Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2024
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

Боздиди кормандони Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон

 Рӯзи 16 марти соли 2022 кормандони Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуданд. Онҳо аз нигораҳои ба маърази тамошобинон гузошташуда ва махсусан намоишгоҳи “Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ”, ки аввалин маротиба дар пойтахти Фаронса шаҳри Париж 13 октябри соли 2021 бо иштироки бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Фаронса муҳтарам Эммануэл Макрон ба намоиш гузошта шуда буд, як ҷаҳон ҳаловати маънавӣ бардоштанд.

 Мавриди зикр аст, ки худи Осорхонаи миллии Тоҷикистон  зодаи даврони Истиқлол буда, ифтитоҳи расмии он 20 марти соли 2013 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор шудааст.  Ифтитоҳи Осорхонаи миллии Тоҷикистон, ки бо тарҳи меъмории зебо ва ҳайратангези шарқиёна бунёд шуда, дорои нодиртарин нигораҳо мебошад, аз ҷумлаи рӯйдодҳои таърихӣ ва дастовардҳои муҳими фарҳангии даврони Истиқлоли Тоҷикистон мебошад.  

Нигораҳои Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба таври қотеъ ва возеҳу равшан аз таърихи шашҳазорсолаи тамаддуни тоҷикон маълумоти муфассал медиҳанд ва барои баланд бардоштани худшиносии миллӣ ва ифтихор аз таърихи  пурғановати халқи тоҷик аҳамияти беандоза доранд.

Чи тавре ки зимни боздид Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Умед Бобозода иброз доштанд, барои мо – кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи инсон боиси ифтихор аст, ки низоми  имрӯзаи байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи инсон аз ҷадди бузурги мо Куруши Кабир сарчашма мегирад ва нигораҳои дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон гузошташуда бори дигар ба ҳар як фард ин нуктаро возеҳу равшан исбот менамоянд.Дар анҷоми боздид Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон муҳтарам Умед Бобозода аз номи мақомот ба роҳбарият ва кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон барои пазироии гарм ва иқдоми саривақтӣ изҳори миннатдорӣ баён намуданд.

Хадамоти матбуотии ВҲИ

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор