раванди сулҳ ва Ваҳдати миллиро ба дарозо кашида, бо истифода аз ин ба мақсадҳои нопокашон бирасанд.
Аммо, азму иродаи қавӣ ва хиради азалии Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи истиқрори сулҳ ва Ваҳдати миллӣ нагузошт, ки роҳбарони мухолифин ин ҳадафи олиро барҳам зананд. Зеро, масъалаи ба раванди музокирот кашида шудани мухолифин суоли вақт буд.
Сарвари давлат ба хубӣ дарк менамуданд, ки барои расидан ба сулҳу Ваҳдати миллӣ, аз буҳрон баровардани иқтисодиёти Тоҷикистон ва ривоҷу равнақи он бояд мутахассисони варзида дар атрофашон ҷамъ омада, зери роҳбариашон кор кунанд. Дар ин раванд агар барои устувории мавқеи худи Сарвари давлат масъулияти роҳбарӣ ва ваъдаи сулҳофариашон асос гардида бошад, барои масъулини давлат ва Ҳукумат мавқеи устувор ва шарафу мардонагии Пешвои миллат боис шудааст, ки ба Душанбе оянд ва ба иҷрои вазифа шурӯъ кунанд.
Барои Сарвари давлат новобаста аз вазъи буҳронии соҳаҳои тариқи инертсия пешравандаи хоҷагии халқии ҷумҳурӣ - сулҳ ва Ваҳдати миллӣ афзалият дошт. Зеро, Пешвои миллат дуруст дарк менамуданд, ки бе истиқрори сулҳ ва Ваҳдати миллӣ ба рушди дигар соҳаҳои хоҷагии халқи ҷумҳурӣ ноил гардидан ғайримумкин буд. Дар ин робита, Сарвари давлат қайд намуда буданд, ки: «… сулҳу субот ва тараққиёти моддӣ ҳадафи асосии ҳамаи мо аст. Аввалтар аз ҳама мо бояд ғамро аз дили мардум барем, дили гирифтаю торики ӯро рушан созем. Он гоҳ корҳо бо мароми худ пеш меравад».
Имрӯзҳо дар дохил ва хориҷи кишвар, дар нишасту баромадҳои якҷояву алоҳида ва баёнияву навиштаҳо масъалаи нақши ин ё он нафар, гурӯҳ, ташкилот ва ё давлат дар истиқрори сулҳ ва Ваҳдати миллӣ баррасӣ ва баҳогузорӣ мешавад. Албатта, сулҳ миёни ду ҷониб баста мешавад. Вале, нақши асосӣ ва ҳалкунандаи Пешвои миллат дар истиқрори сулҳи тоҷикон бебаҳс аст. Дар ин росто, шева ва ҳолати ворид шудани ҷонибҳо ба раванди сулҳ набояд нодида гирифта шавад.
Мухолифин борҳо даъватҳои Сарвари давлатро барои дар Душанбе баргузор намудани вохӯриҳо, бо далели таъмин набудани амнияти шахсиашон рад намуда буданд. Дар ҳоле, ки Сарвари давлат ҷони худро ба хатар гузошта, барои сулҳҷӯӣ ба Хусдеҳи Афғонистон – як мавзеи пурхатар ва ба талаботи протоколӣ ҷавобгӯй набуда, сафар намуданд. Ин вохӯрӣ раванди минбаъдаи музокироти сулҳро ба куллӣ тағйир дода, мавқеи сулҳофарии Сарвари давлатро дар миёни иштирокчиёни раванди сулҳи тоҷикон боз ҳам устувор намуд.
Дар он марҳила вазъи сиёсии минтақа ва ҷаҳон низ тағйир ёфта, обруву нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ бештар гардид ва ҷомеаи ҷаҳонӣ иқдомҳои Сарвари давлатро дастгирӣ намуда, бо дарназардошти вазъияти баамаломада мавқеашонро дар робита ба дастгирии мухолифин тағйир медоданд.
Илова бар ин, азму иродаи қавӣ, хастагинопазирӣ, ҷоннисорӣ ва хиради азалии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мухолифинро дар ростои расидан ба ҳадафҳояшон ноумед гардонида, водор намуд, ки раванди музокиротро зиёд тӯл надода, Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллиро ба имзо расонанд. Сарвари давлат на танҳо ба сулҳу ваҳдати миллӣ асос гузоштанд, балки онро дар амал татбиқ намуда, ҳокимияти қонуниро ҷорӣ намуданд ва Тоҷикистони воҳид сохтанд.
Айни замон вазъи сиёсии минтақа ва ҷаҳон ба шиддат тағйир ёфта, аз пештара бештар ҷаҳон ба сулҳу субот ниёз дорад. Дар ин раванд Тоҷикистон низ бетараф буда наметавонад. Аз ин лиҳоз, Пешвои миллат зимни суханронӣ дар Рӯзи дониш аз вазъи зудтағйирёбандаи суботи ҷаҳонӣ бинобар бархурди воқеии манфиатҳои абарқудратҳо, низоъҳои мусаллаҳона, яроқнокшавии бесобиқа, авҷи исломситезиву мусулмонбадбинӣ, таъсири ивазшавии босуръати иқлим, офатҳои табиӣ, нарасидани озуқа, болоравии нархи маводу маҳсулот ва паҳншавии бемориҳои сироятӣ ёдоварӣ намуда, иброз доштанд, ки “Кор ҳатто ба ҷое расидааст, ки имрӯзҳо баъзе сиёсатмадорон ва доираҳои коршиносӣ дар бораи эҳтимоли сар задани ҷанги ҳастаӣ сухан меронанд.”.
Ин мушкилот далели раднашавандаи вазъи буҳронии сайёраи Замин буда, сулҳу субот, эҳтироми соҳибихтиёрӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, амалишавии ҳуқуқи байналмилалӣ ва муқаррароти СММ аз пештара бештар ба хатар мувоҷеҳанд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки таҷрибаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллии Тоҷикистон дар 28 соли охир ягона таҷрибаи муваффақи сулҳофарӣ дар ҷаҳон маҳсуб меёбад. Новобаста аз шумори зиёди низоъу ихтилофҳо ва кӯшишҳои сулҳофарӣ то ҳол ҳеҷ пешрафти амиқ дар самти кам кардани низоъҳои мусаллаҳона ба назар намерасад. Баръакс, боиси таассуф аст, ки рӯз то рӯз шумораи низоъҳои дохилӣ ва минтақавӣ бештар гардида, хатари оғози ҷанги ҷаҳонӣ таҳдид мекунад.
Аз ин лиҳоз, дар чунин шароите, ки таърихи инсоният ба давраи ниҳоят ҳассосу пешгӯинашаванда расидааст, барои ҷомеаи башарӣ таҳаммулгароӣ, саъю талош ба хотири ҳифзи сулҳ дар сайёра, гуфтугӯи тамаддунҳо ва густариши ҳамкорӣ миёни давлатҳо ва халқҳо ба хотири ҳамзистии осоиштаи мардумони олам аҳаммияти аввалиндараҷа пайдо кардааст.
Қодирӣ С.А. сардори шуъбаи
ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдаки
мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон








