Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2024
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

Дар асоси дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №32/10-7947 аз 15 феврали соли 2023 ва иҷроиши банди 119-и Барномаи амали мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон барои соли 2024 ҷиҳати шарҳу эзоҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз” дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон санаи 4 июни соли 2024 дар ноҳияи Дарвоз, 5 июни соли 2024 дар ноҳияи  Ванҷ, 6 июни соли 2024 дар ноҳияи Рӯшон, 7 июни соли 2024 дар ноҳияи Роштқала  ва 08 июни соли 2024 дар ноҳияи Ишкошим  чорабиниҳои иттилоотӣ бо иштироки беш аз 350 нафар доир гардиданд.

Чорабинӣ бо ҳузури раисони ноҳияҳо ва кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисону кормандони ҷамотҳои шаҳраку деҳот, сармуҳаррирони рӯзномаҳои маҳаллӣ, хабарнигорон, кормандони соҳаи маориф, фаҳанг, кормандони муассисаҳои таълимӣ, кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила, кормандони соҳаи тиб ва ҳифзи иҷтимоӣ, ходимони дин, фаъолони ҷамъиятии ноҳияҳо баргузор гардид.

Чорабиниҳои мазкур аз ҷониби раисони ноҳияҳо ифтитоҳ ёфта, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобозода У. дар мавзӯи мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – ниҳоди миллии ҳифзи ҳуқуқи инсон ва зарурати қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз”, тарзи пешниҳоди ҳисоботҳо вобаста ба масъалаҳои табъиз ба мақоми амалисози Қонун баромад намуда, аз мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳо хоҳиш намуд, ки ба аҳолӣ мазмун ва моҳияти Қонуни нав фаҳмонида шуда, дар фаъолият масъалаҳои табъиз алоҳида аз дигар масъалаҳо баррасӣ гардида, ба пешниҳоди ҳисоботҳои ҳолатҳои табъиз ва нобаробарӣ диққати махсус зоҳир гардад. 

Сипас, Маҷидов П. – сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқ ба баробарӣ ва озодӣ аз табъиз дар мавзӯи “Шарҳи мафҳумҳои  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз” суханронӣ намуд.

Баъдан, Нидоев Ҳ. – муовини шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ дар мавзӯи “Салоҳият ва ваколати мақомоти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот оид ба масъалаҳои таъмини баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз” маърӯза кард.

Дар рафти чорабиниҳо аз ҷониби мушовири шуъбаи маорифи ноҳияи Ишкошим Айдарова М.Б. пешниҳод гардид,ки курсҳои омӯзишӣ, семинарҳо оид ба фанни ҳуқуқи инсон дар маҳалҳо зиёд карда шаванд.

Аз ҷониби раиси ҳизби халқии демократӣ дар ноҳияи Рушон оид ба механизми тарбияи ҷавонон савол ба миён омад. Инчунин аз ҷониби иштирокчиёни чорабинӣ пешниҳод гардид, ки оид ба гузаронидани ташхиси нафақаи маъюбӣ, ки ҳамасола аз Комиссияи махсус кӯдакони табоботнашаванда мегузаранд, дар қонунгузорӣ тағйирот ворид карда шавад. Вабаста ба саволҳои додашуда аз ҷониби баромадкунандагон посухҳои мушаххас ва маслиҳатҳои ҳуқуқӣ дода шуд.

Дар фарҷоми чорабинҳои раисони ноҳияҳои номбурдашуда ба мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои доир намудани чунин ҳамоиши мутақобилан судманд миннатдорӣ ва омодагии худро барои ҳамкориҳои минбаъда иброз намуданд.

    

Хадамоти матбуоти ВҲИ

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор