Имрӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо иштироки роҳбарият ва кормандони мақомот ба муносибати ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ мизи мудаввар баргузор гардид.
Чорабиниро муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон — Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобоҷонзода М. оғоз намуда, ҳозиринро ба муносибати ин ҷашни муқаддаси миллӣ – фарорасии соли нави аҷдодӣ шодбош гуфтанд. Қайд гардид, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчун арҷгузорандаи асили падидаҳои беназири милии тоҷикон, ташаббускори асосии мақоми байналмилалӣ гирифтани иди Наврӯз мебошад. Дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» (аз 21.07.10, №611) рӯзҳои 21 - 24 март дар Тоҷикистон ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил карда мешавад.
Дар мизи мудаввар Сангов Т. – сармутахассиси шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсии Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар мавзӯи «Наврӯз - ифтихору шараф ва ҳувияту бақои миллати тоҷик» ва Салоҳидинзода М.– сармутахассиси шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дар мавзӯи «Наврўз - ҷашни оғози баҳор»маърӯза намуданд. Дар маърӯзаҳо аз таърихи пайдоиш, доира ва сатҳи гиромидошт, махсусиятҳо ва дигар вижагиҳои иди Наврӯз маълумот дода шуд. Аз ҷумла қайд карда шуд, ки Наврӯз дар рӯзгори муосир вобаста бо моҳият ва ҳикмати худ аз ҳудуди давлатҳои гуногун гузашта, тадриҷан мардумони то ҳанӯз аз гавҳари Наврӯз бархурдорнашударо фаро мегирад, ки хушбахтона ин падида ботадриҷ дар ҳоли инкишофи назаррас мебошад. Падидаи Наврӯз ба ҷаҳони тамаддунҳои нав ҳамчун ҷузъи тамаддуни миллати тоҷик ворид мегардад.
Дар маърӯзаҳо инчунин тазаккур дода шуд, ки саъю талошҳои пайгиронаю мақсадноки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ба тасвиб расидани қатъномаи таърихии Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид оид ба эътироф намудани 21 март ҳамчун «Рӯзи байналмилалии Наврӯз» нақши асосӣ ва муассир доштанд.
Дар ҷамъбасти чорабинӣ муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон — Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кудак Бобоҷонзода М. бори дигар ҳозиринро ба муносибати таҷлили иди байналмилалии Наврӯз шодбош гуфта, зикр намуд, ки эҳтиром ва арҷгузорӣ намудан ба чунин як падидаи маънавии муқаддаси миллӣ вазифаи ҳар як фарди бономуси меҳан аст.
Хадамоти матбуотии ВҲИ ҶТ