Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

May 2024
M T W T F S S
1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31

 

ДУШАНБЕ, 30.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. 29 ноябр ҷаласаи нахустини Комиссия оид ба ҳуқуқи инсони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус баргузор гардид, ки дар кори он Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар мақомоти Ваколатдор хабар доданд.

Тибқи барномаи ҷаласаи Комиссия масъалаҳо доир ба интихоби раиси Комиссия оид ба ҳуқуқи инсони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, қабули Қоидаҳои тартиботи комиссия, Муроҷиатномаи аъзои комиссия бахшида ба ҷашни 75-солагии Эъломияи умумии ҳуқуқи башар, тарҳрезии лоиҳаи нақшаи кори Комиссия оид ба ҳуқуқи инсон барои солҳои 2024-2025, инчунин оид ба макон ва замони баргузор намудани ҷаласаи навбатии Комиссия оид ба ҳуқуқи инсони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил матраҳ гардиданд.

Баъд аз баргузории ҷаласа намояндагони комиссия бо Котиби генералии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Сергей Лебедев дар алоҳидагӣ мулоқот намуданд. Зимни мулоқот Умед Бобозода оид ба дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таъмини эҳтиром,  риоя ва ҳифзи ҳуқуқи инсон ибрози назар намуда, гуфт, ки дар ин самт аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста тадбирҳои судманд андешида мешаванд.

Дар ҳошияи баргузории ҷаласа намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Федератсияи Русия Татяна Москалкова вохӯрии дуҷониба анҷом доданд.

Ҳамзамон намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳошияи ҷаласа бо Комиссияи доимии Шурои Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Беларус оид ба қонунгузорӣ ва сохтори давлатӣ дар алоҳидагӣ вохӯрӣ намуда, ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкории дуҷониба суҳбат намуданд.

Дар вохӯрӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус Бахтовар Сафарзода намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамроҳӣ намуд.

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор