Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2024
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

Баргузории семинар-машварат оид ба риояи ҳуқуқи истифодабарандагони хизматрасониҳои молиявӣ ва ҳуқуқи соҳибкорон ва баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ба шаҳри Хоруғи ВМКБ

Санаи 29-31 июли соли 2024 тибқи фармони Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҷиҳати иҷрои  банди 120 Барномаи амали мақомоти муовини сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқи истифодабарандагони хизматрасониҳои молиявӣ ва ҳуқуқи соҳибкорон Расулзода Ҳ. ва сармутахассиси шуъба Раҷабов Б. барои ташкили баргузории семинар-машварат оид ба риояи ҳуқуқи истифодабарандагони хизматрасониҳои молиявӣ ва ҳуқуқи соҳибкорон ва баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ба шаҳри Хоруғи ВМКБ сафарбар шуданд.

Семинар-машварат оид ба риояи ҳуқуқи истифодабарандагони хизматрасониҳои молиявӣ ва ҳуқуқи соҳибкорон ва баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроия ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ бо иштироки муовини раиси шаҳр Ниятбеков Ғ. ва кормандони масъули самти иқтисодию иҷтимоии МИҲД-и шаҳри Хоруғ, намояндаи бонкҳо ва ассосиатчияҳои соҳибкороии хурду миёна, сокинони шаҳр ва ҷамоату деҳоти наздик (соҳибкорон) гузаронида шуд.

Чорабинии мазкур бо сухани ифтитоҳӣ аз ҷониби муовини раиси шаҳр оғоз гардида, аз ҷониби кормандони шуъба ва роҳбари намояндагии ВҲИ дар шаҳри Хоруғ вобаста ба “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон гардидани соли 2024, таъсиси ниҳоди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи истифодабарандагони хизматрасониҳои  молиявӣ ва ҳуқуқи соҳибкорон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақсаду вазифаҳои Шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқи истифодабарандагони хизматрасониҳои молиявӣ ва ҳуқуқи соҳибкорони Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иштирокчиён маърузаҳо ва маълумотҳои дахлдор пешниҳод карда шуд.

Дар анҷоми чорабинӣ масъулин бо иштирокчиёни семинар оид ба масъалаҳои мухталиф дар самти фаъолияти соҳибкорӣ, муносибатҳои ҳуқуқии бонкӣ ва дишар масъалаҳои дахлдошта суҳбатҳо гузаронида, ба саволҳои онҳо ҷавоб са маслиҳатҳои ҳуқуқии марбута пешниҳод карда шуд.

 

Хадамоти матбуотии ВҲИ ҶТ

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор