Баргузории семинар-машварат бахшида ба «Рӯзи ҳуқуқи инсон» дар Донишкадаи Энергетикии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон
Аз ҷониби Намояндагии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Хатлон санаи 6-уми декабри соли равон бахшида ба таҷлили «Рӯзи ҳуқуқи инсон» ки ҳамасола 10-уми декабр ҷашн гирифта мешавад, дар Донишкадаи Энергетикии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон «Семинар-машварат» гузаронида шуд. Дар семинари мазкур устодон ва донишҷӯёни донишкада иштирок намуданд. Сараввал муовини ректор оид ба тарбия Зувайдуллозода Ф. ба сухан баромада семинари мазкурро оғоз намуд.
Баъдан Роҳбари намояндагии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Хатлон оид ба моҳияту муҳимияти ин рӯзи таърихию ҷаҳонӣ ва сабаби ҷашнгирии рӯзи 10-уми декабрро ҳамчун рӯзи ҳуқуқи инсон баромад намуда, иброз намуд, ки ин рӯзи таърихӣ сарчашма мегирад аз рӯзи қабули Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон. Яъне 10 декабри соли 1948 дар шаҳри Парижи Франсия дар Созмони Миллали Муттаҳид бузургтарин ҳуҷҷати мутааллиқ ба ҳамаи миллатҳо «Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон» қабул гардида аст ва ба ин хотир ҳамасола ҳафтаи аввали моҳи декабр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 10 декабр дар ҷаҳон ин рӯзи таърихӣ ҷашн гирифта мешавад.
Дар хотима устоди Донишкада ҳуқуқшинос Исмоилов С. ба сухан баромада ба донишҷӯён оид ба эҳтироми якдигар, донистани ҳуқуқҳои худ ва риояи он маърӯза намуда, ба семинари мазкур анҷом бахшид










