Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2024
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

Санаи 30 январи  соли 2023 Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода бо ноиби президенти Маркази байналмилалии ҳуқуқи ғайритиҷоратӣ (ICNL LLC) хонум Наталия Буржайлӣ ва ҳайати намояндагии онҳо, аз ҷумла Роҳбари намояндагии марказ дар Тоҷикистон хонум Элизабет Гиввенс, муовини роҳбари намояндагӣ Камо Петросян, мутахассис оид ба демократикунонӣ ва идоракунии Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) мулоқот намуд. Дар вохӯрӣ ҳамчунин сардори Шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои сиёсӣ ва шаҳрвандӣ ва ёрдамчии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон иштирок доштанд.

Умед Бобозода ташрифи хонум Наталия Буржайлиро ба мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон хайра мақдам гуфта, доир ба самтҳои афзалиятноки стратегии мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон маълумоти муфассал дода, қайд намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии худ дар самти риоя ва ҳифзи ҳуқуқи инсон пайваста талош мекунад ва дар ин робита саҳми мақомоти Ваколатдор  оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон назаррас мебошад.

Наталия Буржайлӣ низ дар навбати худ аз Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҷиҳати мулоқот арзи сипос намуд.

Зимни мулоқот таваҷҷуҳи хоса ба самтҳои ҳамкории байни мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва Маркази байналмилалии ҳуқуқи ғайритиҷоратӣ (ICNL LLC) вобаста ба расидан ба афзалиятҳо дар соҳаи ташаббуси қонунгузорӣ ва иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла қабули Ќонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз” дода шуда,  оид ба ташкил намудани семинар ва чорабиниҳои иттилоотӣ барои кормандони мақомоти Ваколатдор  оид ба ҳуқуқи инсон ва аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуданд.

Аз ҷониби У. Бобозода қайд карда шуд, ки мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мондани ҳамкориҳои минбаъдаро бо Маркази байналмилалии ҳуқуқи ғайритиҷоратӣ (ICNL LLC) дар самтҳои алоҳида, хусусан баргузор намудани чорабиниҳои аҳамиятноки соҳаи ҳуқуқи инсон, аз қабили семинар, конференсия ва мизҳои мудаввар, баргузор намудани чорабиниҳои иттилоотонӣ-маърифатӣ байни аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ташвиқу тарғиби дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳуқуқи инсон (қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз”)  мувофиқи мақсад мешуморад. Қайд карда шуд, ки пеша намудани чунин иқдомҳо вобаста ба баланд бардоштани савияи фаъолнокӣ дар бахши ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон, баланд бардоштани маърифтанокии шаҳрвандон дар ин самт муҳим буда, идома додани онҳо ба манфиати кор мебошад.

Дар охири мулоқот Наталия Буржайлӣ аз Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода барои пазироӣ изҳори миннатдорӣ намуд.

 

Хадамоти матбуотии ВҲИ

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор