Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2025
M T W T F S S
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 31

 Сафари кории кормандони мақомоти  Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба шаҳри Левакант

Дар асоси Барномаи амали мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025 муовини  сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Машрабзода А. рӯзҳои  4-5 ноябри соли 2025 санҷиши вазъи риояи ҳуқуқи занон, фаъолияти ҳуҷраи машваратии равонӣ-ҳуқуқӣ дар шаҳри Левакант, гузаронида шуд.

 

Бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант фаъолияти худро дар асоси Конститутсия, қонунҳо, қарорҳои Ҳукумати ҶумҳурииТоҷикистон стратегия ва барномаҳои давлатӣ ба роҳ монда, ҷиҳати масъалаҳои пешгирии зӯроварӣ дар оила корҳои зиёдеро ба анҷом расонидааст.

Аз ҷумла, дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант  шурои байниидоравӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила фаъолият мекунад, ки рафти иҷрои қарори раиси вилояти Хатлон аз 26.12.2024 №689  оид ба баррасии масъалаҳои пешгирии зӯроварӣ дар оила ва сабабу омилҳои пошхурии оилаҳоро пайваста назорат менамояд.

Тибқи маълумоти оморӣ соли ҷорӣ ба Бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант 42 нафар (21 нафар зан, 19 нафар мард, 2 нафар ноболиғ) шаҳрвандон муроҷиат намуданд, ки баҳри пош нахурдани оилаҳои ҷавон ва таъмини пойдории онҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шудааст. Аз ин шумора 3 адад муроҷиати хаттӣ, 32 адад муроҷиати шифоҳӣ, 5 адад муроҷиати телефонӣ ва 2 адад муроҷиати такрорӣ мебошад.

Зимни сафари мазкур инчунин фаъолияти ҳуҷраи машваратии равонӣ-ҳуқуқӣ дар шаҳри Левакант барои зӯроварон дар оила, ки дар  бинои Қасри фарҳанг ҷойгир аст, мавриди санҷиш қарор дода шуд.

Дар ин давра 18 муроҷиати шифоҳӣ ба қайд гирифта шудааст, ки 1 адад муроҷиати такрорӣ мебошад.

Муроҷиатҳо аз ҷониби занон 6 адад, аз ҷониби мардон 12 ададро ташкил медиҳад.

Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки зӯроварӣ бештар аз ҷониби шавҳарон ва хушдоманон ва дигар аъзои оила содир карда мешавад, ки бештари онҳо зӯроварии ҷисмонӣ, равонӣ ва иқтисодӣ мебошанд.

   Ҳамзамон дар доираи сафари мазкур бо ҷалби намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, раисони маҳаллаҳо, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва фаъолони шаҳри Левакант дар мавзуи “Пешгирии зӯроварӣ дар оила” мизи мудаввар гузаронида  шуд. Дар мизи мудаввар ба ҳозирин дар бораи сиёсати давлат дар самти риоя ва эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, талаботи қонунгузории ҷумҳурӣ вобаста ба таъмини ҳуқуқҳои занон, кӯдакон, санадҳои байналмилалии ба тасвиб расонидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт, тавсияҳои кумитаҳои дахлдори СММ, иҷрои уҳдадориҳои давлат дар ин самт, фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, “Тартиби қабул ва баррасии муроҷиати занон ва духтарон-ҷабрдидагони зӯроварии шаҳвонӣ ва гендерӣ дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, таъмини баробарии гендерӣ, пешгирии зӯроварӣ дар оила маълумоти муфассал пешниҳод гардид.  Масъалаҳои мазкур мавриди муҳокимаи ҳамаҷониба қарор дода шуда, дар навбати худ ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд байни субъектони пешгирии зӯровари дар оила пешниҳодҳо манзур гардиданд.

Иштирокчиён аз баргузор намудани чунин вохӯрӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз доштанд, ки ин вохӯриҳо барои пешбурди фаъолияти самаранок дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон муфиданд.

 

 

 

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор