Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

November 2024
M T W T F S S
1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30

    Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати вазъи имрӯзаи Афғонистон, хусусан пешгирии саривақтии вайроншавии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва барқарорсозии онҳо ба Ваколатдорони ҳуқуқи инсони давлатҳои хориҷа муроҷиат кардааст.
    Дар муроҷиат омадааст, ки ҳодисаҳои рӯзҳои охир, ки дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон рух додаанд, боиси нигаронии ҷомеаи ҷаҳонӣ гаштааст. Чӣ тавре ки аз маълумоти  воситаҳои ахбори оммаи ҷаҳонӣ бармеояд, ҳуқуқу озодиҳои инсон дар ин кишвар дар вазъи хеле муташанниҷ қарор доранд.
Новобаста аз он, ки ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон дар давраи низоъҳои мусаллаҳона бо меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалии башар таъмин аст, вале ба ин нигоҳ накарда, ҳамлаҳои қувваҳои ҷангии тарафи даргир (толибон) бо истифода аз яроқу аслиҳаҳои манъшудаи ҳуқуқи байналмилалии башар, ки метавонад талафоти зиёди аҳолии осоиштаро ба вуҷуд биёрад, рӯз то рӯз зиёд гашта истодааст. Чунин ҳамлаҳо ба аҳолии осоишта ва истифода аз аслиҳаи ғайриинтихобӣ на танҳо ҳуқуқи бунёдии инсон - ҳуқуқ ба ҳаётро поймол менамояд, ҳамчунин меъёрҳои Конвенсияҳои Женева аз соли 1949 ва Протоколҳои иловагии соли 1977, ки асоси ҳуқуқи байналмилалии инсондӯстиро ташкил медиҳанд, ба пуррагӣ вайрон  мекунанд.
    Мутаассифона, сохторҳои дахлдори СММ ва ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи инсон хомӯширо ихтиёрӣ намуда, ҷиҳати барқарор намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон, аз ҷумла кӯдакон, маъюбон, занону духтарон ва дигар кишрҳои осебпазири ҷомеа вокуниш нишон намедиҳанд. Ҳар лаҳза поймолкунии ҷиддӣ ва оммавии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва теъдоди кушташудагони аҳолии осоишта  дар ин кишвари ҷангзада зиёд шуда,  табъизи қавму халқҳои ғайрипуштунӣ ба назар мерасад.
    Ҳамзамон, мушкилоти гурезаҳои афғон масъалаи мубрами рӯз гаштааст. Мутаассифона, натиҷаҳои вазъи ба вуҷуд омада нишон медиҳад, ки қисмати зиёди аҳолии осоиштаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бинобар таҳдид ба ҳаёт ва саломатии худ ва аъзои оилаи онҳо ҳангоми убури сарҳади дигар давлатҳо бо мақсади ба даст овардани паноҳгоҳ ба мушкилиҳои  зиёд дучор мегарданд.
    Аз ин лиҳоз, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамаи ниҳодҳои миллии ҳифзи ҳуқуқи инсон (Омбудсменҳо) муроҷиат намуда, даъват ба амал овардааст, ки ҷиҳати пешгирии  саривақтии вайроншавии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва барқарорсозии онҳо дар ҳудуди Афғонистон бо ҳукуматҳои худ ва сохторҳои давлатии дахлдор  ҳамкорӣ намуда, дар ҳалли масъалаи мазкур бетараф набошанд.
 
 
Хадамоти матбуотии ВҲИ

 

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор