Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2024
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

Аз нуқтаи назари ҳуқуқи байналмилалӣ, истифодаи шиканҷа вайронкунии ҷиддии ҳуқуқи инсон ба шумор рафта, бо як қатор санадҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ба танзим дароварда мешавад.

Озодӣ аз шиканҷа ҳуқуқи мутлақи инсон буда, дар ҳеҷ сурат маҳдуд карда намешавад.

Стандартҳои байналмилалии ҳуқуқи инсон манъи пурраи истифодаи шиканҷаро муқаррар намуда, давлатҳои иштирокчиро вазифадор менамоянд, ки шахсони содиркунандаи шиканҷаро ба ҷавобгарӣ кашида, ҷуброни зарари ҷабрдидаи шиканҷаро кафолат диҳанд.

Чи хеле қайд гардид, ҳуқуқ ба озодӣ аз шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф ва манъи истифодаи шиканҷа дар Эъломияи ҳуқуқи инсон, Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ, Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф, Эъломия ва Барномаи амали Вена, Кодекси рафтори кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ оид ба нигоҳ доштани тартиботи ҳуқуқӣ, Маҷмӯи принсипҳои ҳимояи ҳама ашхоси дар ин ё он шакл таҳти боздошт ё ҳабс қарордошта, Принсипҳои одоби тиббӣ, Роҳнамо оид ба тафтишоти самаранок ва ҳуҷҷатгузории шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф (Протоколи Инстамбулӣ) ва дигар санадҳои байналмилалӣ пешбинӣ шудааст.

Моддаи 5 Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон эълон медорад, ки «Ҳеҷ кас набояд таҳти шиканҷа ё муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шарафи ӯ қарор дода шавад».

Манъи шиканҷа бо мазмуне, ки дар моддаи 5 Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон омадаст, дар моддаи 7 Паймони байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ пешбинӣ шудааст.

Дар моддаи 1 Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф омадааст, кишиканҷа ҳар амале мебошад, ки тавассути он ба ягон шахс қасдан ё бо дигар сабаби ба табъизи ҳама гуна хусусият асосёфта дарду азоби сахти ҷисмонӣ ё рӯҳӣ расонида мешавад, то ки аз ӯ ё шахси сеюм маълумот ё баёнот гиранд, ӯро барои амалҳои содиркардаи ӯ ё шахси сеюм ё барои гумонбар шуданаш дар содир намудани ин амалҳо ҷазо диҳанд, инчунин ӯ ё шахси сеюмро тарсонанд ё маҷбур созанд, агар чунин дард ё азоб аз ҷониби шахси мансабдори давлатӣ ё шахси дигари расмӣ ё бо шӯрангезии онҳо ё бо огоҳӣ ё розигии хомӯшонаи онҳо расонида шавад».

Конвенсияи мазкур муқаррар менамояд, ки давлатҳои аъзо бояд шиканҷаро тибқи қонунҳои миллии худ ҳамчун ҷиноят баррасӣ ва барои истифодаи он ҷавобгарӣ пешбинӣ намоянд.

Бо қабули Эъломия ва Барномаи амали Вена дар Конфронси умумиҷаҳонии ҳуқуқи инсон 25 июни 1993 давлатҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид ӯҳдадорӣ гирифтанд, ки ҳуқуқу озодиҳои асосии инсонро эҳтиром ва ҷиҳати амалишавии воқеии ҳуқуқи инсон чораҳои инфиродию дастаҷамъона ва барномаҳо қабул мекунанд.

Банди 5 қисми В («Озодӣ аз шиканҷа») Эъломия ва Барномаи амал эълон медорад, ки «Конфронси умумиҷаҳонӣ оид ба ҳуқуқи инсон аз тасвиби Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф истиқбол мекунад ва даъват менамояд, ки он аз ҷониби ҳамаи дигар давлатҳои иштирокчӣ ба тасвиб расонида шавад.

Моддаи 5 Кодекси рафтори кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ оид ба нигоҳ доштани тартиботи ҳуқуқӣ, ки бо қатъномаи Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид 34/169  аз 17 декабри соли 1979 қабул шудааст, эълон медорад, ки “Ҳеҷ як шахси мансабдор оид ба нигоҳ доштани тартиботи ҳуқуқӣ наметавонад амалӣ намояд, барангезад ё бо таҳаммул муомила намояд нисбати ҳар амале, ки ифодакунандаи шиканҷа ё дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф бошад ва ҳеҷ як шахси мансабдор оид ба нигоҳ доштани тартиботи ҳуқуқӣ наметавонад фармони (амри) шахси  болоӣ ё чунин ҳолатҳои истисноӣ, ба мисли вазъи ҷангӣ ё таҳдиди ҷангӣ, таҳдид ба бехатарии миллӣ, ноустувории дохилии сиёсӣ ё ҳар гуна вазъи фавқуллодаро барои сафед кардани шиканҷа ё дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф асос намояд.

Принсипи 6 Маҷмӯи принсипҳои ҳимояи ҳама ашхоси дар ин ё он шакл таҳти боздошт ё ҳабс қарордошта, ки бо қатъномаи Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид 43/173  аз 9 декабри соли 1988 қабул шудааст, эълон медорад, ки "Ҳеҷ як шахси боздоштшуда ё зиндонӣ набояд мавриди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф қарор гирад. Ҳеҷ як ҳолат шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шарафро сафед карда наметавонад”.

Принсипҳои одоби тиббӣ, ки ба нақши кормандони соҳаи тандурустӣ, махсусан табибон дар ҳифзи маҳкумшудагон ва боздоштшудагон аз шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф марбутанд (аз 18 декабри соли 1982), эълон медорад, ки "Кормандони соҳаи тандурустӣ, алахусус табибоне, ки ба маҳкумшудагон ё боздоштшудагон ёрии тиббӣ мерасонанд, вазифадоранд, ки солимии ҷисмонӣ ва рӯҳии онҳоро ҳифз кунанд ва табобати бемориҳоро бо ҳамон сифат ва сатҳи муолиҷа, ки ба ашхоси маҳкумнашуда ё боздоштнашуда расонида мешавад, таъмин кунанд."

Ҳамчунин “Кормандони соҳаи тандурустӣ, хусусан табибон, вайронкунии ҷиддии одоби тиббӣ, инчунин тибқи ҳуҷҷатҳои байналмилалии дахлдор ҷиноят содир мекунанд, агар онҳо фаъолона ё ғайрифаъолона амалҳое содир кунанд, ки иштирок ва шарикиро дар шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф ифода намоянд, ё таҳрик ба содиркунии онҳо ё кӯшиши содир кардани онҳоро намоянд”.

Роҳнамо оид ба тафтишоти самаранок ва ҳуҷҷатгузории шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф (Протоколи Инстамбулӣ) аввалин маҷмӯи роҳнамои байналмилалӣ оид ба ҳуҷҷатгузории шиканҷа ва оқибатҳои он ба шумор рафта, стандартҳо ва расмиёти эътирофшудаи байналмилалии дарёфткунӣ ва ҳуҷҷатгузории аломатҳои шиканҷаро бо мақсади истифодаи ҳуҷҷатҳо ҳамчун далел дар суд дарбар мегирад.

Протоколи мазкур барои табибон ва ҳуқуқшиносон барои тафтиши ҳолатҳои шиканҷа шудани шахс ва пешниҳоди натиҷа ба мақомоти судӣ ва дигар мақомоти тафтишотӣ ҳамчун дастури муфид ба шумор меравад.

Мувофиқи мақсад аст, ки ҳангоми арзёбии вазъи онҳое, ки мавриди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф қарор гирифтаанд ва тафтиши ҳамаҷониба, фаврию беғаразона ва ҳуҷҷатгузории парвандаҳо вобаста ба ин кирдорҳо стандартҳои байналмилалии мазкур ба  роҳбарӣ гирифта шаванд.

 

Ашуров М., Сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсии Дастгоҳи ВҲИ

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор