Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2024
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

Тибқи Стратегияи фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон  барои солҳои 2021-2025 мусоидат ба пешгирии зӯроварӣ дар оила яке аз самтҳои афзалиятноки мақомот ба ҳисоб меравад. Бо мақсади амалӣ гардонидани ин самти стратегии фаъолият ва иҷрои Барномаи амали мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022 санаи 23 – 25 май соли 2022 аз ҷониби Сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ Ҳабибулозода Р. ва сармутахассиси шуъба Салоњидинзода М. санљиши фаъолияти нозир оид ба пешгирии зўроварї дар оилаи  РВКД дар ноҳияҳои минтақаи Рашт ва ҳуҷраи тавонбахшии тиббию иҷтимоӣ барои ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила гузаронида шуд.

Фаъолияти нозири пешгирии зӯроварӣ дар оила дар минтақаи мазкур дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила” ба роҳ монда шуда, дар ин самт корҳои судманд, аз ҷумла қабул ва баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон, сӯҳбату вохӯриҳо дар байни аҳолӣ, иштирок дар мурофиаҳои судӣ, кор бо оилаҳои осебпазир ва дигарҳо амалӣ карда мешаванд.

Ҳуҷраи тавонбахшии тиббию иҷтимоӣ барои ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила ба нафароне, ки тавассути худмуроҷиат ва роҳхати мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ин ҳуҷраҳо ворид мешаванд, кӯмаки зарурии тиббӣ, равонӣ ва иҷтимоӣ мерасонад.

Зимни сафари мазкур 24 май бо ҷалби намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, раисони ҷамоатҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар мавзӯи “Пешгирии зӯроварӣ дар оила” мизи мудаввар доир гардида, масъалаҳои мубрами самти мазкур мавриди муҳокимаи ҳамаҷониба қарор дода шуданд.

Гузаронидани чунин санҷишҳо дар шаҳру ноҳияҳои дигари ҷумҳурӣ низ соли ҷорӣ ба нақша гирифта шудааст.

Хадамоти матбуотии ВҲИ

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор