Мулоқоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода бо Комиссари олии
Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) оид ба корҳо бо ақаллиятҳои миллӣ Кристоф Капм

Санаи 16 майи соли 2025 Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода Комиссари олии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) оид ба корҳо бо ақаллиятҳои миллӣ Кристоф Капм ва ҳайати ҳамроҳонашро ба ҳузур пазируфт.
Зимни мулоқот ҷонибҳо вобаста ба ҳифзи ҳуқуқи инсон, бахусус ҳифзи ҳуқуқҳои ақаллиятҳои миллӣ ва масоили дигари марбут ба он табодули афкор анҷом доданд. Ҳамчунин, ҳамкориҳои дуҷониба дар ин самт матраҳ шуданд.
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода дар бораи дастовардҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон вобаста ба масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқҳои ақаллиятҳои миллӣ ибрози назар намуда, ёдовар шуд, ки дар Стратегияи фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 иттилои дахлдор марбут ба ҳифзи ҳуқуқҳои ақаллиятҳои миллӣ ҷой дода шудааст.

Зимнан, Умед Бобозода ба саволҳои сершумори Комиссари олии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) оид ба корҳо бо ақаллиятҳои миллӣ Кристоф Капм посухҳои мушаххас дод.
Кристоф Капм аз дастовардҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масъалаҳои ақаллиятҳои миллӣ изҳори хушнудӣ карда, густариши ҳамкориҳоро дар ин самт таъкид намуд.
Хадамоти матбуотии ВҲИ








