Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2024
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

Яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои муҳоҷирон ва аъзои оилаи онҳо ба ҳисоб меравад. Дар ин самт мақомот пайваста чораандешӣ намуда, ҷиҳати бартараф намудани мушкилоти ҷойдошта мусоидат менамояд.

Аз ҷумла, вобаста ба ҳолати дар вилояти Воронежи Федератсияи Россия нисбати муҳоҷирони меҳнатӣ ба вуқӯъомада, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони вилояти Воронеж Сергей Канищев нома ирсол намуда, аз фиреб додани муҳоҷирони меҳнатӣ ва махсусан ҳолати занон дар байни муҳоҷирон изҳори нигаронӣ намуд.

Ҳамчунин, дар нома таъкид карда мешавад, ки «Мо, Ваколатдорон оид ба ҳуқуқи инсон бояд ба масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқи инсон диққати аввалиндараҷа зоҳир намуда, мушкилоти ҷойдоштаро дар доираи муносибатҳои дӯстона ва ҳусни тафоҳум ҳаллу баррасӣ намоем».

У.Бобозода аз С.Канищев хоҳиш намудааст, ки ҷиҳати ҳалли мусбати мушкилоти муҳоҷирони меҳнатӣ мусоидат намояд.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ масъалаи мазкурро пайгирӣ ва назорат намуда, омодааст, ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ мусоидат намояд.

 

Хадамоти матбуотии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон

 

 

 

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор