Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2024
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

 

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “ДАСТАРХОНОРОӢ ДАР МАҚОМОТИ  ВАКОЛАТДОР ОИД БА ҲУҚУҚИ ИНСОН

 

Баҳри пешбурди сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Шӯрои занони мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон тасмим гирифтанд, ки дар айёми омад – омади баҳор, ки табиат зинда мешаваду ба гирду атроф ҳусну таровати хоса мебахшад, анъанаҳои ниёгони хешро боз як маротиба дар байни  ҳамкорон муаррифӣ намоянд.

Боиси зикр аст, ки миллати тоҷик яке аз қадимтарин мардумони минтақаи Осиёи Марказӣ буда, дар ташаккули тамаддуни ҷаҳонӣ бо мероси бои фарҳангии моддӣ ва ғайримоддӣ мақоми шоиста касб намудааст.

Халқи тоҷик на танҳо дар бахши омодасозии анвои таъомҳои миллӣ, балки дар дастархонороӣ низ маҳорати баланд дошта, хони оростаи ҳунармандони он на фақат чорабиниҳои хонаводагӣ, балки ҷашнҳои пуршукуҳи идонаи миллиро зебу зиннати хоса мебахшанд. 

Анъанаи дастархонороии тоҷикон бо зарфиятҳои хоси худ, бахусус аз лиҳози усули оростан ва унсурҳои истифодаи анвои маҳсулоти миллӣ дар ҷаҳон беназиранд. Ин аст, ки фарҳанги дастархонороӣ, ҷузъе аз анъанаҳои фарҳанги меҳмоннавозии тоҷикон ба шумор меравад.

Аз ин лиҳоз, занон ва духтарони Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар арафаи Иди Наврӯз эҳёи расму анъанаҳои тоҷикӣ либоси миллии хешро ба бар намуда, кӯшиш ба харҷ доданд, ки як дастархони миллӣ бо нозу неъматҳои асили тоҷикӣ ороянд.

Албатта, қайд ба маврид аст, ки гузаронидани чунин чорабиниҳо, барои эҳёи анъанаҳои миллӣ аҳамияти калон дошта, барои ба наслҳои оянда боқӣ гузоштани оинҳои миллати тоҷик мусоидат хоҳад кард.

Хадамоти матбуотии ВҲИ

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор