Мизи мудаввар оид ба “Нақши мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешгирии зӯроварӣ дар оила”

Рӯзи 08 декабри соли 2025 дар доираи ҷашнгирии Рӯзи ҳуқуқи инсон, ки ҳамасола 10 декабр қайд карда мешавад ва ҳамзамон маъракаи “16 рӯзи амал бар зидди зӯроварии гендерӣ”, бо ташаббуси мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо дастгирии Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе мизи мудаввар оид ба “Нақши мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешгирии зӯроварӣ дар оила” баргузор гардид. Дар мизи мудаввар натиҷаи санҷиши вазъи риояи ҳуқуқи занон фаъолияти нозирони пешгирии зӯроварӣ дар оила, ҳуҷраи тавонбахшии тиббию иҷтимоӣ барои ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила ва фаъолияти ҳуҷраҳои машваратии равонӣ-ҳуқуқии зӯроварон дар шаҳрҳои Хуҷанд, Левакант, ноҳияҳои Шаҳритус ва Сангвор муаррифӣ гардид.
Дар чорабинӣ намояндагони Вазорати корҳои дохилӣ, Муассисаи давлатии “Маркази ёрии ҳуқуқӣ”-и Вазорати адлия, Муассисаи давлатии “Маркази миллии хизматрасониҳои иҷтимоӣ ба қурбониёни савдои одамон ва ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ иштирок ва баромад намуданд.
Фаъолияти нозирони минтақавӣ дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила” ба роҳ монда шуда, дар ин самт корҳои судманд, аз ҷумла қабул ва баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон, сӯҳбату вохӯриҳо дар байни аҳолӣ, иштирок дар мурофиаҳои судӣ, кор бо оилаҳои осебпазир ва дигарҳо амалӣ карда мешаванд.
Аз натиҷаи кори мизи мудаввар иштирокчиён ба хулоса омаданд, ки қонунгузорӣ дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила боз ҳам такмил дода шуда, шумораи нозирони пешгирии зӯроварӣ дар оила, ҳуҷраҳои тавонбахшии тиббию иҷтимоӣ барои ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила, теъдоди ҳуҷраҳои машваратии равонӣ-ҳуқуқии зӯроварон дар дигар шаҳру ноҳияҳо зиёд карда шавад.
Ҳамзамон иштирокчиён аз баргузор намудани мизи мудаввар изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз доштанд, ки чунин чорабиниҳо барои пешбурди фаъолияти самаранок дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон муфиданд.








