Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2024
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

Шириншоҳ Шотемур - ходими намоёни давлатӣ ва ҳизбӣ, соли 1899 дар деҳаи Поршиневи ноҳияи Шуғнони Помири ғарбӣ (ҳозира Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон) ба дунё омадааст. Волидонаш ба ғаллакорӣ шуғл варзида зиндагии камбағалона доштанд. Аз соли 1911 ба интернати назди омӯзишгоҳи русии маҳаллии Хоруғ, ки дар Кӯҳистони Бадахшон бори аввал кушода шуда буд, дохил гардида, дар он 4 сол хондааст.

Фаъолияти меҳнатиаш аа 13-солагӣ оғоз ёфтааст. Ҳамроҳи коргарони маҳаллӣ барои барпо ва пойдор гардидани Ҳокимяти Шӯравӣ дар Осиёи Миёна иштирок кардааст. Аз январи соли 1921 узви Ҳизби коммунист буд.

Солҳои 1914—19 дар корхонаҳои шаҳри Тошкент кор карда, бо болшевикон шинос гардид ва ҳамчунин, ба таҳсил низ машғул буд. Соли 1917 Шириншоҳ Шотемур маҷбур шуд, ки ба семинарияи муаллимтайёркунии шаҳри Тошканд шомил шавад. Дар семинария то соли 1921 таҳсил намуд. Вале он дар давраи шӯравӣ (аз соли 1919) семинария не, балки шӯъбаи русии мактаби меҳнатӣ-педагогӣ номида шуд. Пас аз ба итмом расондани мактаб моҳи майи соли 1921 дар ҳайати 500 нафари ба ном «студентони пролетарӣ» аз тарафи КИМ-и Туркистон ба шаҳри Қуқанду Фарғона ва аз Қуқанд ба комитети тақсимоти (разверсткаи) озуқавории Хуҷанд фиристонда шуда, дар тақсимоти озуқавории Дилварзин ширкат дошт.

Солҳои 1921-22 узви сегонаи ҳарбию сиёсӣ ва аз октябри соли 1922 сардори он буд. Моҳи августи соли 1923 ҳангоми расидан ба Тошканд бо назардошти он ки аз соли 1921 то соли 1923 дар Помир буд, бо Туркистон алоқааш канда шуд, аз комиссияи тозакунии сафҳои ҳизб нагузашт ва узвияташ бекор шуд. Моҳи август бо дархостнома ва маводҳои зарурӣ ба комиссияи ҳизбии сарҳадии фронти Туркистон муроҷиат карда, зимистони соли 1923, моҳи декабр ба воситаи комиссиюни назоратии Туркистон аз комисияи назоратиии Москва нусхаи фармонро дар бораи барқарор кардани ҳуқуқи уязвияти ҳизбии худ аз соли 1921– ро гирифт. Аз октябри соли 1923 то 5 августи соли 1924 корманди бойгонии назди котиботи СКХ Республикаи Туркистон, аз 5 августи соли 1923 то ноябри ҳамин сол инструктори кишоварзии шӯъбаи ташвиқ ва тарғиби КМ ҲК Туркистон буд. То тақсимоти миллӣ дар таъсиси инспексияи маорифи тоҷик дар ш. Тошканд кор кард. Баъди тақсимоти миллӣ-ҳудудии Осиёи Миёна (cоли 1924) ва таъсиси ҷумҳуриҳои миллӣ, аз ҷумла Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар ҳайати ҶШС Ӯзбекистон, Ш. Шотемур узви бюрои Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон таъин гардида, ба шаҳри Душанбе ба кор фиристонда шуд.

Дар ин замон – дар нимаи якуми солҳои 20-ум Шириншоҳ Шотемур аввал дар котиботи Шӯрои Комиссарони Халқӣ, сипас ба ҳайси инструктори шӯъбаи таҳтонии ақаллиятҳои миллии шӯъбаи ташвиқотиву тарғиботии КМ ҲК(б) ҶМШС Туркистон кор карда, ҳамчунин узви Президиуми Кумитаи инқилобии тоҷик буд. Дар ҳамин ҷо ӯ ҳамчун идеолог тавонист масъалаи ташкили рӯзномаи алоҳида барои тоҷикони Осиёи Миёнаро ба миён гузорад ва ба таври мусбат ҳал кунад. Ӯ Ҳасан Ирфонро масъули рӯзнома таъин кард. Устод Садриддин Айнӣ, Нисор Муҳаммад, А. Муҳиддинов, С. Ализода, Т. Зеҳнӣ, А. Сатторӣ, М. Хуҷандӣ, А. Исмоилзода ва дигар равшанфикрони тоҷик аз минтақаҳои мухталифи тоҷикнишин ҳамкорони фаъоли «Овози тоҷик» буданд. Оғози нашри ин рӯзнома, дар замоне, ки идеологияи пантуркистӣ ҳукмронӣ мекард, осон набуд. Шумораи нахустини он ба роҳбарони давр ҳам, ки аксаран тарафдори ғояҳои пантуркистӣ буданд, маъқул наафтод. Рӯзнома ба дифои забони тоҷикӣ мақолаҳое чоп мекард. Баъзе аз мақомдорони пантуркист рӯзномаро ҳамон замон бастанӣ мешаванд. Шириншоҳ Шотемур ва Нисор Муҳаммад ин хатарро фаҳмида зуд аз Тошканд ба Самарқанд меоянд. Онҳо нахуст устод Айниро пайдо карда маслиҳатҳои судбахши ӯро мегиранд. Бо маслиҳат рӯзнома ба мақоми (органи) Оргбюро (Бюрои ташкилии Кумитаи инқилобии тоҷик) табдил дода мешавад ва аз хатар эмин мемонад.

Шириншоҳ Шотемур бо таъсиси ин рӯзнома иктифо намекунад. Саъю кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки шумораву теъдоди рӯзнома зиёд ва сатҳи он баланд бардошта шавад, то ба оммаи васеи тоҷикон дар манотиқи гуногун дастрас гардаду асари нек гузорад.

Шириншоҳ Шотемур соли 1929 ҳамчун котиби масъули Комитети партиявии вилоятии Тоҷикистон, солҳои 1929—32 котиби 2-юми КМ ПК(б) Тоҷикистон, солҳои 1933—37 раиси КИМ-и РСС Тоҷикистон, солҳои 1925—37 аъзои КИМ-и ҲК СССР фаъолият намудааст.

Шириншоҳ Шотемур дар барпо ва мустаҳкам намудани Ҳокимияти Советӣ дар Тоҷикистон, беҳтар ва мустаҳкам кардана кори органҳои партиявӣ ва советӣ, инкишофи хоҷагӣ ва маданияти республика ва тарбияи кадрҳои партиявию советии миллӣ ҳиссаи калон гузошт. Бо ордени Байрақи Сурхи Меҳнат (1930) мукофотонида шудааст.

Бо фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 27 июни соли 2006 Шириншоҳ Шотемур ба унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон сазовор гашт.

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор