ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – САРЧАШМАИ ПЕШРАФТ ВА ДАСТОВАРДҲОИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ
“Рӯзи ваҳдати миллӣ, ки ҳар сол дар кишвари соҳибистиқлоли
мо бо шукргузорӣ аз сулҳу суботи комил таҷлил мегардад,
барои шаҳрвандони Тоҷикистон яке аз санаҳои муҳим ва
таърихӣ ба шумор меравад.”.
Эмомалӣ Раҳмон
Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ба буҳрони шадиди иқтисодию иҷтимоӣ рӯ ба рӯ гардид. Сабаби асосии он ба оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шудани кишвари ба тозагӣ соҳиби истиқлолгардида буд.

Дар рӯзҳои нахустини тулуи хуршеди соҳибистиқлолӣ бо дахолати қувваҳои дохилию берунӣ Тоҷикистон ба бесарусомониҳо мувоҷҷеҳ шуд, ки он ба рушди тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат таъсири манфӣ расонида, монеи пешрафти онҳо гардид.
Дар чунин шароити ниҳоят вазнин, барои давлату миллати тоҷикон Сарваре лозим буд, ки роҳбарии кишварро ба зимма гираду дар хомӯш гардонидани алангаи ҷанги дохилӣ камари ҳиммат бандад.
Ниҳоят тақдир барои наҷоти давлату миллат нафареро ато намуд, ки аз худ гузаштаву барои дубора болафшони намудани паранди сулҳ дар само, танинандоз гардидани хандаи беғаши тифлон дар фазои ватан ва ба ҳаёти орому осуда баргаштани шаҳрвандони меҳан фидокориҳои бемислу монанд намоянд.
Моҳи ноябри соли 1992 Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор гардид, дар он вакилони мардумӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро раиси Шурои Олӣ интихоб намуданд, ки тақдири минбаъдаи кишвар ба талошу фидокориҳо ва ҷасорату матонати ин фарзанди фарзонаи миллат алоқамандии зич дорад.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди раиси Шурои Олӣ интихоб гардидан ва сипас баъди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудан, аввалин коре ки пайи сомонаш азм сохтанд, ин барқарор кардани сулҳу субот ва ваздати миллӣ дар мамлакат буд.
Маҳз дар натиҷаи талошу гуфтушунидҳои зиёду тулонӣ Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд, ки ба ҷанги дохилӣ хотима бахшанду гурезагони иҷбории ҷанги мазкурро аз сарзаминҳои кишварҳои ҳамсоя ба ватан баргардонанд.
Ба суханашон, ки гуфта буданд “Ман ба шумо сулҳ меорам!”, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон содиқ монданд ва дар муддати кутоҳтарин, ки таърих чунинашро ёд надорад, дубора кишварро ба сулҳу оромӣ расониданд ва ин баробари дигар хизматҳои мондагори Роҳбари давлат яке аз бузургтарин азхудгузаштанҳои Сарвари кишвар мебошад.
Гуфтушунидҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мухолифон дар Афғонистон, Эрон, Русия ва Покистон натиҷаи дилхоҳ ба бор оварданд. Ҳамин буд, ки ниҳоятан 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ” ба имзо расид ва мардуми тоҷик дубора ба ваҳдати миллии сартосарӣ шарафёб шуд.
Ақлу хирад ва заковату дурандешии Пешвои миллат буданд, ки Тоҷикистон бори дигар ба шоҳроҳи сулҳу оромӣ қадам ниҳод ва тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлкат рӯ ба рушд ниҳоду ҳаёти осоиштаву бидуни тарсу ҳарос насиби мардуми меҳан гардид.
Воқеан, сарчашмаи ин ҳама пешрафту дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, ки бо талошу кӯшишҳои хастагинопазири Президенти кишвар ба даст омадаанд, сулҳу субот, амният ва ваҳдати миллӣ мебошад.
Имсол, ки мо 28-умин Рӯзи ваҳдати миллиро таҷлил мекунем, дар ҳақиқат он омили тамоми хушбахтиҳои мо дониста мешавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба нақши ваҳдати миллӣ иброз доштаанд: “Дар саҳифаҳои таърихи даврони соҳибистиқлолии Ватани азизамон рӯзи 27-уми июни соли 1997 бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст. Дар ин санаи сарнавиштсоз хиради аҷдодии миллати тоҷик пирӯз шуд ва санади муҳимму таърихӣ – Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расида, ба хотимаи ҷанги даҳшатбори таҳмилии шаҳрвандӣ ва ҳамдигарфаҳмиву ваҳдати мардуми кишвар заминаи устувор гузошта шуд. Ваҳдати миллӣ барои халқи мо неъмати бебаҳо, арзиши муқаддас, рамзи ҳувияту худогоҳӣ, кафили бақои давлату давлатдорӣ ва рамзи саодати наслҳои имрӯзу оянда мебошад”.
Дар воқеъ, ваҳдати миллӣ рамзи саодати миллӣ ба ҳисоб меравад ва бояд ҳар яки мо-шаҳрвандон онро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намоему дар ҳифзу таҳкими ин падидаи нодири таърихӣ саҳмгузор бошем.
Зеро Пешвои миллат таъкид намудаанд: “Мо ваҳдати миллиро дар баробари истиқлоли давлатӣ як рукни муҳимми давлатдорӣ ва шарти аслии пешрафту шукуфоии Тоҷикистон медонем ва барои тақвият, таҳким, устуворӣ ва такомули минбаъдаи он бо дастгирии мардуми сарбаландамон ҳамаи тадбирҳои заруриро меандешем. Таҳкиму тақвияти ваҳдати миллӣ ва ҳифзи сулҳу амнияти кишвар барои мо вазифа ва рисолати муқаддасу муқаддами умумимиллӣ ва умумихалқӣ мебошад”.
Пас, модоме ки ваҳдати миллӣ ҳамчун дастоварди бузургу таърихӣ ба яке аз ҷашнҳои умумимиллии мо ва рамзи иттиҳоду ҳамбастагии мардуми шарифи тоҷик табдил гардидаву баробари арзишҳои истиқлолу озодӣ ва ватану миллат ҷузъи таркибии хираду андешаи сулҳҷуёнаву таҳаммулгароёнаи мардуми Тоҷикистон мебошад, вазифаи ҷонии мост, ки онро муҳофизат созему ба қадри ин ҳама сулҳу суботу оромӣ расем ва дар рушди меҳани биҳиштиямон саҳмгузор бошем.
Абдуқодир Сабзов –
муовини сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқи
истифодабарандагони хизматрасониҳои
молиявӣ ва ҳуқуқи соҳибкорони
дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон








