Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

May 2024
M T W T F S S
1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31

Мулоқоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Умед Бобозода бо Роҳбари Номояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Раймундас Кароблис

Санаи 27 ноябри соли 2023 тибқи дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 ноябри соли 2023, № 32/10-38816, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Умед Бобозода бо Роҳбари Номояндагии Иттиҳоди Аврупо Раймундас Кароблис мулоқоти судманд анҷом доданд. Дар ҷарраёни вохӯрӣ, зимни муҳокимаи масъалаҳо ҳамчунин кормандони масъули мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ шират доштанд.

Мақсад аз вохӯрии мазкур муҳокимаи дурнамоии рушд ва ҳамонҳанг намудани ҳамкориҳо барои соли 2024 ба шумор меравад.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни мулоқот оид ба тадбирҳои аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таъмини риоя ва ҳифзи ҳуқуқи инсон роҳандозишударо ҳамчун иқдомоти саривақтӣ ва самарабахш муҳим арзёбӣ карда, изҳор намуд, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар амал татбиқ намудани ин тадбирҳо барои пешрафту рушди ҳамаҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан дар самти таъмин ва ҳифзи ҳуқуқи инсон ва дар ин ҷода пайваста талош ва саҳм гузоштани Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳим аст.

Инчунин, дар доираи вохӯрӣ, Умед Бобозода доир ба самтҳои афзалиятноки стратегии мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, оид ба Стратегия  миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон барои давраи то соли 2038  маълумоти муфассал дод.

Бо мақсади таъмини риоя ва ҳифзи ҳуқуқи инсон, хусусан ҳифзи ҳуқуқи шахсони дар муассисаҳои ислоҳӣ, ки адои ҷазо менамоянд, ҷонибҳо дар бораи фаъолияти Гурӯҳи мониторингӣ оид ба гузаронидани мониторинг дар муассисаҳои пӯшида ва қисман пӯшида, ки соли 2014 дар назди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамчун механизми мустақили пешгирикунандаи ҳифзи ҳуқуқи инсон аз ҳисоби намояндагони Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва иттиҳодияҳои ҳуқуқҳимоякунанда – аъзои Эътилофи зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон таъсис дода шудааст, суханрониҳо намуданд.

Зимни вохӯрӣ, ҳамчунин ҷонибҳо оид ба баргузории нишасти 14-уми Муколамаи ҳуқуқи инсон миёни Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо вобаста ба шомилшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба низоми умумии бархурдории тиҷоратии Иттиҳоди Аврупо (GSP+), ки санаи 14 декабри соли 2023 ба нақша гирифта шудааст, мулоқот намуданд.

Вобаста ба масъалаҳои матраҳгардида, ҷониби ҳайати расмии Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон ҷиҳати доир намудани ҳамкориҳо барои солҳои минбаъд дар самтҳои мухталифи ҳуқуқ инсон ва дастгрии ҳамаҷониба омодагӣ худро баён намуд.

Дар охири мулоқот Роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо Раймундас Кароблис ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода барои пазироии самимӣ изҳори миннатдорӣ намуд.

Хадамоти матбуотии ВҲИ ҶТ

 

 

 

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор