Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

November 2024
M T W T F S S
1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30

Санаи 21-25 сентябри соли 2021 Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода, ёрдамчии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳзода Зафар ва муовини сардори Шуъбаи ташкилӣ, иттилоотӣ ва таҳлилии Дастгоҳи мақомот Маҷидов Парвиз тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва розигии Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади қабули шаҳрвандон ба шаҳрҳои Хуҷанд, Гулистон, Конибодом ва Исфара вилояти Суғд сафари хизматӣ анҷом доданд.

Зимни сафар аз ҷониби Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон У. Бобозода дар шаҳрҳои зикргардида дар ҳузури расиони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳрҳо, ҳамчунин бо иштироки намояндагони сохторҳои дахлдори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ҳамин шаҳрҳо (сардорони сохторҳои дахлдор вобаста ба масъалаҳои занон, кӯдак, ҳифзи иҷтимоӣ, муроҷиати шаҳрвандон, замин, таъминоти оби ошомиданӣ ва ғ.) қабули шаҳрвандонро ба роҳ монданд.

Ҷарраёни қабули Ваколатдор озодона, мустақил, рӯ ба рӯ ва бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ба роҳ монда шуд.

Дар маҷмуъ 44 нафар муроҷитакунандагон дар шаҳрҳои Хуҷанд, Гулистон, Конибодом ва Исфара вилояти Суғд аз ҷониби Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон қабул карда шуданд.

Таҳлили муроҷиатҳои шаҳрвандон нишон дод, ки аҳолӣ бештар бо масоили гуногуни ҳуқуқи инсон, аз қабили ҳуқуқу озодиҳои ҳамсарон ҳангоми бастани ақди никоҳ, ҷой доштани зӯроварӣ дар оила, тақсимоти фарзандон ва молумулки муштарак, масъалаи саркашӣ аз супоридани алимент, масъалаҳои вобаста ба дархости қитъаҳои замин, қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ, ҳуҷҷатгузории қитъаи замин ва манзили истиқоматӣ, соҳибмулкӣ ба замин, таъмин набудан бо оби нӯшокӣ ва ошомидан, набудани мактабҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва умумӣ  дар деҳаҳои дурдаст, тартиби гузаронидани маъракаю маросимҳо тибқи муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, норозигӣ аз ҳалномаҳои судӣ, мурофиаи одилонаи судӣ, ҳуқуқ ба сатҳи кофии зиндагӣ, ҳуқуқ ба аёдати кӯдакон, ҳуқуқ ба таҳсил ва ғйраҳо ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон муроҷиатҳои шифоҳӣ ва хаттӣ намуданд.

Вобаста ба масъалаҳои зикргардида дар самти ҳуқуқҳои инсон ва шаҳрвандон дар шаҳрҳои зикргардида Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шахсони муроҷиаткунанда машварат ва тавсияҳои ҳуқуқӣ дода, корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд.

Маврид ба қайд аст, ки бархе аз муроҷиатҳои шаҳрвандон дар ҳузури роҳбарони аввали ноҳияҳои зикргардида ҳалли мусбии худро ёфтанд.

Ҳамзамон У. Бобозода таъкид намуданд, ки мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати боз ҳам тақвият бахшидан ба таъмини риоя ва ҳифзи ҳуқуқи инсон, иттилоотонӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, инчунин муайян намудани проблемаҳои аҳолӣ дар самти ҳуқуқу озодиҳои инсон тасмим гирифтааст, ки минбаъд низ вобаста ба проблемаҳои рӯзмара тартиби қабули шаҳрвандонро ба роҳ монда, чораҳои дахлдорро роҳандозӣ намояд.

 

Хадамоти матбуотии ВҲИ ҶТ

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор