Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2024
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

Вохӯрӣ бо намояндаи Дафтари минтақавии Комиссари олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ хонум Матилда Богнер

 

Санаи 20-уми сентябри соли 2023 дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии кормандони масъули Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо намояндаи Дафтари минтақавии Комиссари олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ хонум Матилда Могнер баргузор гардид.

 Пас аз хайра мақдами меҳмонон ва табрикоти хонум Богнер ба муносибати таъйин шуданаш ба вазифаи мазкур аз ҷониби сардори шуъбаи ташкилӣ, иттилоотӣ ва таҳлилии Дастгоҳи ВҲИ А. Содиқов оид ба дастовардҳои Ҷуҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳуқуқу озодиҳои инсон, аз ҷумла қабули   Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷиикстон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон барои давраи то соли 2038 ва Нақшаи амали он барои солҳои 2023-2025 маълумоти мухтасар пешниҳод карда шуд.

 Дар ин раванд ҳамчунин дар бораи фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳкими иқтидори институтсионалии ниҳоди мазкур ва саҳми он дар иҷроиши ӯҳдадориҳои байналмилалии кишвар дар соҳаи ҳуқуқи инсон иттилоъ дода шуд.

Дар вохӯрӣ инчунин масъалаҳои ноилшавии ниҳоди миллии ҳифзи ҳуқуқи инсон ба мақоми “А” тибқи Принсипҳои Париж, пешниҳоди маърӯзаи алтернативӣ ба сохторҳои шартномавии СММ, иҷрои тавсияҳои маърӯзачиёни махсуси СММ, муроҷиатҳои шаҳрвандон вобаста ба табъиз, ҳамкориҳо бо созмонҳои байналмилалӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ, тасмимҳои ВҲИ ҷиҳати таҷлили сазовори ҷашни 75-солагии қабули Эъломияи умумии ҳуқуқи башар, аз ҷониби Тоҷикистон ба тасвиб расонидани Конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон ва дигар ҷанбаҳои ҳуқуқу озодиҳои инсон мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Хонум М. Богнер ба саволҳои худ аз ҷониби масъулини Дастгоҳи ВҲИ ҷавобҳои муфассал ва қонеъкунанда гирифта, барои пазироии гарм ва вохӯрии пурмуҳтаво миннатдории самимии худро  ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон изҳор намуд.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки ҳамкориҳои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Дафтари минтақавии Комиссари олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ минбаъд низ идома ва тақвият ёфта, ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳуқуқу озодиҳои инсон саҳмгузорӣ карда мешавад.

Вохӯрӣ дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ, озод ва пурмуҳтаво анҷом ёфт.

Хадамоти матбуотии ВҲИ

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор