Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2025
M T W T F S S
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 31

 

 Тибқи Стратегияи фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон  барои солҳои 2021-2025 мусоидат ба пешгирии зӯроварӣ дар оила яке аз самтҳои афзалиятноки мақомот ба ҳисоб меравад.

 

Бо мақсади амалӣ гардонидани ин самти стратегии фаъолият ва иҷрои Барномаи амали мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025 санаи 22 – 25 октябри соли 2025 аз ҷониби муовини сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ Машрабзода А. санҷиши фаъолияти нозирони минтақавии ШВКД дар ноҳияи Сангвор дар самти пешгирии зӯроварӣ дар оила ва ҳуҷраи тавонбахшии тиббию иҷтимоӣ барои ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила гузаронида шуд.

Фаъолияти нозирони минтақавӣ дар ноҳияи мазкур дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила” ба роҳ монда шуда, дар ин самт корҳои судманд, аз ҷумла қабул ва баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон, сӯҳбату вохӯриҳо дар байни аҳолӣ, иштирок дар мурофиаҳои судӣ, кор бо оилаҳои осебпазир ва дигарҳо амалӣ карда мешаванд.

  Зимни сафари мазкур инчунин фаъолияти ҳуҷраи тавонбахшии тиббию иҷтимоӣ барои ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила, ки дар бинои Беморхонаи марказии ноҳия ҷойгир аст, мавриди санҷиш қарор дода шуд.

 Маълум гардид, ки дар ноҳия ҳуҷраи тавонбахшии тиббию иҷтимоӣ барои ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила ташкил карда нашуда, ба ҷабрдидагони зӯроварӣ ва хушунати хонаводагӣ дар ҳуҷраи Маркази солимгардонии репродуктивӣ танҳо машварат дода мешавад.

Ҳамзамон дар доираи сафари мазкур 24 октябр  бо  намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, бахши кор бо занон ва оила, раисони ҷамоатҳо, раисони маҳаллаҳо, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва фаъолон дар мавзуи “Пешгирии зӯроварӣ дар оила” мизи мудаввар гузаронида  шуд. Дар мизи мудаввар ба ҳозирин дар бораи сиёсати давлат дар самти риоя ва эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, талаботи қонунгузории ҷумҳурӣ вобаста ба таъмини ҳуқуқҳои занон, кӯдакон, санадҳои байналмилалии ба тасвиб расонидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт, тавсияҳои кумитаҳои дахлдори СММ, иҷрои уҳдадориҳои давлат дар ин самт, фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, “Тартиби қабул ва баррасии муроҷиати занон ва духтарон-ҷабрдидагони зӯроварии шаҳвонӣ ва гендерӣ дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, таъмини баробарии гендерӣ, пешгирии зӯроварӣ дар оила маълумоти муфассал пешниҳод гардид.

 

 Иштирокчиён аз баргузор намудани мизи мудаввар изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз доштанд, ки чунин чорабиниҳо барои пешбурди фаъолияти самаранок дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон муфиданд. 

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор