Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2024
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

Ваҳдати миллӣ падидаи фарҳангӣ ва иҷтимою сиёсие мебошад, ки ҳамчун омили муҳими рушд ва унсури заминавӣ дар раванди ташаккул ва такоммули аркони зарурӣ - ҳаётии ҷомеа ва давлатдории миллӣ шароити мусоид фароҳам меорад. Бахусус, дар таърихи муосири давлатдории миллии тоҷикон, падидаи ваҳдати миллӣ дар самти ба вуҷуд овардани шароити мусоид барои рушди устувори ҳокимияти давлатӣ инъикоси моҳияти демократии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кафолати конститутсионии эътироф, риоя ва ҳифз гардидани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд нақши муҳим бозидааст. 

Бо ба даст овардани  Истиқлолияти давлатӣ ва мантиқан гузаштан ба марҳилаи нави рушд, вобаста ба вазъи сиёсӣ ва иҷтимоию ҳуқуқии ҷаҳони муосир, раванди таҳаввулпазирӣ ва шароитҳои инкишофёбии муносибатҳои ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақозо менамуд, ки ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон дар мундариҷаи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ тавсеа ёфта, дар сатҳи Конститутсияи кишвар мустаҳакам гардида, ба сифати таъиноти меҳварии қонунгузории миллӣ ва принсипи асосии фаъолияти субъектҳои ҷомеа ва давлат бозтоб гардад. Аммо, дар оғози ин марҳилаи инкишофи таърихии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вобаста бо ҷанги шаҳрвандии таҳмилии бавуқӯъомада ҳолати ҳуқуқӣ ва фаъолияти воқеии ниҳодҳои ҷамъиятӣ ва давлатӣ дар сатҳи зарурӣ қарор надошт. Нооромиҳои кишварро фарогирифта ҳамаи шохаҳои ҳокимияти давлатӣ ва фаъолияти субъектони ҳуқуқии ҷомеаро фалаҷ намуда, ба манфиатҳои қонунии давлат ва шаҳрванд хатари ҷиддӣ ба бор оварда буд.

Дар ин айём гарчанде, ки дар заминаи Конститусияи ҶШС Тоҷикистон соли 1978 (ки то соли 1994 мавриди амал қарор дошт) ва баъдан, дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 меъёрҳои алоҳида марбут ба таъмини ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба танзим дароварда шуда, ин таъинот ҳамчун вазифаи конститутсиониии мақомоти судӣ дар низоми мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар муқаррар гардида буд, аммо базаи ҳуқуқии моддӣ-техникии комилан фаъолияти судяҳо ва мустақилияти судҳоро таъминкунанда вуҷуд надошт. Санадҳои меъёрии то ин замон амалкунандае, ки  масъалаҳои марбут ба махсусиятҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, бахусус сохтори судӣ, мақоми судяҳо ва дигар ҳолатҳои ба фаъолияти мақомоти судӣ дахлдоштаро ба танзим медароварданд мустақилияти судҳо ва танҳо ба қонун итоат кардани онҳоро таъмин карда наметавонистанд, ки ин ҳолат барои воқеона амалӣ гардидани ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд монеа ба вуҷуд меовард.  

Барои пайдо намудани роҳҳалҳои чунин мушкилотҳо роҳбарияти олии давлати ҷавони соҳибистиқлоли Тоҷикистон, аз тамоми имкониятҳо мақсаднок истифода намуданд, то ки ба истиқрои сулҳи комил ва суботи сиёсӣ мушараф гардида, муназзамии ҳокимияти давлатиро барқарор намуда, рушди устувори давлатдории муосири миллиро дар шароити пурташаннуҷи авзои ҷаҳони кунунӣ ба роҳ монанд. Дар ин росто «нақши созандаи сулҳу ваҳдат махсусан, дар самти таҳким ва такмили рукнҳои давлатдорӣ, ки амалан заминаҳои зарурии ҳифзи истиқлолияти миллӣ, тамомияти арзии кишвар, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро таъмин мекунад, возеҳ зоҳир гардид»( Эмомалӣ Раҳмон).

Мантиқан, раванди тағйирпазириҳои муҳим дар ҳама самтҳои зарурӣ-ҳаётии ҷомеа ва дар ин замина, имконияти татбиқи ҳамагуна навоварию созандагиҳо, ҳамчун талаботи асосии ҷомеаи навин ва миллати ба худшиносирасида, баробари дастёб гардидан ба истиқлолияти давлатӣ зуҳур менамояд. Аммо чуноне, ки аз таҳлилҳо бармеояд, чунин шароит барои миллати тоҷик асосан бо шарафёб гардидан ба истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ фароҳам омад. Дар ҳамин робита Пешвои муаззами миллат зикр намудаанд: «маҳз бо шарофати ин рӯйдоди муҳими таърихи мо тавонистем, ки аркони давлатдорӣ ва шохаҳои фалаҷшудаи ҳокимиятро дар мамлакат барқарор намуда, пояҳои истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро қавӣ намоем».

27 - июни соли 1997 ҳамчун, санаи рӯйдоди муҳими таърихӣ дар ҳаёти миллати тоҷик, яъне  рӯзи ба имзо расидани «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ» дар саҳифаи таърихи нави миллат ба таври мондагор сабт гардида, аз таҳамулпазирию сулҳхоҳӣ ва инсондустию ояндаи дурахшони ин миллат башорат медиҳад.  Дар ҳақиқат расидан ба истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, баъд аз марҳилаи муайяни нооромиҳое, ки дар оғози давлатдории муосири миллӣ ҷанғи таҳмилии шаҳрвандиро ба бор оварда, рушди такоммули тамоми соҳаҳои зарурӣ-ҳаётии ҷомеаи кишварро даҳсолаҳо ба қафо бурд, буззургтарин ва муҳимтарин дастоварди маънавии миллати тоҷик ба ҳисоб меравад.  

Аҳамият ва нақши ваҳдати миллӣ дар таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд вобаст ба он, ки устуворию пешрафти дилхоҳ давлату миллат, суботи ҷомеа ва тариқи тафоҳуму мусолиҳат амалӣ намудани роҳҳалҳои мушкилоти гуногунсоҳа танҳо, дар шароити  ваҳдати миллӣ самаранок рӯи кор меояд, зоҳир мегардад. Ин нуқта низ мусаллам аст, ки аввалин объекте, ки дар ҳолати номуназамии фаъолияти двлатӣ ва муташаниҷии вазъи ҷомеа мавриди тахдид ва таҷовуз қарор мегирад ин ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад.

 Таҷрибаи таърихӣ барои миллати тоҷик нишон дод, ки барои ҳамчун давлати воҳид ва миллати бузург устуворона инкишоф ёфтан, ваҳдати миллиро ҳамчун омили муҳими пойдории давлат, суботи ҷомеа ва таъмини ҳуқуқҳои қонунан кафолатдодашудаи шахс тавсеа ва таҳким бахшидан зарур аст.

Падидаи «ваҳдати миллӣ»-ро ҳамчун зуҳуроти сиёсию ҳуқуқӣ - дастовард ва руйдоди бузурги таърихии даврони Истиқлолияти давлатӣ ҳисобидан барои мо тоҷикон ба мақсад мувофиқ аст. Бо арҷгузорӣ ба ин падидаи муқаддас метавон тазакур дод, ки истиқрори сулҳ ва ризоияти миллии тоҷикон, ҳамчун дастоварди нодир дар таърихи инсоният беназир буда, бо ҳамин манзур аз ҷониби доироаҳои илмии ниҳодҳои гуногуни байналмилалӣ моҳиятан мавриди таҳлилу тадқиқ қарор дода шудааст.

Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчун сиёсатмадори муваффақ ва саҳмгузори асосии ин дастоварди бузург ба он баҳои воқеӣ дода, таъкид менамоянд, ки: «мусолиҳаи миллии мо-тоҷикон рӯйдоди нодири ҳалли усулӣ ва қобили қабули буҳрони иҷтимоӣ ва таърихӣ мебошад»

Мусаллам аст, ки ҳамагуна дастовард, пешрафт ва дигаргуниҳои кулии дар ҷомеа ба вуқӯъ пайваста, моҳиятан такмил додани санади олии меъёрӣ = ҳуқуқии фаросоҳавӣ ва дигар асноди заминавии ташкилӣ-ҳуқуқии ҳокимияти давлатиро тақозо менамояд.

Дар ҳамин робита ба Конститутсияи кишвар тариқи раъйпурсии умумихалқӣ бо назардошти бандҳои дахлдори Созишномаи умумии истиқрои сулҳ ва ризоияти миллӣ, 26-уми сетябри соли 1999 тағйироту иловаҳои зарурӣ ворид карда шуд, ки дар натиҷа як қатор падидаҳои муҳими ҳуқуқӣ рӯи кор омад. Аз ҷумла, дар асоси  моддаи 48 Конститутсия аввалинбор, Маҷлиси Олӣ - парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардида, зимнан мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори Ҷумҳурии Тоҷикистон дониста шуда, аз ду (палата) Маҷлис - Маҷлиси миллӣ (палатаи намояндагии минтақаҳо ва ҳокимияти иҷроия) ва Маҷлиси намояндагон (палатаи халқӣ) иборат будани он муқаррар карда шуд, ки дар ҷодаи ба тасвиб расонидани қонунҳои таҷассумкунандаи принсипҳои демократӣ ва инсондустӣ ба мақсад мувофиқ аст;

Яке аз иқдомҳои бо ҳамин манзур рӯи коромада ин бо назардошти танзими вазъи ҳуқуқӣ - конститутсионӣ, бекор намудани  манъи ҳизбҳои сиёсӣ  ва ҳаракатҳои дар даргириҳои солҳои 1990-1992 иштирокнамуда, мебошад. Ба ин мақсад, дар заминаи ҷумлаи дуюми матни моддаи 28 Конститутсия муқаррароти «… аз ҷумла, ҳизбҳои характери демократӣ, динӣ ва атеистӣ дошта» илова карда шуд, ки бо ин ҳуқуқи шаҳрвандон ба муттаҳидшавӣ ба чунин ҳизбҳо дар сатҳи конститутсионӣ кафолат дода шуд;

Инчунин, дар кишвар бо мақсади аз салоҳияти ҳокимияти иҷроия–Вазорати адлия баровардани масъалаҳои ташкилии ҳокимияти судӣ ниҳоди нави давлатӣ мақомоти (колегиали) дастаҷамъӣ Шурои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Дар ҳамон замон ин ҳолат, яъне ба тобеияти ниҳоди мазкур гузоштани тамоми воҳидҳои судии кишвар (ба истиснои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон) иқдоми зарурӣ дар самти таҳкими мустақилияти суд ҳамчун шохаи алоҳидаи ҳокимияти давлатӣ ва муваззаф ба ҳифзи  ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат ва қонунияту адолат ба ҳисоб мерафт. Бояд қайд намуд, ки таъсис додани Шурои адлия дар марҳилаи аввали ташаккул ва такомулёбии ҳокимияти судии кишвар, иқдоми зарурӣ ва бисёр муҳим буд.

Дар заминаи тағйиру иловаҳои ахиран ба Конститутсия воридгардида падидаи мустақилияти ҳокимияти судӣ такомул ёфта, дар ин росто, Шурои адлия барҳам дода шуда салоҳияти он ба Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ вогузор карда шуд, ки ин ҳолат барои дар сохтори мутамарказ фаъолият намудани мақомоти судӣ замина ба вуҷуд омад.

Метавон гуфт, ки  тағйироту иловаҳои ба Конститутсия ворид кардашуда мазмуну муҳтавои ин санади меъёрии фаросоҳавиро такмил дода, дар ҷодаи таъмини ҳифзи  ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд имконияти васеъ ба вуҷуд овард.

Хулоса чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба равандӣ тақвияти рӯзафзуни ваҳдати шикастнопазири миллӣ дар Тоҷикистон оғоз бахшид ва барои дастовардҳои бузурги таърихии минбаъдаи мо роҳи васеъ кушод».

 Сангов Тоҷиддин

Сармутахассиси шуъбаи ташкилӣ,

таҳлилӣ ва иттилоотии Дастгоҳи ВҲИ ҶТ

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор