Истиқлолият неъмати бебаҳост
Истиқлолият масири ягонаи таъминкунандаи пешравию тараққиёти тамоми самту соҳаҳои фаъолияти ҳар як давлату миллат маҳсуб меёбад ва ин неъмати бузург ба осонӣ ба ҳар давлат муяссар намегардад. Мо - тоҷикон, яке аз он халқҳои хушбахт ва сарбаланде ҳастем, ки давлати миллии худро дорем.
Бояд ёдовар шуд, ки 34 сол муқаддам пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ 9-уми сентябри соли 1991 Ҷумҳурии Тољикистон истиқлолияти худро ба даст овард, ки он саҳифаи ҷадидеро дар таърихи давлатдории миллати тоҷик боз намуд. Қобили зикр аст, ки истиқлолият ба халқу миллати тоҷик ба осонӣ ба даст наомадааст. Дар арафаи расидан ба истиқлолияти давлатӣ бадхоҳони миллати тоҷик бо роҳи барангехтани низоъҳои дохилӣ тавонистанд аввал миллати моро ба гирдоби мухолифат ва муқовимати сиёсӣ кашида, баъдан давлати тозаистиқлолро дучори ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гардонанд, аз ин лиҳоз мардум маҷбур шуданд, ки манзилҳои худро тарк намуда, ба дигар кишварҳо гуреза шаванд.
Мусаллам аст, ки вақте тӯпу туфанг овоз баланд мекунанд, дар он сарзамин зисту зиндагонӣ душвор гардида, дар умум ҳуқуқу озодиҳои инсон поймол мешаванд.
Хушбахтона дар чунин вазъияти басо сангин моҳи ноябри соли 1992 Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор гардид, ки дар ин иҷлосияи таърихӣ вакилони мардумӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Шурои Олӣ интихоб намуданд. Шаҳрвандони кишвар дар симои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон наҷотдиҳандаи давлат ва миллатро пайдо карданд.
Истиқлолият имкон фароҳам овард, ки 6-уми ноябри соли 1994 Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ Консититутсияи хешро қабул намояд. Пас аз қабули Конститутсия роҳи миллат ба сӯйи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона боз шуд.
Кабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол имкон фароҳам сохт, ки муносибатҳои љамъиятӣ дар чаҳорчубаи ҳуқуқӣ ба танзим дароварда шаванд.
Хотиррасон шудан ба маврид аст, ки 27-уми июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид ва он аз хотимаёбии ҷанги шаҳрвандӣ шаҳодат дод. Мардуми тоҷик оқибатҳои фоҷиабори ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро бо чашми худ дид ва меваи талхи нооромиҳоро чашид.
Бо ташаббус ва сиёсати пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шиори якпорчагӣ ва парчами мардонагиву нангу номус ба ҳам омада, якдилона роҳи расидан ба сулҳу субот ва ваҳдати миллиро интихоб карданд ва имрӯз таҷрибаи сулҳофарии тоҷикон чун муҳимтарин дастоварди таърихии давраи истиқлолият аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардида, ба мактаби нодири омӯзиш табдил ёфтааст.
Ба мо халқи тоҷик чун оина равшан аст, ки дар тӯли 34 соли даврони истиқлолият Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри ноил гардидан ба чор ҳадафи стратегии худ, яъне истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бумбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар корҳои бузургеро ба монанди сохтани пулҳо, нақбҳо, роҳҳои бузурги байниминтақавӣ, неругоҳҳои хурду бузург, хатҳои интиқоли барқ, бунёди корхонаҳои хурду бузург ва ғайраҳо ба сомон расонида истодааст.
Истиқлолият имкон фароҳам овард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти манфиатҳои халқи худ дар муносибатҳои байналмилалӣ иштирок намуда, аъзои як қатор ташкилотҳои байналмилалу минтақавӣ ба монанди Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Ҳамкории Шанхай, Созмони Умумиҷаҳонии Савдо, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва ғайраҳо гардад. Ин боиси сол то сол афзудани эътибор ва нуфузи кишвари азизамон дар арсаи байналмилалӣ гардид.
Мояи ифтихор аст, ки мардуми шарафманди тоҷик соҳибистиқлол аст. Имрӯз халқу миллатҳои зиёде ҳастанд, ки аз ин неъмати пурарзиш, яъне истиқлолият маҳрум мебошанд. Аз ин рӯ, мебояд ки ин неъмати ноёбро пос дошт ва ҳифз намуд.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳои худ барҳақ иброз намуданд, ки: “Муқаддасу бегазанд ва пойдору устувор нигоҳ доштани истиқлолият ҳамчун неъмати бебаҳои таърих вазифаи ҷонии ҳар як шаҳрванди худшиносу худогоҳ ва бонангу номуси Тоҷикистон аст ва аз ҳар яки мо саъю талош, нангу номус ва ҳушёриву зиракии сиёсиро талаб мекунад”.
Бигзор аз нури хуршеди Истиқлол халқи мо сарбаланду сарфароз бошад ва аз шуълаи ҳаётбахши он рӯзгори сокинони мамлакат ҳамеша осоишу баракати тоза пайдо намуда, инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ ҳамчун арзиши олӣ поянда бошад.
Низомов А.Б.,
Муовини сардори шуъбаи ҳифзи давлатии
ҳуқуқҳои кӯдаки Дастгоҳи Ваколатдор
оидба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон








