Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

May 2024
M T W T F S S
1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31

 

 

ДУШАНБЕ, 24.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. 22 ноябр Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода бо Сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валид ибни Абдураҳмон Ар-Решайдон вохӯрӣ анҷом доданд, ки зимни он ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати тезонидани шуруи ҳамкорӣ барои ба имзо расонидани Ёддошти Тафоҳуми ҳамкорӣ байни Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Идораи ҳуқуқи инсони Шоҳигарии Арабистони Саудӣ баён доштанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар мақомоти Ваколатдор хабар доданд.

Мақсад аз баргузории вохӯрӣ муҳокимаи имконоти минбаъдаи ҳамкорӣ ва мусоидат ба густариши фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Идораи ҳуқуқи инсони Шоҳигарии Арабистони Саудӣ мебошад.

Ваколатдор доир ба самтҳои афзалиятноки мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон маълумоти муфассал дода, изҳор намуд, ки фаъолияти мақомот на танҳо дар руҳияи таъмини кафолати эҳтиром ва риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ифода меёбад, балки ҳамчунин дар густариши ҳамкории зич ва муфид бо якчанд  созмонҳои байналмилалӣ ва корпусҳои дипломатӣ амалӣ мешавад.

Дар вохӯрӣ ҳамзамон масъалаҳои мубрами самти  ҳуқуқи инсон мавриди муҳокима қарор гирифтанд, ки бештари онҳо ба масъалаҳои таъмини риоя ва ҳифзи ҳуқуқи инсон, ҳимояи ҳуқуқҳоии шахсони маъюб, ҳифзи ҳуқуқҳои занон ва духтарон, баробарии гендерӣ, ҳифзи ҳуқуқи кӯдак ва дигар масъалаҳо рабт доштанд.

Сафир баён дошт, ки ҷиҳати тақвият бахшидан ба рушди ҳамкории минбаъда байни ниҳодҳои миллии ҳуқуқи инсони ҳарду ҷониб Шоҳигарии Арабистони Саудӣ омода аст тамоми афзалияти ҳамкории муфиди тарафайнро баррасӣ намояд.

Иброз гардид, ки ҷиҳати тезонидани шуруи ҳамкории ду ҷониб ба имзо расонидани Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Идораи ҳуқуқи инсони Шоҳигарии Арабистони Саудӣ зарурати ниҳоӣ дорад. Аз ин хотир пешниҳод шуд, ки пешнависи ин Ёддошти тафоҳум ба баррасии ҷонибҳо омода ва манзур шавад.

 

Бознашр аз АМИТ «Ховар»

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор