Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2024
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

Вазъи сиёсии минтақаи Осиёи Марказӣ дар даврони ҷаҳонишавӣ мураккаб боқӣ мемонад. Тоҷикистон дар фазои минтақа ҳамчун давлати соҳибихтиёр дар муқобили ҳама гуна таҳдиду хатарҳои террористону ифротгароён мубориза мебарад ва устувории худро дар баробари бадхоҳонаш кафолат медиҳад.

Таърихи инсоният гувоҳи он мебошад, ки терроризм ва экстремизм ҳанӯз аз замонҳои қадим вуҷуд доштанд ва дар шаклу усулҳои гуногун зуҳур карда, ба зуҳуроти хатарноки умумиинсонӣ табдил ёфтааст.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки терроризм ва экстремизм, на танҳо ба давлати алоҳида, балки ба ҳамаи давлатҳо новобаста ба тараққиёт ва ҷойгиршавӣ таҳдиди бевосита мекунад. Бинобар ин, давлатҳоро лозим аст, ки дар самти муқовимат ба терроризм ва экстремизм, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, сулҳу субот, ягонагӣ ва амният, пешгирии сокинони сайёра ва безараргардонии экстремистону террористон чораҳои қатъӣ андешида, қонунгузории миллиашонро дар самти мазкур такмил диҳанд.

Мавриди зикр аст, ки махусус ҷавонон дар самти мазкур осебпазир буда, маводҳои таблиѓотии дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳншударо тез қабул менамоянд. Ҳарчанд тибқи моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», падару модар уҳдадоранд, ки масъалаи аз ҷониби фарзандон мақсаднок истифода бурдани интернетро пайваста назорат бурда, бояд кӯшиш ба харҷ диҳанд, ки истифобарии он ба таълиму тарбияи онҳо мувофиқ бошад. Аммо дар амалия ин талаботи қонунгузорӣ на ҳама вақт риоя мегардад.

Чунончи, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 23 апрели соли 2014 ироа гардид, қайд намуда буданд: «шабакаҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, аз ҷумла интернет, аз ҷониби шахсон ва гурӯҳҳои алоҳидаи ҷиноятпеша бо мақсади ҷиноятҳои киберӣ, яъне, барои паҳн намудани ғояҳои ифротгароёнаву тундравона, бахусус, дар байни ҷавонон ва ноболиғон, ба таври васеъ истифода мегарданд. Вобаста ба ин, ҳамаи мақомоти давлатӣ вазифадоранд, ки дар соҳаи мубориза бо ҷинояткорӣ ва ҳуқуқвайронкунӣ дар ҷомеа, алалхусус, дар байни наврасону ҷавонон, бо дарназардошти воқеияти имрӯза, аз ҷумла пешгирӣ кардани таъсири манфии ҷаҳонишавии фарҳангӣ ва дар ин раванд таъмин намудани амнияти иттилоотӣ, тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ намоянд».

Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат соли 2014 ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда шуда, мутобиқи моддаи 4011 ҷихати ҷалб ва иштироки ѓайриқонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони бешаҳрванд дар воҳиди мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо ба гунаҳкорон ҷазои маҳрум кардан аз озодиро ба муҳлати аз дувоздаҳ то бист сол муқаррар мекунад.

Таҳлили вазъ нишон медиҳад, ки ҳоло ҳам баъзе шахсони манфиатҷу аз нақшаҳои нопоку ғаразнокашон даст накашида, талош доранд мардумро ба таҳлука андохта, вазъро дар ҷумҳуриҳои пешрафта ноором созанд. Бо дарназардошти вазъи мураккаби баамаломада аҳли ҷомеа, аз ҷумла ҷавононро лозим аст, ки ҳамеша ҳушёру зирак бошанд ва ба дасисаҳои ифротгароён дода нашаванд.

Дар баробари ин бояд зикр намуд, ки нақши паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат дар самти муқовимат ба терроризму экстремизм ва дигар ҷиноятҳо хеле муҳим мебошанд. Зеро дар онҳо аз ҷониби Сарвари давлат роҳу усули пешгирӣ намудани ин зуҳуроти номатлуб, муайян карда шудааст ва дар заминаи онҳо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дахлдор дар самти мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм таҳияву қабул мегарданд, ки ба волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини амнияти ҷомеа ва давлат, ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ ва таҳкими ваҳдати миллӣ равона карда шудаанд.

Дар самти мубориза бар зидди эктремизм ва терроризм дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон низ пайваста чораандешӣ карда мешавад. Аз ҷумла дар дарсҳои омӯзишӣ, ки барои кормандон роҳандозӣ шудааст, ба масъалаҳои пешгирии эктремизм ва терроризм аҳамияти махсус дода мешавад. Дар рафти дарсҳои омӯзишӣ барои кормандон дар мавзӯи «Нақши хизматчии давлатӣ дар пешгирии гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои эктремистӣ» баромадҳо пешбинӣ шуда, оид ба оқибатҳои номатлуби кирдорҳои мазкур маълумот дода мешавад.

Бояд қайд намуд, ки ҳар як фарди бо нангу номуси ҷомеаро лозим аст, ки имрӯзҳо ба қадри сулҳу субот ва оромӣ бирасад ва онро эҳтиром ва ҳифз намояд. Зеро маҳз бо баракати ваҳдат ва сулҳу оромӣ давлати ҷавони Тоҷикистон ба ҳадафҳои некбинонаи худ мерасад, ки шарти ҳатмӣ ва асоси боэътимоди рушди иқтисодиёт ва иҷтимоиёти кишвар мебошад.

 

Корманди мақомоти Ваколатдор

оид ба ҳуқуқи инсон                                       

Салоҳидинзода М.М  

 

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор