Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2025
M T W T F S S
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 31

 Дар асоси Барномаи амали мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025 муовини  сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Машрабзода А., дар якҷоягӣ бо Намояндагии мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Суғд Ҳамидова Ҳ.Н. ва Маҳмадҷонова М.Д.  рӯзҳои  28-30 октябри соли 2025 санҷиши вазъи риояи ҳуқуқи занон, фаъолияти ҳуҷраи машваратии равонӣ-ҳуқуқӣ дар шаҳри Хуҷанд, гузаронида шуд.

 

Тибқи маълумоти омории шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд шумораи аҳолии шаҳри Хуҷанд 208 000 нафар буда, аз ин шумора 104,2 ҳазорашро занону духтарон ташкил медиҳанд. Аз ҳисоби занони шаҳр 1 нафар узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1 нафар вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2 нафар вакилони Маҷлиси халқи вилояти Суғд ва 15 нафар вакили Маҷлиси вакилони шаҳри Хуҷанд мебошанд. Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд 51 нафар занон фаъолият дошта 14 нафар хизматчии давлатӣ ва дар мансабҳои роҳбарикунандаи хизмати давлатӣ 5 нафар занони роҳбар, ки 1 нафар  дар мансаби муовини раиси шаҳри Хуҷанд, 39 нафар ҳамчун директори МТМУ, 6 нафар ба ҳайси сардухтури беморхона кору фаъолият доранд.

Зимни сафари мазкур инчунин фаъолияти ҳуҷраи машваратии равонӣ-ҳуқуқӣ дар шаҳри Хуҷанд барои зӯроварон дар оила, ки дар  Бинои матбуот ҷойгир аст, мавриди санҷиш қарор дода шуд.

Дар ин давра 112 муроҷиат ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин шумора 86 муроҷиати шифоҳӣ, 8 муроҷиати электронӣ, 12 муроҷиати телефонӣ ва 6 муроҷиати такрорӣ мебошад.

Муроҷиатҳо аз ҷониби занон 64 адад, аз ҷониби мардон 18 адад ва аз ҷониби ноболиғон 30 ададро ташкил медиҳад.

Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки зӯроварӣ бештар аз ҷониби шавҳарон, ҳамсарон ва фарзандон содир карда мешавад, ки бештари онҳо зӯроварии равонӣ ва иқтисодӣ мебошанд.

 

 Ҳамзамон дар доираи сафари мазкур бо ҷалби намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, раисони маҳаллаҳо, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва фаъолони шаҳри Хуҷанд дар мавзуи “Пешгирии зӯроварӣ дар оила” мизи мудаввар гузаронида  шуд. Дар мизи мудаввар ба ҳозирин дар бораи сиёсати давлат дар самти риоя ва эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, талаботи қонунгузории ҷумҳурӣ вобаста ба таъмини ҳуқуқҳои занон, кӯдакон, санадҳои байналмилалии ба тасвиб расонидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт, тавсияҳои кумитаҳои дахлдори СММ, иҷрои уҳдадориҳои давлат дар ин самт, фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, “Тартиби қабул ва баррасии муроҷиати занон ва духтарон-ҷабрдидагони зӯроварии шаҳвонӣ ва гендерӣ дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, таъмини баробарии гендерӣ, пешгирии зӯроварӣ дар оила маълумоти муфассал пешниҳод гардид.  Масъалаҳои мазкур мавриди муҳокимаи ҳамаҷониба қарор дода шуда, дар навбати худ ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд байни субъектони пешгирии зӯровари дар оила пешниҳодҳо манзур гардиданд.

Иштирокчиён аз баргузор намудани чунин вохӯрӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз доштанд, ки ин вохӯриҳо барои пешбурди фаъолияти самаранок дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон муфиданд.   

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор