Чорабинии иттилоотии Намояндагии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо сокинони ноҳияи Рӯшон
Дар доираи амалисозии «Соли маърифати ҳуқуқӣ» санаи 19- уми апрели соли 2024 дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯшон вохӯрии роҳбари Намояндагии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо сокинони ноҳияи Рӯшон ташкил ва гузаронида шуд.
Дар вохӯрии мазкур Фарзона Мастоншоева - роҳбари Намояндагии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон вобаста ба муҳимияти шуури ҳуқуқӣ дар замони муосир ва омилҳои таъсиррасон ба маърифати ҳуқуқии инсон баромад намуд.
Зимни вохӯрӣ оид ба нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии даврони Истиқлолият дар риоя, эҳтиром, ҳифз ва пешбурди ҳуқуқу озодиҳои инсон дар ҷумҳурӣ маълумоти муфассал пешниҳод карда шуд.
Инчунин, қайд карда шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид аксарияти кулли санадҳои байналмилалии соҳаи ҳуқуқи инсонро ба тасвиб расонида, ҷиҳати иҷрои саривақтӣ ва самараноки онҳо пайваста саъю талош меварзад.
Дар фарҷоми ҳамоиш намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯшон ба мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон миннатдорӣ баён намуда, таъкид намуд, ки чунин вохӯриҳо барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон такони тоза мебахшанд.
Хадамоти матбуотии ВҲИ