Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2024
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

    Баргузории машваратҳои сайёри ҳуқуқӣ дар Хонаи пиронсолони шаҳри Бохтар аз ҷониби Намояндагии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Хатлон 

Дар асоси нақшаи кории Намояндагии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Хатлон барои соли 2022 ҷиҳати ташкили машваратҳои сайёри ҳуқуқӣ, иттилоотонии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар бораи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва воситаҳои ҳифзи онҳо, инчунин баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон аз ҷониби мутахассиси пешбари Намояндагии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Хатлон Ҳайдарзода Муҳаммад Ҳайдар санаи 22 сентябри соли 2022 барои таҳким бахшидани ҳамкориҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар мувофиқа бо маъмурияти Хонаи пиронсолони шаҳри Бохтар ба муассисаи мазкур, ки сарпарастиашро шаҳрванд Убайдуллоев Сафаралӣ ба ӯҳда дорад, ташриф намуд.

    Зимни мулоқот бо истиқоматкунандагони Хонаи пиронсолони шаҳри Бохтар машварати ҳуқуқӣ гузаронида шуда, ба онҳо вобаста ба ҳуқуқҳояшон маслиҳатҳои дахлдор дода шуданд. Дар рафти  гузаронидани машварати ҳуқуқӣ аксарияти бошандагон аз шароити муҳайёгардидаи зист ва хурду хӯрок ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори миннатдорӣ намуданд.   Инчунин, тавсия дода шуд, ки ҷиҳати мусоидат ба ҳалли мушкилоташон Намояндагии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Хатлон дар ҳамкорї бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ҳамаҷониба мусоидат менамояд.               

     Баъди анҷоми машваратҳои сайёри ҳуқуқӣ Ҳайдарзода Муҳаммад Ҳайдар барои шиносоӣ аз шароити бошандагони Хонаи пиронсолони шаҳри Бохтар, аз ҷумла ҷойи хоб, ҳуҷраҳои истироҳатӣ, ошхона ва майдончаи истироҳатии наздиҳавлигӣ дидан намуд. Шиносоӣ бо шароити зисти бошандагони хонаи пиронсолон нишон дод, ки дар доираи имкониятҳои мавҷуда барои истиқоматкунандагон шароитҳои муносиб муҳайё шудааст.

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор