Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои ҳифзи ҳуқуқи инсонро муқаррар намудааст

8bf17fee451440471f1f730788845f8d1Яке аз сарчашмаҳои таърихӣ оид ба ҳуқуқи инсон ва пайдоиши конститутсияҳо — ин Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир аст. Эъломияи мазкур соли 539-уми пеш аз мелод аз ҷониби шоҳ Куруш – асосгузори воқеии давлати Ҳахоманишиён қабул гардидааст.

Дар кишвари азизамон Ҷумҳурии Тоҷикистон Конститутсия 6-уми ноябри соли 1994 қабул карда шудааст ва кафолати воқеии муносибатҳои ҳуқуқиро дар ҷомеа таъмин менамояд. Он бо мақсади таъмини зиндагии шоистаи сокинони мамлакат қабул гардида, амалӣ шудани меъёрҳои он, ба ғайр аз фаъолияти бонизоми мақомоти давлатӣ, бешак, ба муносибати бошууронаи аҳли ҷомеа, ба рафтору кирдори баланди инсонӣ, ба азму иродаи мустаҳкам, нияти некуи мардуми сарбаланди тоҷик вобастагии қавӣ дорад.

Ба таърих назар афканем нахустин маротиба Конститутсия ҳамчун ҳуҷҷати сиёсию ҳуқуқӣ соли 1787 дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико қабул гардида, дар танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ нақши муҳим бозид. Таърихи инсоният Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабирро хуб дар ёд дошта, дар тӯли ин таърих кишварҳо ҳангоми таҳияи конститутсия ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии вобаста ба ҳуқуқи инсонҳо онро мавриди истифода қарор додаанд.

Агар дар ҷаҳон панҷ Конститутсияи беҳтарин бошад, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки маҳз бо иродаи мустаҳками халқи тоҷик қабул гардидааст, яке аз беҳтаринҳо буда, дар панҷгонаи мазкур дохил ва эътироф карда шудааст. Дар 10 боб ва 100 моддаи он тамоми паҳлӯҳои риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд инъикос гардида, заминаҳои ҳуқуқӣ фароҳам оварда шудаанд, ки мо бевосита онҳоро дар амал татбиқ менамоем ва ҳуқуқҳои худро ҳимоя мекунем.

Асоси бунёди ҷомеаи ҳуқуқбунёд, демократӣ ҳуқуқи инсон аст. Бе ҳуқуқи инсон мавҷудияти низоми демократӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқӣ ѓайриимкон аст. Танҳо дар шароити таъмини принсипҳои демократӣ ва қонуният ҳуқуқу озодиҳои инсон воқеан ҷой дошта метавонанд.

Бинобар ин дар моддаи 5 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инсон, ҳуқуқу озодиҳои ӯ арзиши олӣ эътироф шудаанд ва ин яке аз дастовардҳои бузурги Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад. Зеро ҳар як ҷамъияте, ки мехоҳад озод зиндагӣ кунад ва дар он волоияти Конститутсия таъмин гардад, бояд ба масъалаҳои ҳуқуқи инсон таваҷҷӯҳ зоҳир намояд. Дар навбати худ танҳо инсоне, ки ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ дар ҷамъият таъмин шудаанд, метавонад ҷомеаро обод намояд ва ба як қувваи созанда ва ободкор табдил ёбад.

Конститутсия инсон, ҳуқуқу озодиҳои ӯро арзиши олӣ эътироф намуда (моддаи 5), ҳамзамон муқаррар намудааст, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба воситаи Конститутсия, қонунҳои ҷумҳурӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки аз тарафи Ҷумхурии Тоҷикистон эътироф шудаанд, ҳифз мегарданд ( қисми 1 моддаи 14). Дар қисми дуюми моддаи 14 Конститутсия омадааст, ки ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд бевосита амалӣ мешаванд. Онҳо мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия, маҳаллӣ ва мақомоти худидоракунии маҳаллиро муайян мекунад ва ба воситаи ҳокимияти судӣ таъмин мегардад. Яъне Конститутсия ҳуқуқу озодиҳои инсонро чун маҳаки фаъолияти тамоми мақомоти ҳокимияти давлатӣ муайян намудааст.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои ҳифзи ҳуқуқи инсонро муқаррар намудааст, ки аз механизмҳои миллӣ ва байналмилалӣ иборатанд.

Механизмҳои миллии ҳифзи ҳуқуқи инсон аз чунин шаклҳо иборатанд:

— Шаклҳои маъмурӣ-ҳуқуқии ҳифзи ҳуқуқи инсон;

-Шаклҳои ѓайрисудии ҳифзи ҳуқуқи инсон;

-Шаклҳои судии ҳифзи ҳуқуқи инсон.

Яке аз шаклҳои маъмурии ҳифзи ҳуқуқи инсон шикоят овардан аз болои санадҳо ва амалҳои мақомоти ҳокимияти иҷроия мебошад(вақте ки аз болои амали (беамалии) мақомоти поёнӣ ё шахси мансабдор ба мақомоти болоӣ шикоят карда мешавад).

Шакли дигари маъмурии ҳифзи ҳуқуқи инсон аз ҷониби Президенти мамлакат амалӣ намудани салоҳияти конститутсиониашон мебошад. Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон ҳамчун кафили ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд дар асоси моддаи 64 мураттабии фаъолияти ҳокимияти иҷроияро дар тамоми қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намуда, фаъолияти ин мақомотҳоро назорат мебарад, аз ҷумла тавассути Дастгоҳи худ.

Ҳамин тариқ хулоса кардан мумкин аст, ки дар ҷумҳурӣ воситаҳои зарурии ҳифзи ҳуқуқи инсон мавҷуданд. Конститутсияи Ҷумҳури Тоҷикистон асосҳои ҳуқуқии ҳимояи давлатиро муайян намудааст ва аз таъмин ва риояи онҳо раванди ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлати ҳуқуқбунёд вобаста аст.

Хадамоти матбуотии ВҲИ

www.payomidushanbe.tj