Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

March 2025
M T W T F S S
1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31

Мулоқоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода  бо роҳбари Дафтари минтақавии Раёсати Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид  оид ба гурезаҳо (UNHCR) барои Осиёи Марказӣ  Думитру Липкану

Санаи 5 марти соли 2025 мулоқоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода бо роҳбари Дафтари минтақавии Раёсати Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид  оид ба гурезаҳо (UNHCR) барои Осиёи Марказӣ Думитру Липкану ва роҳбари намояндагии Раёсати Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид   оид ба гурезаҳо дар Тоҷикистон  Иван Салеев баргузор гардид.

         Зимни суҳбат ҷонибҳо вобаста ба масъалаҳои гурезаҳо, шахсони бешаҳрванд ва дигар масъалаҳои марбут ба онҳо табодули афкор анҷом доданд. Ҳамчунин, ҳамкориҳои дуҷониба дар ин самт матраҳ гардид.

          Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода дар хусуси дастовардҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масъалаҳои гурезаҳо ва шахсони бешаҳрванд ибрози назар намуда, ёдовар шуд, ки дар маърузаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024 мавзуи махсус бо номи “Ҳифзи ҳуқуқи гурезаҳо ва шахсони бешаҳрванд” ҷой дода шуда, дар он маълумоти дахлдор доир ба масъалаи мавриди назар инъикос шудааст.

         Роҳбари Дафтари минтақавии UNHCR барои Осиёи Марказӣ Думитру Липкану аз дастовардҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон марбут ба масъалаҳои гурезаҳо ва шахсони бешаҳрванд изҳори хушнудӣ карда, густариши ҳамкориҳоро дар ин самт иброз намуд.

 

Хадамоти матбуотии ВҲИ

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор