ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН- КАФИЛИ ПОЙДОРИВУ БАРДАВОМИИ ДАВЛАТ
16-уми ноябрро метавон рӯзи арҷгузорӣ аз заҳамоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон унвон кард ва онро гиромӣ дошт, зеро маҳз 16-уми ноябри соли 1994 дар иҷлосияи Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими савгандёдкунӣ ва ба вазифа оғоз кардани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида буд, ки марҳилаи навини давлатӣ ва рушди минбаъдаи онро бунён ниҳод.
Шуруъ аз ҳамин санаи муҳимму тақдирсоз Президенти тозаинтихобгардида, масъулияти бузургро бар дӯш гирифт ва тавонист, ки дар як муддати хеле кӯтоҳ ҷамъи парешонгаштаи моро ба ҳам оварад, сулҳу осоишро таҳким бахшад ва Тоҷикистони азизро аз вартаи ҳалокат вораҳонад.
Қобили қайд аст, ки рӯзи 16-уми ноябр дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шудааст.
Мансаби Президентӣ муқаррароти конститутсионӣ буда, дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тартибу шартҳои ба ин мансаби олии ҳокимияти давлатӣ интихоб шудан ва лаҳзаи ба фаъолият шуруъ намудани Президент муқаррар гардидааст.
Аз ҷумла, меъёрҳои моддаи 67-и Конститутсия пешбинӣ менамояд, ки Президент пеш аз шуруи вазифа дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон савганд ёд мекунад.
Аз саҳифаҳои таърих дар ёд дорем, ки 16-уми ноябри соли 1994 дар иҷлосияи Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими савгандёдкунӣ ва ба вазифа шуруъ кардани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида буд.
Мақсад аз рӯзи ид муайян кардани рӯзи 16-уми ноябр дар он ифода меёбад, ки ибтидо аз ҳамин рӯзи тақдирсозу муайянкунандаи рушди минбаъдаи бомароми Тоҷикистон марҳилаи нави муҳимми давлатӣ, яъне тибқи Конститутсияи давлати соҳибихтиёр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идоракунии президентӣ оғоз ёфта, Президенти тозаинтихобгардида ба иҷрои вазифа шуруъ намудааст.
Бо манзури эҳтирому эътирофи фазилати сиёсатмадориву давлатдории навини кишвар, таъмини сулҳу ваҳдату ягонагии мардуми сарзамин ва болоравии обруву нуфузу мақоми Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар арсаи байналмилалӣ, ки ин паёмадҳо дар маҷмуъ, ба салоҳиятнокиву фаъолияти босамари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобастагӣ дорад, дар қонунгузории кишварамон рӯзи 16-уми ноябр ҳамчун рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пазируфта шудааст.
Дар таърихи давлатдории кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон шахсиятҳои таърихӣ ва барҷаставу номбардоре вомехӯранд, ки онҳо дар марҳалаву вазъиятҳои барои кишварашон мураккабу ҳасос ба арсаи сиёсат омада, суботу осоиштагӣ ва роҳи рушди минбаъдаи мамлакати худро муайян намуда, дар болоравии обруву мақоми давлаташон нақши абадӣ гузоштаанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марди олиму оқил ва фозилу хирадмандест, ки давлатро аз фаноёбӣ наҷот дода, мардумро атрофаш мутаҳҳид ва ба қалби онҳо шуълаи умедро бедор ва бо қадамҳои қатъӣ ба сулҳу осоиш, рушду суботи минбаъда ҳидоят намуд.
Дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун шахси сулҳофару сулҳпарвар, сарҷамъкунандаи миллату мардумсолор, амалисозандаи заҳматҳои ояндабинона баҳри рушду нумуъ ва ободии Ватану фароҳам овардани шароити арзанда барои мардуми кишвар, ташаббускори ҳалли масъалаҳои глобалӣ шинохта шудани Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистонро на танҳо сокинони кишвар, инчунин ҷаҳониён эътироф намудаанд.
Мусаллам аст, ки ташаккули давлатдории миллии мо ва эҳёи мақому манзалати он дар арсаи ҷаҳонӣ ба заҳмат ва талошҳои пайвастаи шахсияти таърихӣ ва Президенти мардумӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алоқаи ногусастанӣ дорад.
Бидуни шак, хизмати бузурги Пешвои миллат барои Тоҷикистон, ин барқарор намудани сулҳу суботи комил ва таҳкими ваҳдати миллӣ мебошад. Ӯ тавонист, ки дар солҳои аввали фаъолияти худ, масъулияти конститутсионии хешро ба сифати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба пуррагӣ иҷро намояд ва чун кафили амнияти давлат амал намояд.
Бояд гуфт, ки аз ҷиҳати таҳлили сиёсӣ яке аз омилҳои нарасидани кишварҳои ҷангзада имрӯзҳо ба сулҳу субот, ин вуҷуд надоштани ЛИДЕРИ СИЁСӢ дар ин ҷомеаҳо мебошад. Шахсияти барҷастае пайдо намешавад, ки мардум аз паси вай бираванд. Пешво ва сарваре пайдо намешавад, ки аксари шаҳрвандон ба суханонаш гӯш фаро диҳанд ва идеяҳои ӯро ҷонибдорӣ намоянд. Ҳанӯз ҳам дар ин кишварҳои ҷангзада фарде пайдо нашудааст, ки қудрати муттаҳид кардани халқро дошта бошад.
Мавриди зикр аст, ки дар роҳи расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон нақши фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо бузург аст. Маҳз шахсияти Пешвои миллат буд, ки халқи тоҷик аз парокандагӣ наҷот ёфт ва то охирин гурезаи тоҷик ба ватан баргашт. Аз ин ҷост, ки хизматҳои бузурги ӯро миллат ҳаргиз фаромӯш нахоҳад кард.
Сулҳи тоҷикон на танҳо давлату миллатро наҷот дод, балки дар дили насли ҷавони тоҷик умед ба ояндаи нек, хушбахтӣ, ифтихори миллӣ ва ваҳдати ногусастаниро зинда намуд. Имрӯз миллати тоҷик ифтихор аз он дорад, ки дар баробари дигар халқҳои олам ҳуқуқу овози баробар дошта, ҳувияти миллии хешро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ менамояд.
Мардуми бонангу номуси Тоҷикистонро бо Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона муборакбод гуфта, ба хонадони ҳар яки мову Шумо фазои осоишу меҳру муҳаббат, файзу баракат ва ба диёри биҳиштосои Тоҷикистон сулҳу сафо ва гулгулшукуфоии ҷовидонаро таманно менамоям.
Сардори шуъбаи ҳифзи давлатии
ҳуқуқ ба баробарӣ ва озодӣ аз табъиз
Маҷидзода П.








