Баргузории чорабиниҳои иттилоотӣ дар доираи амалисозии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз» дар шаҳрҳои Хуҷанд, Панҷакент ва Исфара
Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз» мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба таъмини баробарӣ ва манъи ҳама гуна шаклҳои табъиз ба ҳисоб рафта, яке аз ваколатҳои он ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои иттилоотиву маърифатӣ дар самти ҳуқуқ ба баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз мебошад.
Аз ин лиҳоз, мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва анҷом додани корҳои фаҳмондадиҳӣ тасмим гирифтааст, ки соли 2023 дар марказҳои вилоятҳо ва баъзе аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ вобаста ба қабул ва мавриди амал қарор гирифтани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз» чорабиниҳои иттилоотӣ баргузор намояд.
Вобаста ба ин, дар мувофиқа бо Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи кории мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Умед Бобозода - Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо ҳамроҳии Солеҳзода З. - ёрдамчии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва сардорони шуъбаҳои Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон: Ашуров М. - сардори Шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ, Ҳабибулозода Р. - сардори Шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, Қодирӣ С. - сардори Шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдак ва Содиқов А. – сардори Шуъбаи ташкилӣ, иттилоотӣ ва таҳлилӣ ба шаҳрҳои Хуҷанд, Панҷакент ва Исфара сафари корӣ анҷом доданд.
Дар чорабиниҳои зикршуда мавзӯъҳои «Мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон - ниҳоди миллии ҳифзи ҳуқуқи инсон», «Ҳифзи ҳуқуқу озодиҳо ва таъмини манфиатҳои беҳтарини кӯдакон ҳамчун василаи муҳими фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак», «Маърӯзаҳои солонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак ва амалисозии тавсияҳои дар маърӯзаҳо пешниҳодгардида», «Зарурияти қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз», «Шарҳу тавзеҳи баъзе аз мафҳумҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз», «Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар самти таъмини ҳифз аз табъиз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Ваколати мақомоти дигари давлатӣ ва мақомоти маҳалӣ дар самти ҳифз аз табъиз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Чорабиниҳои иттилоотӣ бо мақсади такмил додани донишҳои касбӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии хизматчиёни давлатӣ дар самти баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз гузаронида шуда, баргузор намудани онҳо дар дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ низ пешбинӣ шудааст.
Хадамоти матбуотии ВҲИ