
ДУШАНБЕ, 03.13.2025 /АМИТ «Ховар»/. 3 декабр дар доираи Ҳафтаи ҳуқуқи инсон дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Эъломияи Куруши Кабир – аввалин Эъломияи ҳуқуқи инсон дар ҷаҳон» конфронс баргузор гардид.
Тавре аз мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, зимни конфронс иштирокчиён доир ба таърихи пайдоиши Эъломияи Куруши Кабир ва саҳми беназири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳёи хизматҳои Куруши Кабир ва аз ҷониби ЮНЕСКО қабул гардидани қатъномаи алоҳида оид ба таҷлили 2550-солагии ин эъломия маъруза намуданд.
Дар ҳамоиш иброз гардид, ки Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир яке аз аввалин ва таъсирбахштарин санадҳои ҳуқуқии таърих аст. Он барои шиносоии ҳуқуқи инсон ва озодиҳои асосии шаҳрвандон, аз ҷумла озодии виҷдон, ҳуқуқи баробарии миллӣ ва дигар ҳуқуқҳои инсон кумак намуд. Ин эъломия асосҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсонро дар рӯйи Замин ба вуҷуд овард ва барои рушди давлатҳои гуногун, аз ҷумла сохтори ҳуқуқи инсон дар ҷаҳон аҳаммияти махсус дошт.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштаанд, ки «Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ЮНЕСКО ба хотири гиромидошту арҷгузорӣ ба нобиғаҳои миллат, ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ ва муаррифии шоистаи онҳо дар арсаи байналмилалӣ талошҳои пайваста ба харҷ медиҳад. Моро зарур аст, ки ҳифзи арзишҳои таърихиву фарҳангии миллати худ ва муаррифии боз ҳам бештари онҳоро дар арсаи байналмилалӣ ҳадафмандона идома диҳем».
Таъкид шуд, ки қабули ин қатънома дар ЮНЕСКО бо иштироки фаъолонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон далели возеҳи эътирофи саҳми миллати тоҷик дар рушди тамаддуни башарӣ аст. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сиёсати хирадмандона ва ташаббусҳои созандаашон дар арсаи байналмилалӣ арзишҳои сулҳу адолат, эҳтироми ҳуқуқи инсон ва ҳамзистии фарҳангҳоро идома ва такмил медиҳанд, ки идомаи мантиқии рисолати башардӯстонаи Куруши Кабир маҳсуб мешавад.
АКС: Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон








