Конститутсия — кафили ҳуқуқу озодиҳои инсон ва пояи давлатдории ҳуқуқбунёд
Ба муносибати Рӯзи
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз ҷашнҳои муҳимтарини миллии тоҷикон мансуб меёбад, ки ҳамасола 6 ноябр ин ҷашн бо ифтихор ва арҷгузорӣ таҷлил мегардад. Дар ин рӯз соли 1994 дар натиҷаи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки қонуни асосӣ ва сарқонуни давлат мебошад, қабул гардида буд.
Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 дар замони пурошӯб ва даргириҳои ғамангез ба унвони рӯйдоди тақдирсоз, заминаи ҳуқуқии таҳкими давлатдории миллӣ ва сулҳу суботро гузошт.
Қабули санади азими ҳуқуқӣ — Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи ибтидои марҳилаи навини давлатдории тоҷикон ба шумор меравад. Ин санади ҳуқуқӣ на танҳо шакли давлат, сохтори ҳокимият ва низоми қонунгузории онро муайян менамояд, балки дар асоси он арзишҳои инсон, ҳуқуқу озодиҳои шаҳрванд ва андешаи ҳуқуқбунёдии ҷомеа эълон гардидааст.
Маҳз бо қабули Конститутсия Тоҷикистон роҳи устувори ҷомеаи демократӣ, дунявӣ, ҳуқуқбунёд ва иҷтимоиро пеша гирифт, ки дар меҳвари он инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ ҳамчун арзиши олӣ арзёбӣ мешавад.
Бо гузашти солҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чандин маротиба тағйиру иловаҳо ворид шуд, ки раванди демократӣ ва ҳуқуқу озодиҳои шахсро такмил медиҳанд. Санаи 6 ноябр дар Тоҷикистон ҳамчун рӯзи истироҳат низ муқаррар шудааст ва маънои онро дорад, ки мардум ин рӯзи бузургро бо шодмонӣ ва ифтихор аз давлат ва Конститутсия таҷлил менамоянд. Ин рӯз рамзи ваҳдати миллӣ, соҳибихтиёрӣ ва бунёди ҷомеаи адолатпарвар дар Тоҷикистон мебошад.
Озодӣ ва ҳуқуқи инсон — меҳвари Конститутсия
Яке аз хусусиятҳои муҳими Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он аст, ки ин санад озодӣ ва ҳуқуқи инсонроо муқаддас мешуморад. Дар моддаи 5-уми он омадааст:
«Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошанд. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд.»
Ин матлаби ҳуқуқиест, ки давлат ва ҷомеа муваззафанд, ҳуқуқу озодиҳои шахсиро на танҳо эътироф ва риоя намоянд, балки онҳоро ҳимоя ва таъмин низ кунанд. Мусаллам аст, ки ҳар як шаҳрванд, новобаста аз миллат, нажод, забон, ҷинс, эътиқоди динӣ ва дигар вижагиҳо, бояд дар назди қонун баробар бошад ва аз ҳама ҳуқуқҳои муқарраршуда бархӯрдор гардад.
Конститутсия кафолат медиҳад, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд. Ин ба он маъност, ки мақомотҳои марбута наметавонанд ин ҳуқуқҳоро худсарона маҳдуд ё поймол кунанд. Аз нигоҳи назари ҳуқуқшиносон, чунин эъломияҳо на танҳо шиор, балки таҳкурсии ҳуқуқии муносибатҳои давлат ва шаҳрванд мебошанд.
Эҳтиром ба ҳаёти шахсӣ ва дахлнопазирии шахсият
Яке аз муваффақиятҳои муҳими Конститутсия дар заминаи ҳуқуқи инсон таъмини дахлнопазирии ҳаёти шахсӣ ва маҳрамияти алоқаҳои шахсӣ мебошад. Моддаи 23-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид мекунад, ки:
«Маҳрамияти мукотиба, суҳбатҳои телефонӣ, муросилот ва мухобироти шахс таъмин карда мешавад, ба истиснои мавридҳое, ки дар қонун нишон дода шудааст.»
Ин меъёр имконият намедиҳад, ки касе ба зиндагии шахсии афрод бидуни асос ва иҷозати суд дахолат кунад. Ҳамчунин, ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, истифода ва паҳн намудани маълумот дар бораи ҳаёти шахсӣ бе ризоияти шахс манъ шудааст. Ин кафолати муҳими амнияти шахсӣ ва ҳуқуқи махфият дар ҷомеаи муосир мебошад. Бахусус дар замони ҳозира, ки фазои маҷозӣ ҳаёти ҳаррӯзаи моро фаро гирифта, имкониятҳои зеҳни сунъӣ ба авҷи аъло расидааст.
Давлат ва ҷомеа — масъули ҳимояи ҳуқуқи инсон
Конститутсия на танҳо ҳуқуқҳоро таъйин мекунад, балки барои ҳимояи онҳо вазифа ва масъулиятҳои муайян низ бар дӯш мегузорад. Аз ҷумла:
- Давлат ва мақомоти он вазифадоранд Конститутсия ва қонунҳоро риоя намоянд;
- Ҳар шахс вазифадор аст ҳуқуқ ва озодиҳои дигаронро эҳтиром кунад;
- Надонистани қонун шахсро аз ҷавобгарӣ озод намекунад.
Ин принсипҳо равшану возеҳ собит менамоянд, ки Конститутсия на танҳо санади ҳуқуқӣ, балки асоси ахлоқӣ ва фарҳангии ҷомеаи демократӣ низ мебошад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари сермиллат ва фарҳангҳост. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баробарҳуқуқии тамоми миллату халқиятҳоро кафолат дода, дӯстӣ ва ҳамзистии осоиштаро ташвиқ ва тарғиб менамояд. Чунин муносибат кафили ваҳдати миллӣ, суботи сиёсӣ ва рушди ҳамбастагии ҷомеа мебошад.
Ҳуқуқ ҳамчун фурӯғи равшани худшиносии миллӣ
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин менамояд, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар Тоҷикистон на танҳо тавассути қонунгузории миллӣ, балки ҳамчунин бо санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки аз ҷониби кишвар эътироф шудаанд, ҳифз мегарданд. Ин як иқдоми калидист, ки Тоҷикистонро ба ҷомеаи ҷаҳонии ҳуқуқбунёд мепайвандад ва кафолати иловагӣ барои шаҳрвандон фароҳам меорад.
Ҳамзамон, дар ҳолатҳои зарурӣ, маҳдуд кардани ҳуқуқу озодиҳои инсон фақат бо асосҳои муайяни ҳуқуқӣ, ба мисли таъмини амнияти миллӣ, тартиботи ҷамъиятӣ, ахлоқ ва сиҳатии ҷомеа, иҷозат дода мешавад. Ин нишон медиҳад, ки ҳар як маҳдудият бояд қонунӣ, мантиқӣ ва муваққатӣ бошад, на худсарона.
Хулоса
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади олии ҳуқуқиест, ки на танҳо низоми давлатдориро муайян менамояд, балки ҳуқуқу озодиҳои инсонро ҳамчун муқаддасот эътироф мекунад. Имрӯз, ки Тоҷикистон дар марҳилаи рушди устувор ва таҳкими давлатдории миллӣ қарор дорад, аҳамияти риоя ва ҳифзи ҳуқуқи инсон беш аз ҳарвақта муҳим дониста мешавад.
Таъкид бояд кард, ки Рӯзи Конститутсия на танҳо ёдгории қабули санади муқаддас, балки таҷассумгари арзишҳои демократӣ, ҳуқуқу озодӣ, ваҳдати миллӣ ва пояи устувори давлатсозии муосири Тоҷикистон мебошад. Ин сана воситаи тарбияи шаҳрвандон барои эҳтиром ба қонун ва масъулияти шаҳрвандӣ мебошад.
Мо — шаҳрвандон, ҷавонон, масъулини давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, вазифадорем, ки ба ин арзишҳо содиқ бошем, қонунҳоро риоя намоем ва ба ҳимояи ҳуқуқи инсон ҳамчун масъулияти ахлоқӣ ва шаҳрвандӣ нигоҳ кунем.
Зинда бод Конститутсия — рамзи озодӣ, ҳуқуқ ва инсонгароии миллат!
Довудов М. Р.
муовини ШБТИТ








