Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2024
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

Сафари кории кормандони мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба ноҳияи Восеи вилояти Хатлон

Тибқи Барномаи амали мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022 санаи 12-13 сентябри соли ҷорӣ аз ҷониби Сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ Ҳабибулозода Р. ва сармутахассиси шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдак Машрабзода А. санљиши фаъолияти нозирони минтақавии шуъбаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии ШВКД-и ноҳияи Восеъ дар самти пешгирии зӯроварӣ дар оила ва ҳуҷраи тавонбахшии тиббию иҷтимоӣ барои ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила гузаронида шуд.

Фаъолияти нозирони минтақавӣ дар самти мазкур дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила” ба роҳ монда шуда, дар ин самт корҳои судманд, аз ҷумла қабул ва баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон, сӯҳбату вохӯриҳо дар байни аҳолӣ оид ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила, кор бо оилаҳои ноустувор, татбиқи чораҳои фардии пешгирии  зӯроварӣ дар оила, гузаронидани сӯҳбатҳои хусусияти тарбиявидошта бо шахсони зӯроварӣ содирнамуда ва дигарҳо амалӣ карда мешаванд.

Дар шуъбаи таваллудхонаи Беморхонаи марказии ноҳия аз соли 2021 ҳуҷраи тавонбахшии тиббию иҷтимоӣ барои ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила фаъолият дорад. Дар ҳуҷраи мазкур шароитҳои зарурӣ барои тавонбахшии ҷабрдидагони зӯроварӣ ташкил карда шуда, ба нафарони муроҷиаткарда кӯмаки зарурии тиббӣ, равонӣ ва иҷтимоӣ расонида мешавад.

Ҳамзамон зимни сафари мазкур кормандони мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо  намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, фаъолони ноҳия, раисони маҳаллаҳо, хонандагони муассисаи таҳсилоти умумии №1 ноҳияи Восеъ вохӯрданд. 

 Зимни вохӯрии мазкур ба ҳозирин дар бораи сиёсати давлат дар самти риояи ва эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон, талаботи қонунгузории ҷумҳӯрӣ вобаста ба таъмини ҳуқуқҳои занон ва кӯдакон, фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар самти мазкур, иҷрои уҳдадориҳои давлат дар ин самт, таъмини баробарии гендерӣ, пешгирии зӯроварӣ дар оила  маълумоти муфассал пешниҳод гардид. Масъалаҳои мазкур мавриди муҳокимаи ҳамаҷониба қарор дода шуда, дар навбати худ ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд байни субъектони пешгирии зӯроварӣ дар оила пешниҳодҳо манзур гардиданд. Иштирокчиён аз баргузор намудани чунин вохӯрӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз доштанд, ки ин вохӯриҳо барои пешбурди фаъолияти самаранок дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон муфиданд.

Фаъолияти мазкур тибқи Барномаи амали мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар низ анҷом дода мешавад.

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор