Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2025
M T W T F S S
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 31

Иштироки маҷозии намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон - Умед Бобозода дар ҷаласаи панҷуми Комиссия оид ба ҳуқуқи инсони ИДМ

Санаи 05 декабри соли 2025 дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус ҷаласаи панҷуми Комиссия оид ба ҳуқуқи инсони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид. Зимни баргузории ҷаласа 14 масъалаҳои алоҳидаи соҳаи ҳуқуқи инсон мавриди баррасии аъзои Комиссия оид ба ҳуқуқи инсони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил қарор дода шуд.

Умед Бобозода - Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Комиссияи мазкур дар ин чорабинии сатҳи баланд ба таври маҷозӣ иштирок намуда, вобаста ба масъалаи «Таҷрибаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи Барномаи умумиҷаҳонии СММ оид ба таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон» маърӯза намуд.

Иброз гардид, ки ҳануз соли 2012 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2013-2020 - таҳия ва қабул гардид, ки он бо мувафақият анҷом ёфт

Баъдан соли 2022-юм дувумин маротиба Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2022-2026 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, ки дар миқёси давлатҳои Осиёи Маргазӣ таҷрибаи нахустин ба ҳисоб меравад.

 

Комиссия оид ба ҳуқуқи инсони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил зимни ҷаласа аз натиҷаи масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул намуд.

Мавриди зикр аст, ки иштироки Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чунин чорабаниҳои сатҳи баланди минтақавӣ ва байналмилалӣ ҷиҳати муаррифӣ намудани дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва баланд бардоштани имиҷи Тоҷикистон ҳамчун давлати демокративу ҳуқуқбунёд мусоидат мекунад.

Хадамоти матбуотии ВҲИҶТ

 

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор