Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2024
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

Тибқи Барномаи амали мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022 санаҳои 14-15 апрели соли ҷорӣ кормандони Шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҷиҳати муайян намудани дастрасии шахсони маъюб ба биноҳои инфрасохторӣ дар шаҳри Норак мониторинг баргузор намуданд. Аз ҷумла, биноҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак, Суд, Прокуратура, Шуъбаи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, нозироти андоз, шуъбаи молия, натариус, филиали «Амонатбонк», марказҳои савдо, дорухонаҳо, роҳҳои пиёдагарди маркази шаҳр, истгоҳҳои нақлиётӣ ва дигарҳо мавриди санҷиш қарор дода шуданд.

Натиҷаи мониторинг нишон дод, ки аксарияти биноҳое, ки дар ҳудуди шаҳри Норак солҳои пешин сохта шудаанд, ба талаботи дастрасии маъюбон мутобиқ нестанд, масалан биноҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак, Шуъбаи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, нозироти андоз, шуъбаи молия, натариус, филиали «Амонатбонк», марказҳои савдо, дорухонаҳо, роҳҳои пиёдагарди маркази шаҳр. Биноҳои нав бошад бо дарназардошти дастрасӣ барои маъюбон бунёд шудаанд.

Аз ҷониби кормандони мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба шахсони масъули мақомоти зикршуда ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳо тавсияҳо дода шуд.

Ҳамчунин зимни сафар ба шаҳри Норак бо намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак ва фаъолони шаҳр вохўрӣ баргузор гардид. Зимни вохўрӣ масъалаҳои вобаста ба ҳуқуқҳои маъюбон, аз ҷумла таъмини шуғли маъюбон, дастрасии бемамониати онҳо ба иншооти инфрасохторӣ ва воситаҳои нақлиёт, таҳсилоти маъюбон, ҳуқуқи онҳо ба таъминоти иҷтимоӣ ва дигар имтиёзҳои онҳо баррасӣ гардиданд. Кормандони Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба саволҳои иштирокчиён посухҳои мушаххас доданд.

Хадамоти матбуотии ВҲИ

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор