Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2024
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

Сиёсати давлат нисбати маъюбон дар асоси принсипҳои риояи ҳуқуқи инсон, манъ будани табъиз нисбати маъюбон, таъмини дастрасӣ ба инфрасохтор, тавонбахшӣ, баробарии ҳуқуқи маъюбон ва ҳамкориҳои мақомоти давлатӣ ва иттиҳодияҳои маъюбон амалӣ мешавад.

Ҳифзи ҳуқуқи маъюбон аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад, ки дар моддаи 39 омадааст “Ҳар шахс дар пиронсолӣ, ҳангоми беморӣ, маъюбӣ, гум кардани қобилияти кор, маҳрум шудан аз сарпараст ва мавридҳои дигаре, ки қонун муайян кардааст, кафолати таъмини иҷтимоӣ дорад.”  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон» соли 2010 қабул шуда, танҳо ҷабҳаҳои ҳуқуқҳои маъюбонро ба танзим медарорад, ҳамчунин дар самти мазкур Стратегия, барнома ва нақшаҳои милли қабул шудаанд. Аз ҷумла, Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2025 қабул шудааст. Аз 27 феврали соли 2021 Барномаи давлатии “Муҳити дастрас”; бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2011 №604 Қоидаҳои бо воситаҳои техникии тавонбахшӣ таъмин намудани маъюбон; Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 майи соли 2009 №302 “Дар бораи тартиб ва андозаҳои пардохти ҷубронпулиҳои иловагии унвонӣ барои хизматрасонии нақлиёт ба иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватании соли 1941-1945” қабул гардидаанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, дар ин самт санадҳои байналмилалии марбут ба ҳуқуқҳои маъюбонро эътироф намудааст ва дар чорабиниҳои сатҳи ҷаҳонӣ таъмини ҳуқӯк ва манфиатҳои маъюбон арҷгузори намуда, тадбирҳои мушаххас меандешад.

Ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, аз ҷумла маъюбон дар маркази таваҷҷӯҳи сиёсати инсондустона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати милли, Пешвои миллат-Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 22 марти соли 2018 Конвенсия дар бораи ҳуқуқи маъюбон ба имзо расонида шуд. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2020, № 116 Нақшаи миллии амалҳо оид ба омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ва амалинамоии Конвенсия дар бораи ҳуқуқи маъюбон барои давраи то соли 2024 қабул гардида, амалӣ шуда истодааст.   

Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” 8 июл рӯзи маъюбон эълон карда шудааст ва ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин рӯз таҷлил карда мешавад. Эълон намудани рӯзи маъюбон мақсад аз он аст, ки маъюбон рӯҳафтода набошанд ба ҷомеа ҳамроҳ бошанд ва барои таъмини кафолатҳои иҷтимоии маъюбон ва шароити арзандаи зиндагӣ мусоидат хоҳад кард.

Тибқи маълумоти оморӣ дар ҷумҳурӣ теъдоди шахсони дорои маъюбият сол ба сол зиёд гардида, дар соли 1991 – 55000, соли 2011- 164803 ба ҳолати 1 январи соли 2021- 729385 нафарро ташкил медиҳад.

Дар низоми Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин давра 7 адад муассисаҳои давлатии хона-интернатҳо фаъолият намуда, ба ниёзмандон қариб 20 намуди хизматҳои иҷтимоӣ-равонӣ, иҷтимоӣ-ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ-тиббӣ ва маслиҳатӣ мерасонанд.

Ҳамчунин дар ин давра ҷиҳати қонеъ намудани эҳтиёҷоти шахсони дорои маъюбият ва дастрасии бемонеаи онҳо ба иншоотҳои инфрасохторӣ Меъёру қоидаҳои шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон (МҚШ 35-02-2012)   ва Меъёру қоидаҳои сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон (МҚШ 35-02-2019) қабул шудааст.

Яке аз самтҳои афзалиятноки мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Стратегияи фаъолияти мақомоти мазкур барои солҳои 2021-2025 ин мусоидат ба ҳифзи ҳуқуқи маъюбон мебошад. Вобаста ба ҳифзи ҳуқуқ ва дастрасии маъюбон ба биноҳои инфрасохторӣ дар як қатор шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мониторигни дастрасии маъюбон ба биноҳои инфрасохторӣ гузаронида шуд.

Мақсади принсипи дастрасӣ бартараф намудани монеаҳои роҳи маъюбон, ки барои риоя шудани ҳуқуқҳои онҳо халал мерасонанд, мебошад. Сухан на танҳо дар бораи дастрасӣ ба объектҳои моддӣ, балки дар бораи дастрасӣ ба иттилоот, технологияҳое ба мисли интернет ва ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ меравад. Ҷиҳозонидани даромадгоҳи иморатҳо, роҳраву дарҳои васеъу озод, вуҷуд доштани итиллооте, ки бо ҳуруфи Брайл чоп карда шудааст, истифода бурдани тарҷумонҳои донандаи забони имову ишора, мавҷудияти кумаку дастгирӣ унсурҳоеанд, ки ба маъюб барои дастрас гардидани ҷои кори ӯ, ҷои гузарондани фароғат, рафтан ба кабина барои овоздиҳӣ, истифода бурдан аз востиҳои нақлиёт, рафтан ба толори мурофиаи судӣ ва ғайра ёрӣ мерасонанд. Агар ба маъюбон иттилоот дастрас набошад ва онҳо имконияти рафту омади озод надошта бошанд, ҳуқуқҳои дигари худро амалӣ карда наметавонанд.

         Мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳо вобаста ба дастрасии маъюбон ба шахсони масъули шаҳру ноҳияҳо ва дар маърӯзаи солонаи худ тавсияҳо пешниҳод менамояд.

 С. Бобохонов

Муовини сардори Шуъбаи ҳифзи давлатии

ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ВҲИ

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор