Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2024
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

Протоколи иловагӣ ба Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф (минбаъд Конвенсияи зидди шиканҷа) 18 декабри соли 2002 дар иҷлосияи 57-уми Ассамблеяи Генералии СММ бо қарори A/RES/57/199 қабул шуда, 22 июни соли 2006 эътибори ҳуқуқӣ пайдо кардааст.

Тавре аз мазмуни моддаи 1 Протоколи мазкур бармеояд, мақсади он таъсис додани низоми ташрифи мунтазами мақомоти мустақили байналмилалӣ ва миллӣ бо мақсади пешгирии шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф дар ҷойҳои маҳрум кардан аз озодӣ мебошад.

Тибқи моддаи 4 Протокол ба мафҳуми «ҷойҳои маҳрум кардан аз озодӣ» метавонанд ҷойҳое, ки расман макони нигоҳдории ҳабс нестанд, вале дар онҳо одамони аз озодӣ маҳрумшуда қарор доранд, мансуб бошанд. Ба доираи амали моддаи 4 Протокол ҷойҳои воқеии маҳрум кардан аз озодӣ, аз ҷумла инҳо мансубанд:

  • ҷойҳои нигоҳдории мақомоти политсия;
  • изолятори (тавқифгоҳи) тафтишотӣ;
  • муассисаҳои иҷрои ҷазои ҷиноятӣ;
  • қабулгоҳ-таҳвилгоҳ барои ноболиғон;
  • марказҳои боздошти гурезаҳо ва муҳоҷирони боздоштшуда;
  • муассисаҳои психиатрӣ ва наркологӣ;
  • муассисаҳои иҷтимоӣ;
  • ҷойҳои нигоҳдории таҳти тобеияти муассисаҳои ҳарбӣ;
  • минтақаҳои транзитӣ дар бандарҳои байналмилалӣ;
  • ҷойҳои дастгиркунии маъмурӣ.

 Тавре аз моддаи 17 Протокол бармеояд, ҳар як давлати иштирокчӣ на дертар аз як соли пас аз эътибор пайдо кардани Протоколи мазкур ё тасдиқ ё ҳамроҳшавӣ ба он дар сатҳи миллӣ як ё якчанд мақомоти ташрифоварандаро барои пешгирии шиканҷа (минбаъд Механизмҳои пешгирикунандаи миллӣ) таъсис медиҳад, таъин мекунад ё дастгирӣ менамояд.

Илова ба ин давлати иштирокчӣ бояд мустақилияти фаъолият ва ҳайати шахсии Механизмҳои пешгирикунандаи миллиро кафолат дода, барои доштани иқтидор, захираҳои барои фаъолияти онҳо зарурбуда ва дониши зарурии касбии аъзои ин механизмҳо, инчунин таъмини тавозуни гендерӣ ва намояндагии мутаносиби гурӯҳҳои этникӣ ва ақаллиятҳои дар кишвар сукунатдошта чораҳои зарурӣ андешад.

Бо мақсади таъмини иҷрои ваколатҳои Механизмҳои пешгирикунандаи миллӣ ба онҳо бояд ваколатҳои мунтазам баррасӣ намудани масъалаҳои муносибат бо шахсони аз озодӣ маҳрумшуда дар љойҳои ҳабс, ба мақомоти дахлдор пешниҳод намудани тавсияҳо оид ба беҳтар намудани муносибат ва шароити нигоҳдории шахсони аз озодӣ маҳрумшуда, пешгирии шиканља ва ирсоли пешниҳоду эродҳо ба қонунгузории амалкунанда ё лоиҳаҳои қонунҳо дода шавад.

Бо ин мақсадҳо давлати иштирокчӣ бояд барои иҷрои ваколатҳои Механизмҳои пешгирикунандаи миллӣ шароитҳои зеринро муҳайё намояд:

- дастрасӣ ба ҳама гуна иттилоот дар бораи шумораи шахсони аз озодӣ маҳрумшуда дар ҷойҳои ҳабс, инчунин шумораи чунин ҷойҳо ва маҳалли ҷойгиршавии онҳо;

- дастрасӣ ба ҳама гуна иттилоот дар бораи муносибат бо ин шахсон, инчунин шароити дар ҳабс нигоҳ доштан;

- дастрасӣ ба ҳама ҷойҳои ҳабс, сохторҳо ва иншооти онҳо;

- имконияти сӯҳбатҳои инфиродӣ бо шахсони аз озодӣ маҳрумшуда бе иштироки шоҳидон, шахсан ё дар ҳолати зарурӣ тавассути тарҷумон, инчунин бо ҳар шахси дигаре, ки ба ақидаи аъзои Механизмҳои миллии пешгирикунанда метавонанд маълумоти дахлдор пешниҳод кунанд;

- ҳуқуқи бемонеа интихоб намудани ҷойҳои ташриф ва шахсоне, ки бо онҳо сӯҳбат кардан мехоҳанд;

- ҳуқуқи дар тамос будан, фиристодани маълумот ва мулоқот бо Зеркумита оид ба пешгирӣ.

Бояд қайд кард, ки маълумоти махфӣ, ки аз ҷониби Механизмҳои миллии пешгирикунанда ҷамъоварӣ карда мешаванд, ифшо карда намешавад. Маълумоти шахсӣ танҳо бо розигии бевоситаи шахси манфиатдор нашр карда мешавад.

Мақомоти салоҳиятдори давлати иштирокчии дахлдор тавсияҳои Механизми миллии пешгирикунандаро меомӯзанд ва бо он (онҳо) оид ба чораҳои имконпазири амаликунӣ муколама мекунанд.

Давлати иштирокчии ин Протокол вазифадор мешавад, ки маърўзаҳои солонаи Механизмҳои миллии пешгирикунандаро нашр ва паҳн намояд.

Мавриди зикр аст, ки тибқи моддаи 27 Протоколи мазкур  он бояд аз ҷониби ҳар як давлате, ки Конвенсияи зидди шиканљаро тасдиқ кардааст ё ба он ҳамроҳ шудааст, тасдиқ карда шавад. Љумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи зидди шиканља ҳамроҳ гардидааст.

Кумитаи зидди шиканҷа, Кумита оид ба ҳуқуқи кӯдаки СММ, давлатҳои аъзои Шурои СММ оид ба ҳуқуқи инсон аз натиљаи баррасии Гузоришҳои миллии Тоҷикистон ба Ҳукумати Тоҷикистон тавсия намудаанд, ки Протоколи иловагӣ ба Конвенсияи зидди шиканҷаро ба тасвиб расонад ва Механизми миллии пешгирии шиканҷаро таъсис диҳад.

Омўзиши масъалаи ба тавсиб расонидани Протоколи мазкур дар Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2012 ва 7 июни соли 2017 доир ба Нақшаи миллии Тоҷикистон оид ба татбиқи тавсияҳои давлатҳои аъзои Шурои СММ оид ба ҳуқуқи инсон вобаста ба Шарҳи умумии даврии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст.

Бо мақсади амалӣ намудани Нақшаи мазкур моҳи декабри соли 2012 Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар бораи таъсиси гурӯҳи кории муштарак оид ба мониторинги ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ ҳамчун модели «Омбудсмен +» бо Эътилофи ТҒД бар зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф бо ташаббус баромад намуд.

Бо Фармони Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон аз 6 августи соли 2013 Гурӯҳи корӣ оид ба пешбурд ва батасвибрасонии Протоколи иловагии Конвенсияи зидди шиканҷа, ки аз 12 намояндагони мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ иборат мебошад, таъсис дода шуд.

Гурӯҳи корӣ бо ваколатҳои ҳамоҳангсозӣ ва бо ташкили раванди кори механизми мониторингӣ таъмин буда, ба таври пилотӣ намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Парламент, прокуратура ва мақомоти судӣ, инчунин доираҳои академӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва аъзои гурӯҳи Эътилофи зидди шиканҷаро дар бар мегирад.

Айни ҳол Гурӯҳи корӣ фаъолияти худро дар самти ба тавсиб расонидани Протоколи иловагӣ давом дода истодааст.

Ба тасвиб расонидани Протоколи иловагӣ дар самти муқовимати самаранок бар зидди шиканҷа мувофиқи мақсад буда, лозим меояд, ки таҳлили қонунгузории миллӣ дар хусуси мувофиқати он бо меъёрҳои Протоколи мазкур анҷом дода шавад.


Ашуров М.,

Сардори Шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои

шаҳрвандӣ ва сиёсии Дастгоҳи ВҲИ ҶТ

 

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор