Вохӯрии Умед Бобозода бо ҳайати намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Финляндия

Дар доираи амалисозии фаъолият дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар Тоҷикистон ва таҳкими ҳамкориҳо бо давлатҳои Аврупо Умед Бобозода - Ваклатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Финляндия хонум Ҳирвонен ва ҳайати ҳамроҳонаш мулоқот доир намуд. Меҳмононро зимни ташриф намояндаи Барномаи Рушди СММ дар Тоҷикисон хонум Шама Фаруг роҳнамоӣ намуд.
Зимни мулоқот пас аз муаррифии ҳайати ҷонибҳо Умед Бобозода ҳайати намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Финляндияро барои ташриф овардан ба мақомоти Ваклатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон миннатдорӣ изҳор намуд.
Бобозода Умед аз дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон ва санадҳои қабулшудаи стратегии кишвар, бахусус Стратегияи миллии ҳифзи ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2038, амалишавии қонунгузории зиддитабъизӣ ва дурнамои фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шуда, фаъолияти мақомотро муаррифӣ намуд ва оид ба ҳамкориҳои самарабахш бо ҳамтоён ва дигар мақомоти дахлдори давлатҳои хориҷӣ, аз ҷумла бо давлати Финляндия мушаххасан иттилоъ дод.
Дар рафти вохӯрӣ вобаста ба амалисозии чорабиниҳое, ки дар якҷоягӣ бо Вазорати корҳои хориҷии Финляндия дар доираи лоиҳаҳои Барномаи Рушди СММ дар Тоҷикистон зери унвони “Таҳкими волоияти қонун ва ҳуқуқи инсон барои тавонмандсозии мардум дар Тоҷикистон” ва “Мусоидат ба савдо дар Осиёи Марказӣ” амалӣ карда мешаванд ва дигар самтҳои фаъолият суҳбат доир гардид.
Инчунин, зимни вохӯрӣ ҳамкориҳои минбаъдаи дуҷониба байни Ваклатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Финляндия мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Дар рафти мулоқот хонум Ҳирвонен ва ҳайати ҳамроҳонаш барои пазироии дӯстона ба Умед Бобозода миннатдорӣ намуда, ҳавасмандии худро барои ҳамкориҳои минбаъдаи мутақобилан судманд дар самти ҳифзи ҳуқуқи изҳор намуданд.
Мулоқот дар руҳияи ҳусни тафоҳум баргузор гардида, ҷонибҳо омодагии худро барои ҳамкориҳои дуҷониба иброз намуданд.
Хадамоти матбуотии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон








