Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2024
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

ВОХӮРИҲОИ НАМОЯНДАГОНИ МАҚОМОТИ ВАКОЛАТДОР ОИД БА ҲУҚУҚИ ИНСОН БО РОҲБАРИИ УМЕД БОБОЗОДА  БО СОХТОРҲОИ МАРБУТИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ ИНСОНИ ҶУМҲУРИИ ХОРВАТИЯ

Ҷиҳати табодул ва омӯзиши таҷрибаи пешрафта дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон, хусусан таъмини баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз бо роҳбарии У. Бобозода, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон – намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, инчунин иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ аз 6 то 14 майи соли ҷорӣ дар сафари корӣ ба Ҷумҳурии Хорватия қарор дошт, бо як зумра намояндагони мақомотҳои давлатии кишвари марбут вохӯрӣ ва мулоқотҳо анҷом доданд.

Зимни сафар ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Умед Бобозода бо Омбудсмени Ҷумҳурии Хорватия, Омбудсмен оид ба ҳуқуқи маъюбон, Омбудсмен оид ба баробарии гендерӣ, Омбудсмен оид ба ҳуқуқи кӯдак, намояндагони Вазорати адлияи Ҷумҳурии Хорватия, мушовирон оид ба ҳуқуқи инсон, ақаллиятҳои миллӣ, идоракунӣ ва баробарии гендерии Ҳукумати Хорватия, Академияи судии Хорватия ва намояндагони иттиҳодияҳои ҷамъиятии Ҷумҳурии Хорватия вохӯрӣ намуда, доир ба масъалаҳои  таҷрибаи амалисозии қонунҳои Хорватия оид ба масъалаҳои фаъолияти Омбудсмен, баробарии гендерӣ, барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз, ҳифзи ҳуқуқи маъюбон, кӯдакон ва фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ гуфтушунидҳо гузаронида шуданд. Тибқи иттилооти пешниҳодшуда дар Хорватия оид ба масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқи инсон, кӯдак, маъюбон ва баробарии гендерӣ 4 ниҳоди алоҳида ба сифати Омбудсмен таъсис дода шуда, дар асоси қонунҳои соҳавӣ фаъолият менамоянд.

Дар доираи мулоқотҳо таҷрибаи амалисозии қонунҳои Хорватия оид ба масъалаҳои фаъолияти Омбудсмен, баробарии гендерӣ, барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз, ҳифзи ҳуқуқи маъюбон, кӯдакон ва фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ омӯхта шуд.

Тибқи иттилооти пешниҳодшуда дар Хорватия оид ба масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқи инсон, кӯдак, маъюбон ва баробарии гендерӣ 4 ниҳоди алоҳида ба сифати Омбудсмен таъсис дода шуда, дар асоси қонунҳои соҳавӣ фаъолият менамоянд. Омбудсмен оид ба ҳуқуқи инсони Хорватия аз соли 2003 амал намуда, тибқи талаботи Принсипҳои Париж мақоми “А” дорад.

Умед Бобозода, Ваколатдори ҳуқуқи инсони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоя бо ҳайати корӣ  бо Омбудсмени Ҷумҳурии Хорватия, хонум Тена Шеменович мулоқоти судманд анҷом дода, масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқи инсон, аз ҷумла масъалаи таъмини баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз, раванди амалисозии қонунгузории Хорватия дар самти таъмини баробарӣ ва озодӣ аз табъиз, баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон, ҷарраёни такмили қонунгузории давлатӣ дар самти табъиз ва тақвияти ҳамкориҳоро баррасӣ гардиданд.

Дар Хорватия ҳамчунин оид ба ҳифзи ҳуқуқи маъюбон Омбудсмени мустақил фаъолият менамояд. Ҷумҳурии Хорватия аъзои Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқҳои маъюбон буда, қонунгузории худро ба талаботи Конвенсия мутобиқ намудааст. Ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқҳои маъюбон Стратегияи миллӣ оид ба таъмини имкониятҳои баробар барои маъюбон қабул гардида, ниҳоди Омбудсмен дар доираи амалисозии он таъсис дода шудааст. Вазифаи асосии ниҳоди мазкур пешбурд ва мониторинги иҷрои Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқи маъюбон ва пешгирии ҳолатҳои табъизи маъюбон мебошад.

 

 

 

Дар доираи сафар бо Омбудсмен оид ба ҳуқуқҳои кӯдак хонум Мая Драговичич вохӯрӣ анҷом дода шуд. Ниҳоди миллии Хорватия оид ба ҳуқуқҳои кӯдак соли 1993 ҷиҳати ҳифз ва пешбурди ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шудааст. Дар Хорватия сохторҳои алоҳида дар мақомоти иҷроия ва қонунгузорӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак таъсис дода шуда, уҳдадоранд бо Омбудсмен оид ба ҳуқуқи кӯдак ҳамкорӣ намоянд. Дар ниҳоди миллии Хорватия оди ба ҳуқуқи кӯдак шароит ва муҳити барои кӯдакон дӯстона фароҳам оварда шуда, аз ҳисоби кӯдакон Шӯрои мушовирони ҷавон таъсис дода шудааст.

 

 

 

 

 

 

 

Ҳамчунин бо ҳайати роҳбарикунандаи дафтари Омбудсмени Хорватия оид ба баробарии гендерӣ мулоқот анҷом дода шуд. Ниҳоди мазкур соли 2003 дар асоси қонуни алоҳида оид ба баробарии гендерӣ таъсис дода шуда, масъалаҳои таъмини баробарии гендериро танзим менамояд. Яке аз вазифаҳои он мубориза бо табъиз дар соҳаи баробарии гендерӣ мебошад.

Дар доираи сафар ҳайати Тоҷикистон дар вазорати адлияи Хорватия бо Котиби давлатии вазорати адлия ва судя оид ба парвандаҳои граждании шаҳри Загреб вохӯрӣ намуданд. Вазорат сиёсати давлатиро дар самти ислоҳоти низоми судӣ ва баланд бардоштани самаранокии идоракунии давлатӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон, аз ҷумла барҳам додани табъиз муайян менамояд.

Яке аз сохторҳои муҳим дар самти пешбурди ҳуқуқи инсон Академияи судии Хорватия буда, ҷиҳати омода намудани мутахассисони мақомоти судӣ ва прокуратура таъсис дода шудааст. Дар Академияи мазкур барои баланд бардоштани савияи касбии судяҳо, прокурорҳо ва адвокатҳо машғулиятҳои омӯзишӣ гузаронида мешавад.

Дар назди Ҳукумати Хорватия мушовирони алоҳида оид ба ҳуқуқи инсон, ақаллиятҳои миллӣ, идоракунӣ ва баробарии гендерӣ фаъолият намуда, вазифаи онҳо муайянсозии сиёсати давлатӣ, таҳия ва амалисозии стратегияҳо, барномаҳо, нақшаҳои миллии амал ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ мебошад.

Зимни сафар ҳайати Тоҷикистон бо намояндагони иттиҳодияҳои ҷамъиятии Хорватия, ки дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон, таъмини баробарӣ ва манъи ҳама гуна шаклҳои табъиз фаъолият мекунанд, вохӯрӣ анҷом дода шуд. Дар Хорватия зиёда аз 30 000 иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ба қайд гирифта шуда, дар амалисозии лоиҳаҳои давлатӣ ва шарикии давлат бо бахши хусусӣ фаъолона иштирок менамоянд. Иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар самти пешгирии зӯроварӣ дар оила ва кор бо зӯроварон саҳми худро мегузоранд ва бо ниҳодҳои миллии ҳифзи ҳуқуқи инсони Хорватия ҳамкориҳо самаранокро ба роҳ мондаанд.

Ҳайати Тоҷикистон зимни вохуриву мулоқотҳо оид ба сиёсати давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон дар самти ҳуқуқи инсон, дастовардҳои соҳа, иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қабулу амалисозии Қонун “Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз” маълумоти муфассал пешниҳод намуданд.

Дар доираи вохуриву мулоқотҳо одоби ташрифот риоя гардида, ба ҳайати кишвари мизбон ҳамчун армуғон китобҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар бораи Тоҷикистон, сузанӣ, кундал бо нақшу нигори миллӣ ва сангҳои ороишии Тоҷикистон тақдим карда шуд.

Ҷиҳати амалисозии таҷрибаи андӯхташуда зимни иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз” мувофиқи мақсад аст, ки ҳамкории мақоми ваколатдори давлатӣ бо мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ба роҳ монда шавад, такмил ва мутобиқсозии қонунгузорӣ идома дода шуда, маърифати ҳуқуқии аҳолӣ баланд бардошта шавад.

Хадамоти матбуотии ВҲИ ҶТ

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор