Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2024
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

Вохӯрии масъулини Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо коршиноси Дафтари Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон Дамелия Айтхожина

Санаи 2 августи соли 2024 дар толори хурди мақомоти  Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон вохӯрии масъулини Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо коршиноси Дафтари Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон (РКОҲИ) Дамелия Айтхожина баргузор гардид. Коршиноси РКОҲИ-ро дар мулоқоти мазкур мушовири Намояндагии РКОҲИ дар Тоҷикистон Сергей Штукарин ҳамроҳӣ намуд.

Вохӯрии мазкур дар доираи амалисозии тадқиқоти РКОҲИ дар соҳаи қонунгузорӣ ва амалияи пешгирии зӯроварии гендерӣ, ки дар ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон ва Тоҷикистон гузаронида мешавад, доир гардид.

Зимни мулоқот сараввал сардори шуъбаи байналмилалӣ, иттилоотӣ, таҳлилӣ ва ташкилии Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Аҳад Содиқов ба меҳмонон дар бораи дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳуқуқу озодиҳои инсон, таърих ва фаъолияти ниҳоди миллӣ оид ба ҳуқуқи инсон маълумоти мухтасар пешниҳод намуд.

Сипас хонум Айтхожина ба саволҳои худ дар доираи тадқиқоти зикршуда аз ҷониби масъулини Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҷавобҳои муфассал ва қонеъкунанда гирифт.

Дар анҷоми вохӯрӣ хонум Айтхожина барои қабули самимӣ ва вохӯрии пурмуҳтаво ба ҳозирин миннатдории худро баён намуда, изҳор дошт, ки аз натиҷаҳои пешакии ташрифи худ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод менамояд.

Тарафҳо омодагии худро ҷиҳати минбаъд низ тақвият додани ҳамкориҳо дар соҳаи ҳуқуқи инсон баён намуданд. Вохӯрӣ дар фазои кушод ва ҳамдигарфаҳмӣ доир гардид.

                                                                   Хадамоти матбуотии ВҲИ

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор